Бахшҳо

Интиқоди “Washington Post” аз пуштибонии Э.Раҳмон ва ваъдаи Ҷон Керрӣ

The Washington Post, нашрияи маъруфи амрикоӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро ба феҳрасти 5 роҳбар ворид кардааст, ки бо вуҷуди нақзи ҳуқуқи инсон аз ҳимояти Иёлоти муттаҳидаи Амрико бархӯрдор мебошанд.

Нашрия 9 сентябр ба самъи шаҳрвандони Амрико расондааст, ки ҳукумати ин кишвар аз ҳисоби андозсупорандагон барои манофеи худ аз роҳбароне пуштибонӣ мекунад, ки ҳуқуқи инсонро нақз мекунанд. Дар феҳрасти нашркардаи The Washington Post аз ҷумла Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Ҳамад иби Исо-ал Халифа, шоҳи Баҳрайн ва Теодоро Обианг, президенти Гвинея ворид шудаанд.

Нашрия бо зикри вазъи ҳуқуқи инсон дар 5 кишвари зикршуда, таъкид мекунад, ки дар аҳди Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон вазъи ҳуқуқи инсон бадтар шудааст. The Washington Post аз шиканҷа, саркӯбии мухолифину нақзи озодии баён дар Тоҷикистон интиқод намуда, афзудааст, ки бо вуҷуди ин Амрико барои манофеяш дар Афғонистону мубориза бо ҷангиёни исломӣ аз ҳукумати Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад.

Матлаби нашрияи маъруф дар ҳоле нашр мешавад, ки Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико ва Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ин кишвар 9 сентябр Эмомалӣ Раҳмон ва тоҷикистониёнро ба муносибати 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ шодбош гуфтанд. Аз ҷумла Ҷон Керрӣ дар паёмаш Тоҷикистонро шарики муҳим хонда, илова намудааст, ки аҳамияти Тоҷикистон дар ҷаҳон дар ҳоли афзоиш мебошад. Керрӣ инчунин бо изҳори таассуф аз ҳодисаҳои рӯзи 4 сентябр ва баёни ҳамдардӣ ба наздикони қурбониён ваъда додааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон, аз ҷумла дар умури амният тақвият хоҳанд дод.
Мӯҳр
Abdullo
Thanks Americans we do not need to your cooperating in this field!

Барак Обама, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ин кишвар)))))))))))))))))))))
Аз хандая кушти Озодагони осемасар

Ccc
Fxhjxxcgc
Салом,кори амрико ВА хукуматдоронаш БА ватани мо набошад ИМРУЗ дар кучоеки амрико дахолат кунад ончоро чанг фаро мегирад

Анушервон
Амрико ба хар рохе набошад, худро хомии хукуки инсонхо вонамуд мекунад. Вале дигар мардуми имруз соддаву зудбовар нестанд. Ки будани Шуморо,озодиву демакратияи чори кардаи Шуморо дар кишвархои Ирок, Сурия, Афгонимстон, Украина шохиданд.Зеро пас аз амалхои шумо, кудакон,занону мардон,пиру чавон ба сад хориву зори монда зери азобу укбат Ватанро тарк намуда,дар гурбат чон ба чаббор месупоранд. Оё хамин аст пуштибоин хукуи башар ва демокртаия будани Шумо. Хамин пуштибониатон ба худатон насиб кунад.

the islamic party of tajikistan is a childs of USA.The Islamic party of tajikistan is the enemy of tajik people. the USA support islamic party of tajikistan so america does not want the tajikistan to develope. All members of islamic party of tajikistan are USA`s spy and agents. if USA likes its child so much it can take it to US. pleeease take them away. we will thank you.

Амрико дар хакикат дуруст навиштааст. Дар Точикистон руз то руз хукуки инсонхо аз тарафи хукумат поймол шуда истодааст. Гашту гузор дар Точикистон руз то руз мушкил шуда истодааст. Хеч кас аз хона баромада, фикр намекунад, ки бе ягон вокеъа ва ё сихату саломат бо димоги чок ба хона бар мегардад. Ман намедонам, ки чунин хаёти носолим ба баъзехо бисёр макул аст.Маълум аст, ки гайр аз дехаи худашон ба ягон чо сафар накардаанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)