Бахшҳо

Муфтӣ: Бадхоҳе даъват ба қиём кунад, ба даҳонаш бо пояфзол бизанед

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон даъват кард, ба ғайриқонунӣ ғасб шудани ҳукумат дар кишвар иҷоза надиҳанд.

Ӯ рӯзи 4 сентябр дар мавъизаи намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, “хоҳиш мекунам, ба ҳар бадхоҳе, ки мехоҳад, бо роҳи хунрезӣ, куштору бераҳмӣ ва беадолатӣ дар Тоҷикистон ҳукуматро соҳиб шавад, иҷоза надиҳед”.

Абдулқодирзода аз сокинони Тоҷикистон хост, ба ҳарфҳои “баъзе аз доираҳо” гӯш надиҳанду ҳамеша зидди даъват барои гирдиҳамоиҳо дар кишвар бошанд: “Агар бадхоҳе бархезаду бигӯяд, қиём кунеду хун бирезеду ноором кунед, ба даҳонаш бояд бо пояфзол бизад”.

Раиси Шӯрои уламо таъкид кард, агар суботу амнияти кунунии Тоҷикистон то 5 соли дигар ҳифз шавад, кишвар ба яке аз давлатҳои пешрафтаи рӯи замин табдил хоҳад шуд: “Дар 5 соли оянда мебинем, чӣ қадар пешравиҳои дигар мешавад, албатта агар ин оромиро мову шумо нигаҳ бидорем”.

Ӯ дар идомаи мавъизааш аз муроҷиати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба созмонҳои байналмилалӣ бори дигар ибрози нигаронӣ кард. Абдулқодирзода аз Вазорати адлияи Тоҷикистон талаб кард, то нагузорад, ҳизб ё ҳаракате дар кишвар аз номи Ислом сӯиистифода кунад: “Тавре Вазорати адлия эълон кардааст, мо ҳам қотеона талаб дорем, ки бигзор аз номи Ислом ҳеч кас истифода накунад. Ислом худ соҳиб дорад. Ин дин ниёз ба ҳеч ҳизбе надорад. Ҳифзкунандаи ин дин Худованд ва раҳбари давлат аст. Соли 2009 ҳам барои ҳифзи ин дину мазҳаб ҷашни Имоми Аъзамро баргузор кард. Ҳимоягари ин дину мазҳаб сарвари давлат – Эмомалӣ Раҳмон аст”.
Мӯҳр
Mуқаддастарин чиз осудагии модарон аст. Барои чоҳу давлат модарони тоҷикро оғуштаи ғам накунед!

Мухочир
“Дар 5 соли оянда мебинем, чӣ қадар пешравиҳои дигар мешавад, албатта агар ин оромиро мову шумо нигаҳ бидорем”.

Илим гайбро кас намедонад ба чуз Парвардигор,
Хар ки мегуяд, ки медонам, ба у бовар мадор!
Мустафо харгиз нагуфти, то нагуфташ Чабраил,
Чабраилаш хам нагуфти, то нагуфташ Кирдигор.

Огои мукаррам, пешгуи накуенд. Мо чунин пешгуихоро каблан низ аз забони хукуматдорони кунуни шуниида будем, ки мегуфтанд: дар 3, 5, 6 соли баъд мо фалон мекунему кишварамон фалону бесмадон мешавад, вале бо гузашти он солхои ваъдашуда, холо дида истодаем, ки вазъияти кишвару мардум руз аз руз бад шуда истодаасту бех не. Барои хамин, биёд фолбини накунем. Бо ин равише, ки давлати мо харакат дорад, интизори хуши шудан мояи шарм аст.

Мухтарам Муфти бехтар мебуд бахри оромиву субот ва пешрафти чомеа Шумо бештар да маъвизахои худ ва ё дар баромадхои худ аз минбари баланд, ки Худованд лоиктон дидааст бидуеи сиёсат мардумро аз ахлоки хамидаи исломи бахравард мекардед. Сиёсат аз дин чудост, бехтар мешуд чунин суханхоро дар сухбатхои ихтисосиатон мегуфтед.

шахзод
Бобои муфти камтар чуръатта баландтар мегирифтеду мегуфтед дар ходисаи вахдату душанби хизби нахзат гунахкор аст хубтар мебуд аз оне ки хизбро бо инхо ном гирифтед ман намедонам шумо имом хастед е ягон сиесатмадор

Хонанда
Охир туро чиву ба сиёсат чи? Ба гуфти президент аввал хонаи мансабдорон рафтану шикамчарониро кам кун баъд гап зан.

Муфтии Мухтара агар бадхохе чавонеро ё донишчуеро барои риш лату куб карда ба халокат расонад дар дахонаш бо чи занем ? Аз Худо тарсед .

Бг
5 соли оянда дар ин кризис Точикистон аз кучо таракки мекунад? Шарм дор муфтимодар,

Саид
Чаноби муфти чаро ягонбор аз минбар нагуфти,ки касе хилофи гуфтаи Худо Расул амал мекунад дар дахонаш ба шата занед?! Дар холе, ки дахо касро ришашро мачбуран метарошиданду сатрмшона мегирифтанд хомуш буден окибаташ хаминаст!

Домулло, насихатхои хуб кардед. Лекин хамин насихата ба хукуматдорони вакт ва нукарони онхо низ такрор кунед, ки амалхои худсаронаро бас кунанд, охир. Панч панчаро баробар бинед. О, давлат ба ришу фаши инсон чи кор дорад? Хамин вазифаи макомоти давлати аст, магар? Ё дар Точикистон аз ин дида мушкилоти руз дигар намонд? Точикхо мардуми бехад вазнин ва хоксоранд. Вале зулми бендоза, гуфта буд бобои мо Восеъи бузург, метавонад мардумро ба изтироб орад...

Ахсан ба Шумо, бародар Барзу! Чони гапа аник када гуфтид-дия...

Chiba
Ҳимоягари ин дину мазҳаб сарвари давлат – Эмомалӣ Раҳмон аст

In dina alloh hifozat mekna na harshakhs

самир
Чи кор доред ба ришхои мардум
Chiba,
Chiba,
Chiba,
Chiba,
Chiba,
Chiba,

хичрон
Агар ба шири модар касам хуред,дигар бовар нест

карим
Чаноби муфти! Котилони Фархундаро махкум карди,котилони Умарро не,аз худо битарс!МО хама тч ро дуст медорем ва ороми мехохем

Абдурахим
Фаред зи Дасти фалаки бебасаре,
Аз муфтии дерина намондаст асаре.
Харчо ки Саре буд фуру рафт ба хок,
Харчо ки харе буд баровард Саре.
(Шайх Абдурахими Восе)модар,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)