Ошкор шудани 3134 ҳолати нақзи қоидаи ҳаракат дар роҳ дар Рӯзи дониш
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, якуми сентябри соли равон кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ дар пайи як амалиёти сартосарӣ дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 3 ҳазору 134 ҳолати нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ошкор кардаанд.
Ин ниҳод мегӯяд, аз ин рақам 25 далел дар ҳолати мастӣ рондани автомашина ва 146 далел рондани мошин бе ҳуҷҷати ронандагӣ мебошад: Манбаъ меафзояд, “4 ҳолати шишаҳои сиёҳкардашудаи бе иҷозатнома, 25 ҳолати итоат накардан ба талаботи корманди милитсия, 21 далели рондани мошин бе аломати қайди давлатӣ, 2 ҳолати бо аломатҳои қайди бегона ва 4 далели таҷҳизоти махсуси садо ва равшандиҳанда низ ба қайд гирифта шуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |