Бахшҳо
01 сен 2015 18:00Тоҷикистон / CV / Сиёсат

Баъд аз Фейсбуку Ютуб. Дастрасӣ ба сомонаи Радиои Озодӣ масдуд шуд

Масъулини Дафтари бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, аз зуҳри 1 сентябр ба ин сӯ, ворид шудан ба торнамои онҳо бидуни филтиршикан ғайриимкон аст.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дар Тоҷикистон, аз ҷумла ширкати “Вавилон” ва “Телеком технолоҷӣ” дастрасӣ ба сомонаи онҳоро маҳдуд кардаанд.

Ин бори аввал нест, дастрасӣ ба сомонаи бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон маҳдуд мешавад. Дар гузашта низ ин торнамо масдуд шуд ва Сафорати Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон бо пахши изҳороте аз ин иқдом интиқод кард. Дар изҳороти сафорати ИМА таъкид мешуд, “мо пайваста нигаронии худро дар бораи маҳдудияти шабакаҳои интернетӣ ва баста шудани сомонаҳои хабарӣ бо ҳукумати Тоҷикистон матраҳ кардем. Дар баҳси озодии интернет, Иёлоти Муттаҳида ҷонибдори шаффофият аст. Вақте идеяҳо маҳдуд ва ё масдуд мешаванд, иттилоот аз байн меравад, андешаҳо саркӯб мешаванд, ҳамаи мо аз имконоти шунидан ва табодули назар кардан маҳрум мешавем”.

Чанд рӯз қабл аз масдуд гардидани торнамои бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дастрасӣ ба баъзе аз шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук ва портали Ютуб низ дар Тоҷикистон маҳдуд шуд.

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ расонаи хусусӣ ва ғайритиҷоратиест, ки аз тарафи Конгресси Амрико таъмини молӣ мешавад ва барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, Ховари Миёна, Русия, Қафқоз, Аврупои Шарқӣ ва Ҷанубу Шарқӣ ба 28 забон барнома пахш мекунад. Сайти тоҷикии ин радио, ки тӯли бештар аз даҳ соли охир фаъол аст, аз торнамоҳои серхонанда дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Мӯҳр
Аз бачои масъаларо хал кунан и мардум сомонахоро баста истодаанд, айб аст айб, кани демократия кани озодии сухан кани озодии шахрвандон?????

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)