Бахшҳо
02 сен 2015 15:25Тоҷикистон / Сиёсат

Э.Раҳмон ба Ҷинпин: Чин иттифоқчии боэътимод, шарики иқтисодӣ ва ҳамсояи неки мо боқӣ мемонад

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 2 сентябр дар доираи сафараш ба Чин, бо Син Ҷинпин, раисиҷумҳури ин кишвар мулоқот кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури кишвар, Син Ҷинпин дар суҳбат ба Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, кишвараш ба Тоҷикистон дар амалӣ намудани лоиҳаи бузурги “бунёди камарбанди иқтисодии Шоҳроҳи Абрешим” мусоидат хоҳад кард.

Ба иттилои манбаъ, Син Ҷинпин қайд намудааст, ки Чин барои навсозии пурраи роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Қароқуруму ҳамоҳангсозии панҷҷониба ва сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон тадбирҳои зарурӣ амалӣ менамояд.

Манбаъ мегӯяд, дар ин мулоқт се санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин ба имзо расидааст: ”Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҳияи Барномаи чаҳорчубавии ҳамкорӣ; Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи техникӣ-иқтисодӣ; Барномаи табодули фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин”.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, худи ҳамин рӯз дар шаҳри Чин дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон боз ду санади дигар - Созишнома байни Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон -- Амонатбонк ва Бонки рушди Хитой ва Созишномаи ҳамкории вилояти Хатлони Тоҷикистон ва музофоти Хэнани Чин доир ба сохтмони комплекси агросаноатӣ ба имзо расид.

Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамтои чинияш барои даъват ҷиҳати ширкат дар тантанаҳои идонаи 70-солагии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ изҳори сипос карда, аз имкони мусоид барои мулоқоту музокирот ба хотири рушди муносибатҳои дӯсттона ва ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун ибрози қаноатмандӣ кардааст. Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, барои Тоҷикистон Чин иттифоқчии боэътимод ва шарики иқтисодӣ, дӯст ва ҳамсояи нек боқӣ мемонад: “Мо барои таъмиқу тавсеаи ҳамкорӣ бо Чин дар ҳама ҷанбаҳо, ҳам дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчуби дигар ташкилоту созмонҳои бонуфуз дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи ҳамсон дорем”.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, дар ин мулоқот, рушди муносибатҳои ҳамкорӣ дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай, афзоиши ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар, тақвияти муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, мусоидати Чин ба рушди бахши энергетикии Тоҷикистон ва афзалият додан ба ҳамкории байниминтақавӣ аз масъалаҳои муҳими будааст.

Манбаъ мегӯяд, Син Ҷинпин ба Эмомалӣ Раҳмон барои қабули даъват ва иродаи иштирок дар паради ҳарбӣ дар шаҳри Пекин ба ифтихори 70-солагии анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ изҳори миннатдорӣ карда, мулоқоти имрӯзаро як имкони муҳим ва мусоид барои муҳокимаи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ, инчунин дарёфти роҳҳи нави баҳрабардорӣ аз имкониятҳои мавҷуда арзёбӣ кардааст. Номбурда иброз доштааст, ки ҳукумати Чин минбаъд низ барои пешрафти Тоҷикистони ҳамсоя саъю талош меварзад: “Аз ҷумла зикр гардид, ки ҷониби Чин кӯшиш ба харҷ медиҳад то бунёди камарбанди иқтисодии Шоҳроҳи Абрешим бо татбиқи 3 ҳадафи стратегии Тоҷикистон - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ - ҳамоҳангу ҳамқадам бошад”.

Син Ҷинпин ҳамчунин ба меваи хушки Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, изҳори бовар намуд, ки ба ин ва дигар маҳсулоти Тоҷикистон дар бозорҳои Чин майдони фарох боз мегардад. Раисиҷумҳури Чин изҳор доштааст, ки кишвараш ба созмон додани минтақаи озоди иқтисодии Чин ва Тоҷикистон омода аст.

Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот масъалаи таъмини амнияти минтақа, ҳамкорӣ барои пурзӯр кардани назорат дар сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон ва андешидани чораҳои муштарак оид ба коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ баррасӣ шудааст.
Мӯҳр
Офарин Чаноби Оли!

маладэс!я илоч кне ки ай и урусои русиех хич фойда нест факат мора пиениска кнану ба чанг равон кнан хугкраина

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)