Боздошти ҷавони тоҷик барои пешниҳоди духтар ба собиқ маҳбусон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як ҷавони тоҷик иттилоъ дод, ки ба даллагӣ машғул шуда, ба ивази маблағ ба собиқ маҳбусон ҷавондухтаронро пешниҳод мекардааст.
Тибқи иттилои ВУД боздоштшуда сокини 26-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад: “Ӯ аз ҷумла санаи 27 август, соати 22:20 дар назди бинои маркази дилхушии “Опера”-и шаҳри Хуҷанд марди 43-сола ва марди 36-соларо, ки доғи судӣ доранд бо ҷавондухтари 19-сола барои алоқаи ҷинсӣ шинос намудааст”.
Манбаъ мегӯяд, ин ҷавон ба ивази хидматҳояш 100 сомонӣ муқофотпулӣ мегирифтааст: “Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |