Мансаби нави Эллиотт баъди сафирӣ: Тоҷикистонро пазмон хоҳам шуд

Сюзан Эллиотт, ки тайи се соли ахир дар Тоҷикистон ба ҳайси сафири Амрико фаъолият дорад, дар мақомоти низомии кишвараш мансаби нав гирифтааст.
Хонум Эллиот субҳи имрӯз, 11 сентябр дар сафҳаи фейсбукаш навишт дар “EUCOM” ё фармондеҳии марказии Амрико дар Аврупо мақом гирифтааст. Ба навиштаи ӯ, дар "EUCOM", мақараш дар Штутгарти Олмон ба ҳайси муовини фармондеҳ-мушовир дар масоили мулкию сиёсӣ кор хоҳад кард.
Сюзан Эллиотт таъкид намудааст, муҳлати сафириаш дар ҳоли анҷомёбист ва таъиноти навро як имтиҳон барои худ хондааст. Ӯ гуфтааст, се соли сафирияш хеле зуд гузаштаанд. Сафир изҳор доштааст, ки моҳи октябр Душанберо тарк хоҳад кард ва илова намудааст, ки Тоҷикистонро пазмон хоҳад шуд.
Эллиотт аз моҳи октбяри соли 2012 то ҳол ба ҳайси сафирии ИМА дар шаҳри Душанбе фаъолият дорад. Ахиран Барак Обама, раиси ҷумҳурии Иёлоти муттаҳидаи Амрико Элизабет Миллардро ҳамчун номзад ба мақоми сафирии ИМА дар Тоҷикистон пешниҳод кард. Хонум Миллард аз соли 2013 ба ин сӯ, ба ҳайси муовини котиби иҷроияи Депардаменти давлатии ИМА кор мекунад ва дар гузашта дар сафоратхонаҳои кишвараш дар Қазоқистон, Непал, Ҳиндустон ва Мағриб фаъолият кардааст.
Муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва ИМА 14 феврали 1992 барқарор гардида, моҳи марти ҳамон сол сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар Қазоқистон) кушода шуд ва сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон аз соли 2002 ба ин сӯ, фаъолият менамояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |