Бахшҳо

Сипоси Барак Обама аз раҳбарият ва мардуми Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Ллойд Остин III – фармондеҳи Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро, ки дар доираи як сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳур, адр мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Амрико, пеш аз ҳама дар соҳаҳои мудофиа ва амнияти минтақавӣ баррасӣ шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо генерали амрикоӣ гуфтааст,”имрӯз рӯзномаи дуҷонибаи байнидавлатии Тоҷикистону Амрико масъалаҳои гуногунро фаро мегирад, вале дар миёни онҳо мавзӯъҳои гуногуни марбут ба таъмини сулҳу субот дар минтақаи мо ҷойгоҳи хоса доранд, зеро онҳо дорои иртиботи қавӣ бо вазъи Афғонистон мебошанд”.

Ллойд Остин III ба саҳми Тоҷикистон дар таъмини амну субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва мусоидати он ба неруҳои байналмилалии посдори сулҳ дар Афғонистон баҳои баланд дода, аз номи роҳбарияти кишвари Амрико ба Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон арзи сипос намудааст.

ӯ таъкид кардааст, Тоҷикистон бо мавқеи калидии худ дар минтақа ва марзи тӯлонияш бо Афғонистон дар саргаҳи пешгирӣ дар доманаи паҳншавии терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатарҳои ҷиддӣ қарор дорад: “Генерал бори дигар мавқеи устувори Амрикоро дар роҳи дастгирии пайваста аз ҷаҳду талоши Тоҷикистон барои ҳифз ва таҳкими суботи иҷтимоию сиёсӣ, таъмини рушди иқтисодӣ ва густариши ҳамкории босамари минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ таъкид доштааст”.

Дар мулоқот инчунин доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои авзоъ дар минтақаҳои доғи Ховари Миёна, андешидани чораҳои муштараки пешгирикунанда аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯй сурат гирифт.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)