Бахшҳо

Мансабдори афғон: Ҳадафи “Камондуҳои исломӣ” ноамнсозии Осиёи Марказист

Ҳадафи “Камондуҳои исломӣ”, як гуруҳи ҳаросафкани навзуҳур дар Афғонистон ноамнсозии кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Ин нуктаро Муҳаммадалӣ Аҳмадӣ, муовини волии вилояти Ғазнӣ дар суҳбат бо хабаргузории “Форс” иброз доштааст.

Ин мақоми вилояти Ғазнии Афғонистон гуфтааст, омори куллии ин афрод байни 500 то ҳазор нафар бароварда мешавад ва миёни онҳо занону кӯдкони Осиёи Марказӣ, ки бо ангезаи ҷанг омадаанд, дида мешавад. Ба қавли оқои Аҳмадӣ, ин гуруҳи навзуҳур бо роҳбурди ҷанги қавӣ вориди хоки Афғонистон шудаанд. Ба иддаои ӯ, бахши бузурге аз ин афрод, ки дар шимол рафта ва бахши дигаре, ки дар вилоятҳои ҷануб лона гузоштаанд бо як идеология ва ҳадаф дар ҳоли фаъолият ҳастанд. Муовини волии вилояти Ғазнӣ гуфта, “акнун шибҳинизомиёни вилоятҳои шимолӣ аксаран аз тариқи ин афрод таҷҳиз ва ҳимоят мешаванд".

Муҳаммадалӣ Аҳмадӣ афзуда, ин афрод намехоҳанд таҳти фишорҳои байналмилалӣ қарор бигиранд: “Ба ҳамин далел барчаспи “Камондуҳои исломӣ”-ро ба худ зада ва талош доранд, то дар ростои таҳақуқи аҳдофи "Ал-Қоида" ва "ДИИШ" фаъолиятҳои худро идома диҳанд”.

Бар бунёди суханони муовини волии Ғазнӣ, “Командуҳои исломӣ” ҳаммонанди бузургтарин гуруҳҳои террористӣ ояндаи хатарнок доранд. Ӯ таъкид кардааст, бар асоси оморҳо ва гуфтугуҳои мардуми манотиқе, ки ин афрод онҷо ҳузур доранд, ин шибҳинизомиён пешмаргаҳои ДИИШ мебошанд. Аҳмадӣ инчунин изҳор доштааст, бо далели ин, ки ДИИШ таҳти фишорҳои байналмилалӣ қарор гирифта, номи худро тағйир дода ва мӯътадилтар аз ДИИШ бо роҳбурди ҷангии мушаххасе дар ҳоли фаъолият ҳастанд.

Дар мавриди зуҳури гуруҳе бо номи “Камондуҳои исломӣ” расонаҳои Афғонистон чанд рӯз қабл хабар дода гуфтанд, дар вилоятҳои Ғазнӣ, Бадахшон, Қундуз ва Форёб, Зобул, Қандаҳор ва Урузгон фаъол ҳастанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)