Бахшҳо

Эмомалӣ Раҳмон: “Марди шуҷоъро Худо ва инсонҳо дӯст медоранд...”

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 4 сентябр дар расми таҷлили 20-умин солгарди таъсисёбии Гвардияи миллӣ онро воҳиди махсусе номидааст, ки дар ташаккули низоми мудофиавии кишвар нақши муҳим дорад.

Дафтари матбуоти президенти кишвар мегӯяд, раисиҷумҳур гуфт, Гвардияи миллӣ дорои иқтидори комил ва омодабошии баланд буда, ҷиҳати ҳимояи истиқлолият, ҳифзи амнияти милливу давлатӣ, иштирок дар муҳофизати иншооти муҳимми давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин барои иҷрои дигар вазифаҳое, аз ҷониби роҳбарияти мамлакат гузошта мешаванд, таъсис дода шудааст: “Мо ин воҳиди низомиро дар даврае таъсис додем, ки кишварамон дар вазъи ниҳоят вазнину ҳасос қарор дошт”.

Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ аз фаъолияти ин ниҳод иброз доштааст, Гвардияи миллии мо дар солҳои мавҷудияти худ дар бисёр набардҳои сангин фаъолона иштирок кард ва ҳайати шахсии он фидокориву шуҷоат нишон дода, барои таъмини оромӣ ва суботи ҷомеа саҳми сазовор гузоштааст.
Ба иттилои манбаъ, раисиҷумҳур гуфтааст, фаъолияти бистсолаи Гвардияи миллӣ собит месозад, ки он ҳоло ба мактаби омодасозии кадрҳои ба халқу миллат содиқу вафодор табдил ёфтааст ва хизмат дар сафҳои он мояи ифтихори ҳар як ҷавони ватандӯсту ватанпарвар мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон қайд намудааст, дар қадимтарин сарчашмаи таърихии миллати мо - китоби Авасто омадааст, “марди шуҷоъро Худо ва инсонҳо дӯст медоранд, зеро ӯ гумони нек дорад ва марди далеру қавӣ дар корзор қуввати дили дигарон мебошад ва аз корзор намегурезад”. Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, президент иброз доштааст, дар шароити бисёр мураккаби ҷаҳони имрӯза Гвардияи миллӣ ҳамчун ҳомии дастовардҳои истиқлолият, такягоҳи давлат ва кафили суботу оромии ҷомеа дар сафи пеши мубориза бо ҷинояткории муташаккилона, амалҳои террористӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои муосир қарор дорад ва дар ин самт ба дӯши он масъулияти басо мураккабу душвор гузошта шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон зарур шуморидааст, ки ба хотири муқовимат бо таҳдиду хатарҳои мавҷуда фаъолияти ҳайати фармондеҳиву ситодии сохторҳои низомии кишвар ва ҳамкории ҳамаи ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ боз ҳам таҳким бахшида шавад: “Ҳукумати мамлакат бо истифода аз тамоми воситаву имконият барои беҳтар намудани шароити фаъолияту зиндагии хизматчиёни ҳарбии ин ниҳоди қудратманд ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Аз ҷумла, вазъи таъминоти хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ бо манзили истиқоматӣ хеле беҳтар гардида, то имрӯз аллакай қариб 500 оила аз чунин ғамхории Ҳукумати кишвар баҳравар шудаанд”.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, хизмати ҳарбӣ аз ҳар як низомӣ, пеш аз ҳама, интизоми қатъӣ ва риояи ҳатмии тартибу низом, поквиҷдононаву бенуқсон иҷро намудани уҳдадориҳои хизматиро талаб менамояд: “Дар робита ба ин, роҳбарияти Гвардияи миллиро зарур аст, ки дар бобати пурзӯр намудани риояи қонуният ва талаботи ойинномаҳои низомӣ, таҳкими интизоми ҳарбӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ, боз ҳам ҷоннок гардонидани корҳои сиёсиву тарбиявӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, малакаи касбии хизматчиёни ҳарбӣ, ифтихори миллӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳои соҳа ва мубориза бар зидди ҳама гуна қонуншиканиҳо ва зуҳуроти коррупсионӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд”.

Тибқи иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбарият ва хизматчиёни Гвардияи миллӣ гуфтааст, фаромӯш накунед, ки барои муҳофизи ҳақиқии Ватан будан меҳру садоқат ба сарзамини аҷдодӣ, ҷасорату матонат, донишу таҷриба ва ҳушёриву зиракии сиёсӣ зарур аст. Президенти кишвар дар хитоб ба онҳо иброз доштааст, ки Шумо вазифадор ҳастед, ки аз воқеаҳои сиёсиву таҳаввулоти ҷаҳони муосир огоҳ гардида, ҳамеша кӯшиш кунед, ки ба номи бошарафи гвардиячӣ сазовор бошед.

Ба иттилои манбаъ, раисиҷумҳур ба роҳбарону хизматиёни Гаврадия миллӣ гуфтааст, “итминони комил дорам, ки хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ савганди ёдкардаи худро ҳамеша пос медоранд, ба халқу Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон минбаъд низ содиқона хизмат мекунанд”.
Мӯҳр
Шерхан
Марди шучо дар мухочират. афсус!!! Озоди рахмат

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)