Бахшҳо

Ҷаласаи изтирории ҲНИТ: Аз иштироки Кабирӣ то дархост барои тағйири қароргоҳ

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ҳоло бо тавсияи Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар хориҷ ба сар мебарад, бо вуҷуди баста шудани дарҳои қароргоҳи марказии ҳизбаш ба идомаи раванди омодагӣ ба Анҷумани 12-уми ин ҳизб таъкид кардааст.

Раиси ҲНИТ дар ҷаласаи изтирории Шӯрои сиёсии ҳизб тавассути режими “онлайнӣ” иштирок карда, гуфтааст, “омодагиҳо дар ҳама сатҳ бояд барои баргузор шудани анҷумани ҳизб идома пайдо кунад”.

Ӯ баста шудани дарҳои қароргоҳи марказии ҲНИТ дар арафаи анҷумани ин ҳибз аз сӯи Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанберо “ҳадафмандона” хонда, изҳор доштааст, “ташрифи "меҳмонон”-и зиёди мақомот ба қароргоҳи ҲНИТ барои анҷоми санҷишҳои гуногун ҳадафмандона сурат мегирад, вале дар ҳама ҳолат бояд дарк кард, ки аъзои ҲНИТ коре хилофи қонун накардаанд”.

Кабирӣ таъкид кардааст, камбудиҳои ҷойдошта дар қароргоҳи марказии ҲНИТ то ҳол комилан бартараф шудаанд ва пойбанд ба эҳтирому волоияти қонун мондан ҳаргиз маънои заъфу нотавониро надорад.

Дар ҷаласаи изтирории Шӯрои сиёсии ҲНИТ масъалаи қароргоҳи ҳизб низ баррасӣ шуда, таъкид шудааст, ки бояд барои муваққатан тағйир додани дафтари марказии ин ҳизб ба Вазорати адлияи Тоҷикистон номае ирсол карда шавад: “Аз ҷумла, таъкид ба баёнияи Шӯрои сиёсии ҲНИТ, баргузории нишасти матбуотӣ, идомаи баҳсҳои додгоҳӣ бо талаботҳои ғайриқонунии бархе аз мақомот ва ирсоли нома ба Вазорати адлияи ҶТ ҷиҳати муваққатан тағийр додани қароргоҳи ҳизб карда шуд”. Дар идомаи ҷаласа аз роҳбарияти ҳизб дархост шудааст, ки барои баргузории Анҷумани 12-уми ҲНИТ дар сатҳи баланд тамоми чораҳоро биандешад. Анҷумани 12-уми ҲНИТ қарор аст, 15 сентябри соли равон баргузор шавад ва яке аз мавзуъҳои меҳварӣдар он интихоби раиси нави ин ҳизб хоҳад буд.

Додгоҳи иқтисодии Душанбе шоми 24 авгуи соли равон дар асоси пешниҳоду тавсияи Додситонии кулли кишвар ба дари қароргоҳи марказии ҲНИТ, воқеъ дар кӯчаи Борбад-1 муҳр зад.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, масъули ин ҳизб он замон дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, “Додситонии кулли кишвар далели ин корро дар баҳси ҳалнашудаи Кумитаи амвол бо соҳибмулки бинои қароргоҳи марказии ҲНИТ, ғайриқонунӣ харидорӣ шудани бинои мазкур, ки ба ширкати "Тиҷорат” мутааллиқ буд, арзёбӣ мекунад”.

Торнамои ҲНИТ бастани дари қароргоҳи марказии ҳизбро идомаи амалиёти "антинаҳзатӣ” унвон карда гуфт, "аз тифл то бузурги миллат хуб медонанд, ки рӯи кор даст гирифтани амалиёти мазкур танҳо ба хотири халал эҷод кардан барои баргузории анҷумани навбатии ҳизб аст, ки қарор аст 15 сентябри соли равон баргузор гардад".

Муҳр зада шудани дари қароргоҳи ҲНИТ дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл ВКД хабар дод, гуруҳи кории Раёсати оташнишонӣ барои камбудиҳо фаъолияти дафтари ҲНИТ-ро муваққатан қатъ кардааст. Аз ин пеш бо як мактуби Вазорати фарҳанг дари матбаи “Муаттар”-и Ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар он нашрия ва маҷаллаи ин ҳизб ба табъ мерасид, аз сӯи мақомоти давлатии кишвар муҳр зада шуд.
Мӯҳр
Душманонат заифу нотавон аст.Душмани мардонаро орзу кун ХНИТ.фикр мекунам вакте омадааст бояд аъзои ХНИТ шавам зеро оханро харчи кадар кохиш дихи хамонкадар тез шудан мегирад.пештар фикр мекардам ислом ба хизб мухточ нест имруз фахмидам ин хизбу мазхаб чи кадар барои манфиати мардум хизмат мекардааст.

АЗ ХАМИН ХИЗБХО ЯГОН ФОИДА НЕСТ БЕХТАРАШ БАСТА ШАВАНД

Юсуфчон
Худо кувват . Худо худ шохидаст ки тарафдорони ХНИТ руз то руз бештар шуда истоданд . ва руз аз руз комати ХНИТ ро мустахкамтар мебинем . Офарин . ба пеш !

То чанде менигарам шавкам меафзояд ХНИТ масали шамъест рохро рушан мекунаду худ месузад) Парандае бо номи Феникс ёдам меояд: Вакту у месузаду хокистар мегардад баъди чанде аз он хокистар фЕНИКСИ ЧАВОНУ БОКУВВАТАРЕ ПАЙДО МЕГАРДАД)

хатлони
Ачаб ракобати носолиме душманони ХНИТ хуб дарк кардаанд ки ХНИТ хизби мардуми хаст ман ба ракибони ин хизб гуфтаниям шумо худатонро шарманда кардаед аммо аз хама бадаш ин ки мардумро вз хукумат дилсард кардаед мардум хуб медонанд ки ин муносибати носолимро аз кучо пуштубони мекунанд ХНИТ ба пеш мо бо туем ин миллати мазлум туро дар калби худ чо кардааст

хуршед
Е тоба и хукумат дига кор надора ки капидай думи хами хизба о хар руз пули милли бе курб шидесай шумораи бекоро афзоиш ефтай мардум аз беконуни безор шидиян милдата ба вартаи халокат кашидаен шумо хамаи ира монда пои хизбда часпидаен е шумо худтона щармана карден

Халки Точикистон кайхо дарк кардааст, ки ХНИТ барои Точикистон лозим нест. як маротиба натичаи кори шуморо дидан, ки ба чанги шахрванди оварда расонд. мо аз макомотхои дахлдор хохиш мекунем, ки имруз дари хизбашонро, ки гайриконуни фаъолият дошт бастанд. агар фаъолияташонро кать накунанд фардо худашонро ба чавобгари кашанд, вагарна мардум шармандавор онхоро аз хоки Точикистон пеш мекунанд.

Равшан
Бехтарин сухан гуфтед акаи Одина

ман калон мешавам

ман бо шумоям

Точикистони мо ба ХНИТ ниёз надорад.

Баста шудани ХНИТ нишона аз он мебошад, ки алакай мардум дарки онро кардаанд, ки ХНИТ аз манфиат зиёд зарар дорад.

хаким
Аз Хукумат хохиш дорам, ки дари ХНИТ-ро набандад бехтар мешуд, ки фаъолиятишро ба пурраги катъ намояд. Нахзатихо ба амалхои гайри ахлокиашон шарм надошта анчуман мегузаронанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)