Мавҷудаи 8-сола барои ҷарроҳии қалбаш кумак мехоҳад (АКС)

Фурқат Латифов, маъюби гуруҳи дуюм, ки қалби духтари ҳафтсолааш дар тарафи рост ҷойгир буда, аз нуқсони меъдачаҳои дил ранҷ мекашад, барои муолиҷаи ӯ аз ҳамаи афроди саховатпеша кумак мехоҳад. Оқои Латифов унвонии “Озодагон” номае ирсол кардааст, ки пешниҳоди хонанда мегардад:
“Ман, Латифов Фурқат Шарифович, маъюби дараҷаи 2 буда, пешаи аслиам омӯзгорист. Хадаф аз навиштани ин нома пеш ҳама сарнавишти имрӯзаи духтарчаам -- Латифова Мавҷуда мебошад, ки 28-феврали соли 2008 таваллуд шуда, имсол ҳаштсола мешавад.
Ростӣ, аз хурдсолӣ доимо ба бемориҳои гуногун мубтало буду то аввали соли равон ягон табиб бемории ӯро дуруст ташхис карда натавонист. Танҳо моҳи апрели соли равон, баъд аз гузаронидани тадқиқоти эхокардӣ дар шӯъбаи тадқиқоти функсионалии Маркази миллии тиббии ҷумҳурӣ аниқ шуд, ки дили Мавҷуда дар тарафи рост ҷойгир буда, нуқсон доштааст. Тибқи ташхиси мутахассисон бемориаш ин нуқсони муштараки меъдачаҳои дил мебошад, ки барои зинда монданаш хатари зиёд дорад. Яъне агар фавран ҷарроҳӣ нашавад, ҳар лаҳза имкони ӯро аз даст доданамон мавҷуд аст.
Банда омӯзгораму ҳамагӣ 330 сомонӣ нафақа мегирам. Чун модараш Латифова Анорҷон, бо далели ҳамеша паҳлӯи духтарам будан, дар ягон ҷой кор карда наметавонад, нафақаи ман на ба гузаронидани рӯзгор мерасаду на кӯмаке ба бародари донишҷӯяшу хоҳари бузургаш. Дар бораи табобати духтарчаам Мавҷуда бошад, ҳоҷати сухан ҳам нест. Гузашта аз ин, роҳҳои дури куҳистон имкон намедиҳанд, ки ҳар лаҳза ӯро назди табибон барем.
Мегӯянд, “то реша дар об ҳаст, умеди самар ҳаст”. Он чӣ боиси умедвориамон аст, ки ҷарроҳии ӯ имконпазир будааст, ҳарчанд бо нархи хеле гарон.
Ҳадаф аз навиштани ин нома шикоят карданам нест. Чун дигар шаҳрвандон ман низ шукргузори оромиву осоиштагӣ ва ободии диёр ҳастам. Вале вазъи мавҷудаи рӯзгор, рӯз ба рӯз вазнин шудани ҳолати духтарчаам, имкон намедиҳад, ки бетавофут бошам ва маҷбурам ба ҷойҳои дахлдор муроҷиат намоям. Зеро аллакай боақл шудаасту орзуҳои зиёде дар дил мепарварад. Чун медидем, ки нафарони саховатпеша доим дар чунин вазъиятҳо дастгири муҳтоҷонанд, ман низ бо ҳамин умед навиштам, ки шояд шахсоне пайдо шаванд, ки боиси солимӣ ва бардавом будани умри духтарчаам Мавҷуда гарданд.
Ба ҳама тансиҳатии комил орзумандам.
Бо эҳтиром, сокини деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ, маъюби дараҷаи 2”.
ТЕЛЕФОН БАРОИ НАФАРОНЕ, КИ МЕХОҲАНД БА ИН ХОНАВОДА КУМАК РАСОНАНД: 98 816 48 40, 556 557 158



Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |