Бахшҳо

Ихроҷи 300 донишҷӯи Азҳар баъди боздошти 2 тоҷик барои ҳамкорӣ бо ДИИШ

Донишгоҳи маъруфи Азҳари Миср, умдатарин маркази таълимии Ислом аз ихроҷи 300 донишҷӯи хориҷии худ хабар додааст. Масъулини донишгоҳ далели ин қарори худро чунин шарҳ додаанд, “эҳтимоли пайвастани ин донишҷӯёни хориҷӣ ба созмони террористии “Давлати исломӣ” вуҷуд дошт”.

Ихроҷи 300 донишҷӯи хориҷӣ аз саффи муҳассилини Азҳар дар пайи як ҳушдори мақомоти Миср ба ин донишгоҳ сурат гирифтааст. Хадамоти амниятии Миср ба масъулини Азҳар ҳушдор додааст, ки тибқи иттилои дарёфтии онҳо гӯиё созмони “Давлати исломӣ” мехоҳад, саффи ҷангҷӯёни худро аз ҳисоби донишҷӯёни хориҷии ин донишгоҳ зиёд кунад. Мақомоти амниятии Миср боздошти ду донишҷӯи тоҷик дар ин кишварро ба иттиҳи ҳамкорӣ бо “Давлати исломӣ” ва маъруф ба ДИИШ мисол овардаанд.

Чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон шоми 20 сентябри соли гузашта дар минтақаи Ҷиза дар маҳалли аҳромҳои бостонии Миср дастгир шуданд. Мақомоти амниятии Миср онҳоро дар ҳамдастӣ бо ДИИШ муттаҳам карда, гуфтанд, ҳангоми бозҷӯии мошини ҷавонони тоҷик ашёи машкук, аз ҷумла либосҳои сафеду сиёҳ, дастпӯш ва як дона ханҷару ду дона телефони мобилӣ, ду дона печгуштӣ (атвёрка) ва ноутбук ёфтаанд. Аммо боздоштшудаҳо тамоми иттиҳомот алайҳи худро такзиб карда, изҳор доштаанд, бо ҳеч гуруҳе ҳамкорӣ надоранд ва наворҳои дар телефони ҳамроҳашон буда аз интернет гирифта шудааст.

Хабаргузориҳои Миср аз қавли боздоштшудаҳо навишта буданд, ду нафари онҳо донишҷӯи донишгоҳи Азҳар ва дуи дигар меҳмон мебошанд ва ҳоло низ танҳо ин ду донишҷӯ дар боздоштгоҳанду боқӣ раҳо шудаанд.

Дар бораи ному насаби ин ду донишҷӯи боздоштшудаи тоҷик, на сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира ва на расонаҳои хабарии Миср чизе нагуфтаанду тақдири онҳо ҳам бо гузашти як сол ҳанӯз равшан нест.
Мӯҳр
Агар ин ходиса дуруст аст, чунин хоинонро дигар ба Точикистон бозпас нагардонанд. ХАС КАМУ ЧАХОН ПОК.

саид
Ба зоир акбар ойо он донишчуи амрикои хам бар нагардад

бародарони тонишчую толибилмони точик! дар мисри араб нигохдоштани либосхои сафеду сиех катъиян маън аст. онро пушидан даркор((((

Ном
Мурден аз тозагира Гастербайтер кияй точик нест мезанан мекӯшанд тоҷика и ира чи меген Точикои тоза

ман шахсан донишчуи ин донишгох хастам ин сухан хеч сихате надоран ин 300 нафарро соли 2014 баро бисйог гоиб карданашон аз даромадани имтихони терми 1 махрум кардан ва боз дар терми 2 дохил шудан ва боз инро мехохам каид кунам ки ин донишгох хакикатан аз ифротгарои безори мечуяд ва акидаи салиму мийона таълим медихад.

ин ходиса соли гузашта буд на ин сол.

nabi farhor
Барои ду донишчуе,ки ба дигар гуруххо пайвастааст,300-донишчуи дигарро аз донишгох хорич карда бошанд.

дуруг хаст хамаи ами гапо

бигзор чунин хиёнаткорхо тибки конунгузор чазо гиранд

чунин донишчухо саткаи хамин гамхории миллату давлат шаванд

Умед
Ба фикрам ихрочи он 300 донишчуён бо дархости чониби Точикистон сурат гирифтааст ва ин идомаи хамон барномаест, ки тибки он донишчуёнеро, ки дар мадрасахои исломии хорича тахсил мекунанд, бозпас мегардонанд.

онҳое, ки ба ватану миллат хиёнат мекунанд набояд озод бошанд

Хабарро санҷида баъд нашр кунед ! ин хабар аз "Супер дуруғҳо"-и интернетист!!! Масъулини донишгоҳи Ал-Азҳар ин хабарро дуруғ шумориданд , як назар ба сайти донишгоҳи Ал-Азҳар бикунед!!!


الأزهر_الشريف ينفي فصل 300 من طلابه الوافدين بدعوى علاقتهم بتنظيم "#داعش" الإرهابي
تابع #الأزهر الشريف ما تناقلته بعض الصحف من معلومات مغلوطة حول فصل 300 من طلابه الوافدين بدعوى علاقتهم بتنظيم " داعش الإرهابي".
ويؤكد الأزهر الشريف أن كل ما نشر في هذا الصدد هو عار تمامًا عن الصحة، مشددًا على أن مؤسساته التعليمية تربي الطالب الأزهري على المنهج الوسطي الذي يقوم على قبول الآخر وتقبل الآراء والمذاهب المختلفة.
ويوضح الأزهر أن من فصل من الطلاب الوافدين يرجع إلى الانقطاع عن الدراسة أو مخالفة القواعد والنظم المعمول بها للدراسة في الأزهر الشريف، كغيرهم من الطلاب المصريين، مؤكدًا أن الأزهر يعتز بطلابه الوافدين ويعول عليهم كسفراء له في بلادهم يحملون العلم الصحيح وينشرون منهجه الوسطي.
ويهيب الأزهر الشريف بجميع وسائل الإعلام تحري الدقة والتزام المعايير المهنية فيما تبثه لجمهورها، وتحمل مسؤوليتها في إيصال الحقيقية، وتجنب الإشاعات التي تضلل القارئ، مشيرًا إلى أن #المركز_الإعلامي_للأزهر هو الجهة الوحيدة للحصول على أية معلومات أو أخبار فيما يخص الأزهر الشريف .

[b]Зокир Кабир хамихель гап мезани ки меги точикистон хонаи очаи ту токахай

п
Миср хам мисли Точикистон давлати диктатори аст. барои хамин хамаи изхоротхои хукуматаш дуруг хастанд.

Freedom
Цитата: АХМАД ФИРУЗ
ман шахсан донишчуи ин донишгох хастам ин сухан хеч сихате надоран ин 300 нафарро соли 2014 баро бисйог гоиб карданашон аз даромадани имтихони терми 1 махрум кардан ва боз дар терми 2 дохил шудан ва боз инро мехохам каид кунам ки ин донишгох хакикатан аз ифротгарои безори мечуяд ва акидаи салиму мийона таълим медихад.

ин ходиса соли гузашта буд на ин сол.

Ташаккур барои маълумоти сахех! Озодагон хар чи хочагонаш гуяд хамонро чоп мекунад.

Асалому алаикум хам ватанони азиз ман худ донишчуи донишгох ал азхар хастам ин ахборе инчо нашр шуда аст хеч сихатие надорад чунки сабаби хорич кардани 300 донишчуи ин барои хузур накарданашон дар дарс хо буд на барои доиш ва ин 300 нафар аз хар давлат будан на хамаи ин Точик буд ва масулони ин донишгох баъд аз хорич кардани донишчуион боз онхоро бозпаз кабул карда анд ва дарсхои худро давом дода истода анд .озодагон хуб мешавад ки ахборро пеш аз нашраш тахкик кунед.то зомин нашавед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)