Бахшҳо

Пурсиш: То кай дар қатори бадтаринҳо мемонем?

Skytrax, ширкати бритониёӣ оид ба омӯзиши сифати хизматрасонии ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва фурудгоҳҳо рӯзи 29 август феҳрасти ширкатҳои ҳавонавардиеро нашр кард, ки сатҳи хизматрасонӣ ва маҳсули хатти муқаддамашон хеле паст аст. Миёни 23 ширкати ҳавопаймоии ҷаҳон, номи ширкати “ТоҷикЭйр” ҳам навишта шудааст. Дар робита “Озодагон” аз соҳибназарони тоҷик пурсид: ТО КАЙ ДАР ҚАТОРИ БАДТАРИНҲО МЕМОНЕМ?


Эраҷ РАМАЗОНОВ, ҷомеашинос

Таҳлилҳое, ки баъзе ташкилотҳо мегузаронанд, то ҷое ба ин розӣ шуда метавонем, аммо сухан сари он меравад, ки ин ҳолат то кай идома меёбад? Барои ҳамин имрӯз ҳукумат бевоста кушиш карда истодааст, ки сатҳу сифати хизматрасониҳо ва зиндагӣ ҷавобгӯи талабот бошад. Дар ин замина шаҳрвадон низ масъуланд, ки рафъи камбудиву норасоӣ ба мақомоти марбута ва ё ҳукумат муроҷиат кунанд. Бо ин рафтор, ки мо фақат роҳбариятро иваз кардан гирему ягон натиҷа надиҳад, ин ҳалли масъала шуда наметавонад. Ва ташкилотҳои хориҷӣ низ ҳангоми гузаронидани тадқиқотҳо назари мардумро бигиранд ва натиҷаи онро ба мақомоти марбута пешниҳод намоянд. Ҳукумат бояд барои паст кардани сатҳи коррупсия, камбизоатӣ тамоми чораҳоро аз ин зиёд бояд биандешад. Барои ниёзмандон кумакҳои моддӣ расонад ва ҳам ҷойҳои кории хуб бо маоши арзанда омода созад.

Иззат АМОН, раиси Созмони ҷавонони Тоҷикистон дар Русия

Шахсан ман ба ин баҳогузориҳо ва раддабандиҳои ташкилотҳои хориҷӣ зиёд бовар надорам. Он ки вазъи зиндагӣ дар кишвари мо вахим аст, инро бидуни омӯзишу таҳлил ҳам медонем. Бинобар ҳамин, агар ҳамон ташкилотҳои байналмилалие, ки сатҳи зиндагии мардумро меомӯзанд як илоҷе карда масъулини давлатии моро аз натиҷаи омӯзишашон хабар медоданд минатдор мешудем.

Зулфиқори ИСМОИЛИЁН, коршиноси масоили иқтисодӣ

Қариб 20 сол мешавад, ки чунин иттилояиҳои созмонҳои байналмилалиро дунбол мекунам ва онҳо ҳамеша Тоҷикистонро дар раддабандиҳои ахир қарор медиҳанд, ки ин вобаста аст ба худи кишвари мо, ки на дар мубориза бар зидди фасод муваффақ ҳастему на дар омодасозии шароити кориву шароити зиндагии арзанда. Мо ташкилоту мақомотҳои зиёд дорем, ки зидди фасод мубориза бояд баранд вале созмонҳои байналмилалӣ мегӯянд, ки Тоҷикистон мубориза намебарад. Албатта он усулу шеваҳое, ки дар Ғарб мубориза мебаранд дар Тоҷикистон шояд кор набиёянд. Вале ба ҳар ҳол кишвари мо дар муқоиса бо дигар кишварҳо фасодзада ҳаст ва дар Тоҷикистон бештар фасоди иҷтимоӣ ҷой дорад. Фасод дар ҳама ҷомеаҳо ҳама чизро фурӯ мебарад. Тоҷикистонро имрӯз кишвари ақибмонда гуфта дар кишварҳои СНГ ҳатто эҳтиром намекунанд. Аз ҳамин лиҳоз барои мусбат нишон додани Тоҷикистон дар чунин раддабандиҳо, ҳукуматро зарур аст барномаи махсусе дар самти мубориза бо фасод, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва дигар норасоиҳо дошта бошад ва мардум аз зиндагияшон шикоят накунанд, дилмонда набошанд, ба ҳукумат эътимод пайдо кунанд.
Мӯҳр
кулябец
Албатта бисер мамолики гарб бе омузиш ва тахкик номи Точикистонро менависанд ! Чунки милости давлати мо ягон эхтиром дар микёси чахони надорем . Сабаб ин ёрии башардустонаи бемаврид талаб кардан мебошад. Хукумат ёри талаб мекунаду кармандонаш до мошинахои киммабохо ва хонахои дакадангро сохибанд ! Худ андеша кунед ки пас аз ин чи эхтирому Бовари !!! Хатто доим аз ТВ и Россия тахкир мешунавем. Жириновский яке аз тахкиркунандагон !!!

Сафарахмадалихон
Бояд ягон шахрванд бетарафи зохир накунад.Албата ба фасод сахт гутидаем.бар замми ин сахт ба хурофот дода шудаем..Ин ду омиле ки мо хеч гох пеш намеравем.Агар макомотхои кудрати аз болои ин ду чиз сахт кор барандлекин афсус ки Точикистон масохати хурд дорад хоху нохох хешутаборбози хаст.дуюм то вакте ки панчшанбегиву чумьаги пойдор аст ягон шахс кор кардан намехохад ва дар зинаи акиб даркор шавад сад соли дигар мемонем..аз мост ки бар мост.

Агар тули зиёда аз 20 сол мо ба чизе ноил нашудем, пас сарварони корношоям дорем. То ба кай мо инро надида мегирем. Аз барои худо, шарм кунед ва курсихоро ба кадрхои кордону мутахасис дихед. Таги ин солхо хар кадоматон маблаги зиёде чамъ кардед, рафта акнун онхоро сарф карда давлати пири ронед. Аз худо тарсед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)