Бахшҳо

Шукурҷон Зуҳуров аз минбари СММ: Дар бораи демократия, баробарӣ ва адолат дар Тоҷикистон

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аснои суханронӣ аз минбари Созмони миллали муттаҳид аз ҳамтоёни худ даъват ба амал овардааст, дар асоси иҷрои ҳадаф ва вазифаҳои ба нақшагирифтаи ин созмон, бояд арзишҳо, принсипи умумиинсонӣ ба мисли демократия, сулҳ, баробарӣ ва адолат барои ҳама дар мадди аввал гузошта шаванд. Ҷаноби Зуҳуров якуми сентябр дар шаҳри Ню-Йорки Амрико гуфта, “дар доираи чунин арзишҳо мо бояд имрӯз дар бораи дастовардҳои ба он ноилгардида ва оид ба натиҷаҳои ба даст наомада суҳбат намоем”.

Муҳамадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон аз шаҳри Ню-Йорк ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки Зуҳуров дар суханронияш гуфтааст, тайи даҳсолаҳои охир бо шарофати фаъолиятҳои ҳамоҳангшуда, ҷомеаи ҷаҳонӣ дар иҷрои ҳадафҳои рушди ҳазорсола ба пешрафтҳои муайян ноил гардидааст. Манбаъ мегӯяд, раиси палатаи поёнии парлумон қайд намуд, Тоҷикистон ба эъмори кишвари ҳуқуқбунёд тамаркуз карда, ба нақшаи кори масоили риояи ҳуқуқ ва озодии инсон, рушди демократия ва таъмини зиндагии осоиштаро ба ҳар фарди узви ҷомеа пешниҳод кардааст: “Тавре шумо медонед, соли 2015 соли ба поён расидани иҷрои Ҳадафҳои рушди ҳазорсола, ки дар Изҳороти Ҳазорсолаи Созмони Милали Муттаҳид зикр шудааст, ба шумор меравад. Роҳбарон ва сарони Ҳукуматҳо, амалан, ҳамаи ҷаҳон, ки Изҳороти СММ - ро роҳбарӣ мекунанд, ӯҳдадориҳои зиёдеро бар дӯш гирифтанд, ки аз иҷрои онҳо дар бештари мавридҳо тақдири ояндаи хонаи ҳамаи мо - сайёраи Замин вобастагӣ дорад”.

Шукурҷон Зуҳуров афзудааст, боварӣ дорад, маҷмӯи вазифаҳои мушаххаси дар доираи ҳадафҳои рушди устувор, ки барои ҳалли мушкилоти аз байн бурдани камбизоатӣ, баробарии гендерӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар миқёси глобалӣ равона шудаанд, идомаи боварибахши фалсафа ва консепсияи ҳадафҳои рушди ҳазорсола хоҳанд шуд. Ба иттилои манбаъ, Шукурҷон Зуҳуров аз минбари СММ гуфтааст, бардошти асосӣ ва муҳими инкишофи мо дар даврони муосир коркарди базаи ҳуқуқии кишвар аст, ки ба рушду равнақ ва таҳкими принсипҳои демократӣ ва эъмори институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ равона шудааст: “Бо мақсади таъмини минбаъдаи самтҳои афзалиятноки рушди устувори давлатӣ, такмилдиҳии демократӣ, таъмин ва ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, танҳо дар соли гузашта, 233 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 97 тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда қабул гардида, 26 консепсия, барномаҳои стратегӣ, 77 шартномаи байналмилалӣ, созишнома ва протоколҳо, 18 созишномаи қарзӣ ва грантӣ тасдиқ гардидаанд”.

Раиси Маҷлиси намояндагон илома кардааст, дар Тоҷикистон иҷрои корҳо дар бахшҳои ҳифзи захираҳои табиӣ, истифодаи самараноки боигариҳои кӯҳӣ, мудирият бар манобеи обӣ бомаром ҷараён дошта, шумораи аҳолии ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надошта коҳиш ёфтааст.

Шукурҷон Зуҳуров сулҳу суботро асоси рушди равандҳои демократӣ, музаффарияти ҳуқуқ ва озодии инсон ҳисобида, гуфтааст, бе мавҷуд будани сулҳу субот ва амнияти комил дар бораи озодӣ ва рушд сухан гуфтан душвор аст: “Мо, намояндагони парлумонҳо, ба равандҳои демократӣ, қонунҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ такя карда метавонем ва муваззафем, ки ислоҳоти демократиро дар кишварҳоямон фаъолона пеш барем, сулҳу адолатро таъмин созем, терроризм ва ифротгароии мазҳабиро решакан намуда, қонунҳои худро тақвият ва самти идоракунии давлатро беҳтар гардонем. Дар ин замина мо метавонем дар солҳои оянда дар доираи амалисозии Ҳадафҳои рушди устувор содиқона ҳамкориро ба роҳ монем ва, пеш аз ҳама, будани инсонро ҳамчун шаҳрванди ҷаҳон набояд фаромӯш созем”.

Шукурҷон Зуҳуров шоми 28 август дар раъси як ҳайат барои ширкат дар Конфронси чоруми умумиҷаҳонии раисони парлумонҳо ба Ню-Йорки Амрико сафар намуда, аз минбари СММ дар мавзӯъи "Қарор додани демократия дар хидмат ба сулҳ ва рушди устувор" маъруза кард.
Мӯҳр
Доро
Дуруг хам хад доштагист.....

Офарин дуруги маслихатомез бех аз рости фитнаангез

Конун мегуед ? Зайд Шерович конуни шумора нишон дод! Такозои замон)))

Сино
зухуров худашро бойдод дар карерааш !!!

Хайри
Дуруги махз Мухтарам Шукурчон Зухуров хохиш хохиш мекунам боз бахшишхам мепурсам дуруг нагуйд аз мардум не аз худатон ва вичдонатон шарм кунед Дар ш.Вахдат нафаро барои ришаш лату куб кардан чи хер демократия мегуйд агар гапои хак сахтон расад боз башиш мепурсам Ва хохиши бародарона ва самимона дарам дуруг нагуйд

Сабзина
Сиёхро сафед гуфта аз шарм сурх нашуданро ман дар хами хукуматдорони имрузаи точик мебинам

Офарин акои Шукурчон. Аз минбари Созмони Миллали Муттахид сухан гуфтан на кори хар кас аст. Вале Шумо дар назди сад раисони парлумонхои чахон чуръат карда гуфтед. Миллатро сарбаланд кардед. Шумо ифтихору обруи тамоми мардуми Точикистонро бардоштед. Исбот кардед, ки точикон хам гуфта метавонанд. Бори дигар Шуморо ташаккур мегуям. Озодагон илтимос чоп кунед. кутох накунед.

далер
аз кадом демократ сухан мегуйи

ЧТО ОБИДНО ЭТО ТО ЧТО ВРУТ И НЕ КРАСНЕЮТ.........
ТОООБА... ЧИХЕЛИИИ АДОЛАТ ЧИХЕЛИ ДЕМОКРАТИЯ ????? ДЕРМОКРАТИЯ ГУЕД БОВАР КУНЕМ ОХИР.....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)