Бахшҳо

Вокуниши ниҳоди Р.Эмомалӣ ба "хатари бузурги пулшӯию маблағгузории терроризм дар Тоҷикистон"

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ниҳоди зертобеи Рустами Эмомалӣ гузориши Пажуҳишгоҳи идоракунии Базели Швейтсария - "Basel Institute on Governance"-ро дар мавриди хатари бузурги пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм дар Тоҷикистон беасос хондааст.

Ин ниҳод бо пахши як иттилоия таъкид намудааст, гузориши Пажуҳишгоҳи идоракунии Базели Швейтсария дар мавриди Тоҷикистон бе далоили кофӣ таҳия шуда, дар сатҳи ҷаҳонӣ танҳо Гуруҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат бо софкории пул (ФАТФ) метавонад ба хатари пулшӯию маблағгузории терроризм дар кишварҳо баҳо диҳад.

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон мегӯяд, ФАТФ ахиран ба талоши мақомоти тоҷик барои мубориза бо пулшӯйӣ ва маблағгузории терроризм баҳои мусбат дода, Тоҷикистонро аз рӯйхати кишварҳои назораташон шадид ба феҳрасти кишварҳои назораташон муқаррарӣ ворид намуд. Ба иттилои манбаъ дар кишварҳо аз рӯйхати назораташон шадид хатари пулшӯӣ бузург буда, ба сохтору ташкилотҳо маслиҳат дода мешавад, ки зимни додугирифт бо ин кишварҳо эҳтиёткор бошанд: “Дар Тоҷикистон тамоми санаду қонунҳо ба меъёрҳои ФАТФ мутобиқ карда шудаанд ва тамоми амалиёти шубҳаовар зери назорат қарор доранд”.

Департаменти назорати молиявии Бонки миллии Тоҷикистон, ки масъули мубориза бо пулшӯӣ дар кишвар мебошад, қаблан эълон карда буд, ки маблағҳои калони ба кишвар воридшавандаро мавриди назорату таҳлили бештар қарор медиҳад. Бонки миллӣ таъкид карда буд, ки ин иқдом алайҳи даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм равона шуда, ба фаъолияти ташкилотҳо дахолат намешавад: “Танҳо дар бораи ба кадом мақсадҳо равона гардидани ин маблағҳо маълумоти зарурӣ дастрас мешаваду халос”.

Вокуниши Оҷонсии зидди фасод дар ҳолест, ки ахиран - "Basel Institute on Governance" бо нашри як гузориш Тоҷикистонро аз нигоҳи хатари пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм миёни 152 кишвари дунё, баъди Эрону Афғонистон дар ҷои сеюм қарор дод. Тибқи ҷадвали 10-баллии муҳаққиқони швейтсарӣ, хатари пулшӯӣ дар Эрон ба 8,59, дар Афғонистон-8,48 ва дар Тоҷикистон ба 8,26 бал баробар аст.
Мӯҳр
точик
ГАПИ ХАК ТАЛХ ХАСТ ТОЧИКИСТОН КАРУПСИЯШ БА ДАРАЧАИ ОЛИ РАСИДАГИСТ

Точики нависед, намешавад озодагон?

ismoil
салохбой. кучои матн ноточикона аст? ба чойи эрод гирифтан бештар мутолиа намо фонди лугавиат гани мегардад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)