Бахшҳо
01 сен 2015 11:00Тоҷикистон / Сиёсат

Э.Раҳмон ба И.Каримов: Омодаам ҷидду ҷаҳди худро барои ёрии ҳамдигарӣ истифода барам

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Ислом Каримов, президенти Узбакистон ва тамоми мардуми ин кишварро ба муносибати солгарди Рӯзи истиқлол табрик кардааст.

Дафтари матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар номаи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла омадааст, “Муҳтарам Ислом Абдуғаниевич,
Бо хушҳолии бузург ба Шумо ва ба тамоми мардуми Ӯзбекистон ба муносибати солгарди иди миллии кишваратон - Рӯзи истиқлолият табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти худро ирсол медорам. Мардумони моро риштаҳои қавии дӯстӣ ва ҳамсоягии нек муттаҳид намуда, робитаҳои таърихан таркибёфтаи маънавию фарҳангие ба ҳам мепайванданд, ки барои рушди муваффақонаи муколамаи байнидавлатӣ ва ҳамкорӣ заминаи боэътимод бояд бошанд”.

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон иброз доштааст, ки Тоҷикистон ба рушди бемайлони ҳамкории бисёрҷонибаи миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон аҳамияти бузург медиҳад ва барои рушди минбаъда ва пурмуҳтаво намудани мундариҷаи он талош меварзад. Президенти кишвар гуфтааст, дар солҳои охир афзалият пайдо кардани ҷараёни нек дар муносибатҳои дуҷониба барои рушди минбаъдаи ин муносибатҳо заминаи хуб мегузорад: “Бо истифода аз фурсати муносиб, мехостам, қарори қатъии моро барои истифодаи ҳамаи имкониятҳо баҳри рушди минбаъда ва тақвият бахшидан ба муносибатҳои дуҷонибаи мутақобилаи миёни ҳарду давлат таъкид кунам. Омода ҳастам, ки якҷоя бо Шумо ҷидду ҷаҳди ҳарчи бештари худро баҳри устувор кардан ва тақвият бахшидан ба анъанаҳои чандинасраи дӯстии миёни халқҳоямон ва ёрии ҳамдигарӣ истифода барам”.

Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар охири номаи худ ба Ислом Каримов иброз доштааст, ки “ба Шумо, муҳтарам Ислом Абдуғаниевич, саломатии қавӣ, саодати зиндагӣ ва муваффақиятҳои нав ба нав дар пешрафти кишвари Ӯзбекистон ва ба халқи дӯсти Ӯзбекистон сулҳу рафоҳат таманно дорам”.
Мӯҳр
МАХИНА
БИГУЗОР ХАМАИ САРВАРОНИ ЧУМХУРИХОИ ОСИЁИ МАРКАЗИ КАРОРХОИ КАТЪИИ ХУДРО ЧУН ЧАНОБИ ОЛИ КАБУЛ НАМУДА МУНОСИБАТХОИ ДУСТОНАИ ХУДРО ДАР САТХИ БАЛАНДТАРИН ГУЗОРАНД.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)