Бахшҳо
03 сен 2015 16:42Тоҷикистон / Сиёсат

Сайфуллозода: ҲНИТ ҳизби мардумӣ аст ва мо бо дасти худ фаъолияти онро қатъ намекунем

Ҳикматулло Сайфуллозода, узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, огоҳиномаи Вазорати адлия мавриди баррасиву омӯзиши раҳбарияти ҳизб қарор дошта, ба он посух дода мешавад.

28 август Вазорати адлияи Тоҷикистон бо ирсоли як огоҳинома унвонии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон аз роҳбарияти ин ҳизб қатъи фаъолияти ба гуфтаи ин ниҳод ғайриқонуниашро талаб намуда, барои посух ба онҳо даҳ рӯз муҳлат дод. Оқои Сайфуллозода дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар огоҳинома ба “фаъолияти ғайриқонунӣ” ишора шудааст, аммо ҲНИТ ҳеч фаъолияти ғайримуҷозе надорад: “Бо ин гуфтаниянд, ки аслан фаъолияти хешро қатъ кунед. ҲНИТ як ҳизби мардумӣ аст ва мо бо дасти худ фаъолияти онро хотима намедиҳем. Ҳизб дар доираи Конститутсия ва дигар қонунҳои кишвар фаъолият дорад”.

Ба қавли ӯ, шояд аз қабл ҳукми суд ҳам барои қатъи фаъолияти ҲНИТ содир шудааст: “Шояд интизоранд, ки мо посухи огоҳиномаи Вазорати адлияро бидиҳем. Фарқ надорад, ки он посухро мо 5-ум медиҳем ё дар рӯзи ниҳоии муқарраркардаи вазорат. Дар кадом рӯзе посух бидиҳем, эҳтимоли зиёд аст, ки аз қабл қарори суд таҳия шуда бошад”.

Бо вуҷуд, ин фаъоли ҳизби наҳзат меафзояд, онҳо барои баргузор кардани анҷумани худ омодагӣ доранд ва онро дар чорчуби қонун доир хоҳанд кард. Ӯ даъвои Вазорати адлияро, ки мегӯяд, фаъолияти бахшҳои ҲНИТ дар 58 ноҳия қатъ шудааст, бепоя мехонад: “Ҳадди ақал метавонам бигӯям, ки дар 46 ноҳия бахшҳои мо фаъоланд”.

Қаблан, ҲНИТ эълон карда буд, анҷумани навбатияш рӯзи 15 сентябр баргузор мешавад. Ба дунболи нашри ин хабар ба дари қароргоҳи марказии ҳизб муҳр зада шуд. Далели он ба баҳси ҳалношуда сари биное гуфта шуд, ки қароргоҳи ҳизби наҳзат ҷойгир аст.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода мегӯяд, агар мақомоти судӣ тасмими қатъи фаъолияти ҲНИТ-ро содир кунад, рӯзе хоҳад омад, ки дубора барои фаъолияти он иҷозат бидиҳад: “Мисле, ки соли 1992 фаъолияти ҳизбро қатъ карданду дар соли 1997 худашон иҷозат доданд. Ҳоло маълум нест, ки ин кор кай сурат мегирад, баъди як сол ё баъди даҳ сол”.
Мӯҳр
Бериш
Бастани ХНИТ бохти хукумат аст

Ман хамчун шахрванди чумхурии Точикистон хохиш мекунам нисбати ин хизби мардуми фишорро бас кунед.бигзор Конун барои хама як бошад.дар конун хама баробаранд дар конун омадааст.давлат хукукхои фитрии хар щахсро риоя ва хифз мекунад.боз мегуям ман аъзои ХНИТ нестам аммо ин хизбро дуст медорам ин хукуки Конситутсинии ман аст зеро ман дар назди конун шахси озод мебошам ва кадом хизбро интихоб мекунам ин интихоби конунии ман аст зеро конун Барои ман ин хакро додааст ва давлат пойбанди конун аст..Озодагон вокеанхам арчгузори конуну инсон боши суханхои маро чоп кун.

куса
хнит.хсдт,хкт-ро бандем баъд дар Сарконун тагйирот мешава!

ХНИТ аз рузи фаъолияташ то инчониб кори хайре ба манфиати давлат, миллат, чамъият накардааст, аз буданаш нобуданаш бехтар аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)