Вакили дифои Собир Валиев: Ҳеч далеле барои тамдиди муҳлати боздошт набуд

Муҳлати ҳабси Собир Валиев, мухолифи сиёсии ҳукумати Тоҷикистон 20 рӯз тамдид шудааст. Дар ин бора расонаҳои Молдова хабар додаанд.
Муҳлати ҳабси пешакии Валиев 31 август буд, аммо Додгоҳи Кишинев ахиран ҳукми боздошти ӯро барои 20 рӯзи дигар тамдид кардааст. Ин дар ҳолест, ки қаблан ҳадс зада мешуд, эҳтимол ин муҳлат барои 12 рӯзи дигар дароз карда шавад.
Додгоҳ далел ин тасмими худро нагирифтани дархости расмии Тоҷикистон барои истирдоди Валиев гуфтааст. Аммо, Дмитрий Слюсаренко, вакили дифои ин сиёсатмадори боздоштшуда гуфта, ҳеч далеле барои тамдиди муҳлати боздошти ӯ вуҷуд надорад ва қарор аст, ба Палатаи аппелятсионӣ шикоят бубаранд. Ҷаноби Слюсаренко гуфтааст, қазияи Валиев зери назари САҲА, намояндаи аршади СММ дар умури паноҳандаҳо, Афви байналмилал ва “Promo-Lex” мебошад.
Яке аз наздикони Валиев, ки феълан дар Молдова қарор дорад, ба расонаҳои ин кишвар гуфтааст, созмони Дидбони ҳуқуқи башар ба Валиев тавсия додааст, ба “Promo-Lex” муроҷиат кунад ва ин созмон барои ёрии ройгон ризоият додааст.
Собир Валиев, муовини раҳбари созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи "Гуруҳи 24" ва “Анҷумани неруҳои созандаи Тоҷикистон”, ки аз хориҷ ба танқиди ҳукумати кишвар машғуланд, шоми 11 августи соли равон замоне, ки қасди сафар ба Истанбули Туркия дошт, дар фурудгоҳи Кишинёви Молдова боздошт гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |