Бахшҳо

Ҷалби занони хонашину бекори Душанбе ба ҷойи мардон ба маконҳои “ҷамъиятӣ”

Ҷойҳои ҷамъиятӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе, ки то ҳол ҳамчун масҷид истифода мешуданд, ҳамчун маконҳои дузандагӣ фаъол хоҳанд шуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, дар ҷаласаи рӯзи 31 августи Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори пойтахт масъалаи истифодаи ин маконҳои ҷамъиятӣ баррасӣ шудааст. Убайдуллоев гуфтааст, истифодаи мақсадноки ин маконҳои ҷамъиятӣ метавонад мушкили бекории занҳоро коҳиш бидиҳад.

Инчунин шаҳрдори Душанбе амр кардааст, сохторҳои марбута ҳолати воқеии ҳар кадом аз ин ҷойҳои ҷамъиятиро таҳти раҳбарии Ҷамила Лангариева, муовини ӯ дар муҳлати як ҳафта дақиқ намуда, дар робита ба амалисозии муқаррароти мазкур дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Убайдуллоев маълумоти муфассал пешниҳод созанд.

Ин муҳлат ва дастури Убайдуллоев дар ҳолест, ки як манбаи муътамад дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар пайи як рейд аз сӯи комиссияи кории ҳукумати шаҳри Душанбе ба дари беш аз 100 макони ҷамъиятӣ муҳр зада шудааст.

Ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш бурда шавад, афзуд, ин комиссияи ташкилкардаи Убайдуллоев дар доираи як рейд фаъолияти 127 макони ҷамъиятӣ дар чаҳор ноҳияи шаҳри Душанберо, ки ҳамчун масҷид истифода мешуданд, манъ кардаанд.
Мӯҳр
Астахфируло Убайдуллоев ин коро намекунад худаш Қуронхон хаст тухмат накунед Озодагон илтимос ин хатар дорад ман мулло нестам масчидхам намеравам гайр аз рузи Чумъа лекин ин кор ба амнияти точикистон хатар дорад он ифлосхое.ки дар Сурияву Ирок хастанд забонашон дароз мешавад мо бояд дар чунин як хатари вазнини чахони эхтиёткорона рафтору амал кунем.ки гап наёванд илтимос боз хам илтимос эхтиёт бошед мо хеч вакт намехохем давлати азизи моро ноором кунанд

ш Душанбе
Офарин ана ин габи дигар мухтарам шардор...бисёр икдоми хуб...боз хуб мешуд хамон дилхушхонахои баном "ДИСКОТЕКАРО"ба хамин дузандаги табдил медодед боз хуптар мешуд...АНА инхел фармонхо шаванд хама мардум минадор мешаванд ..... ЯКЧАХОН ТАШАКУР

махкамов
Майлаш..хамин масалайи панчшанбеги ва чумьагиро низ медидед бисер кори хуб мешуд.наход дар як панчшанбеги 800 сомон сарф шавад 3200 с дар як мох.

озод
Ба бародар мухиддин! Бародар шояд шумо аз нигох ва арзишхое инсоние, ки
Шумо шояд аз тарбияи падару модар гирифта бошед, чунин андешахоро мекунед. Мутаассифона имруз чаъмият бо мурури замон чунон тагир ефтааст, ки ба хусус мардуми точикро дар болои чойнамоз е тилловати Каломи Худо(куръон) имкон пайдо кард. барои пешбурд ва равнаку густариши корхо хамон лахза дуруг мегуяд. Чи чои супоришхои Убайдуллоев аст....

Хайрон
Наход бо табдил додани 100 масчид ба "дукони дузандаги" бекории занони Точикистон рафъ шавад? Хой ЧАНОБОН Шумо мардуми точикро "ДО ТОГО" (ба кавли русхо) бесавод ва бефахм хаёл мекунед?! Зуд аст ки косаи сабри мардуми бономуси точик лабрез шавад...

Капитан
Он рохи пешгирии бекори нест.

али
Акаи Мухиддин айнан хамин омилхое ки дар ватани мо гузашта истодааст сабаб шуд 5 сол пеш дар Сурия чангро сар кунад мусалмонхоро зулм то хамон дарачча карданд ки бар зидди хукумат хезанд,намедонам окибати ин ислом бадбини ба кучо оварда мерасонда бошад мардуми мусалмони моро,ман хайронам.

Саъди
Ба Мухидин. Рости гап Аз корхонада масчид бисёр шудааст 70 фоизи бекорон занхо мебошад хукумадорони шахр нав кори хуб кардан ягон майда ба Точикистон хатар чиди надорад.Ин як намуди пешрави.Агар пеши рохи бекоронро нагирад фардо мардуми Точикистониён ба монанди мухочирони Африка ба Европа мераванд.Зиёда 1.5 милион нафар шахрвандони Точикистон дар Федерацияи Россия умр ба сар мебаранд.Аз намуди бекори...

Раиси шахри мо бехтарин афрод аст. У барои миллату давлати точик корхои зиёдеро ба сомон расонидааст. Ахсан ба Шумо чаноби Убайдуллоев

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)