Бахшҳо

Тасдиқи марги Назарзода ва Ҷунайдуллоҳ: Аз талаби халъи силоҳ то худкушии генерали фирорӣ

Мақомоти Тоҷикистон кушта шудани генерал Абдуҳалим Назарзода ва полковник Ҷунайдуллоҳ Умаровро дар Ромит тасдиқ карданд. Тавре манбаи муътамади “Озодагон” иттилоъ дод, наздикони Назарзода низ дар раванди шиносоии ҷасади генерали фирорь иштирок кардаанд.

Тасдиқи марги Назарзода ё "Ҳоҷӣ Ҳалим" дар ҳолест, ки дар бораи шеваи маҳви ӯ хабарҳои зиддунақиз нашр мешаванд. “Риа Новости” аз қавли як низомии гуруҳи “Алфа”, ки гӯиё дар безараргардонии "Ҳоҷӣ Ҳалим" иштирок доштааст, навишт: “Низомиёни “Алфа” шоми 15 сентябр ба гуруҳҳо тақсим шуда, ҷойи эҳтимолии Ҳоҷӣ Ҳалимро аз назар мегузаронданд. Ман бо шарикам ногаҳон ду нафар бо либоси низомиро дидем, ки бо таппончаи Макаров мусаллаҳ буданд ва талаб карданд, ки силоҳро гузорем. Аммо мо тавонистем аз автомат сӯяшон тирҳоямонро холӣ кунем, ки дар натиҷа ҳар дуяшон аз по афтиданд. Вақте наздик шудем ҳар дуяшонро мурда дарёфтем. Онҳоро шинохтем, ки Ҳоҷӣ Ҳалим ва Ҷунайдуллоҳ Умаров буданд”.

Аммо “ТоҷНюз” аз қавли сокинони маҳаллӣ хабар дод, ки "Ҳоҷӣ Ҳалим" бо гуруҳаш дар наздикии рустои Гускефи дараи Ромит дар муҳосира монда, худро парондаст.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо нашри як гузориш гуфтанд, баъди бенатиҷа анҷом ёфтани талоши мақомот барои таслимшавӣ, "зимни оташи ҷавобӣ, саркардагони гурӯҳи террористӣ Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода, Эшони Ҷунайд Умаров ва 10 нафар ҳаммаслакони онҳо нест карда шуданд. Теъдоди зиёди аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ мусодира гардид".


Инчунин гуфта мешавад, дар амалиёт алайҳи гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим" рӯзҳои 15 ва 16 сентябр 4 корманди мақомоти низомӣ, аз ҷумла полковник Рустам Амакиев, фармондеҳи гуруҳи “Алфа”-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ кушта шудааст.
Мӯҳр
салмон
Иннолиллах ва инно илайхи рочиун. Худованд рахмат ва махфират кунадшон касе буд набуд бо рохи фиреб кушта шудан ва аз нофахми ё мачбури ба ин рох бароманд.

Рухотон Шод боду, чоятон Чанатул Фирдавс бародарон!!! Омин

офарин ба шерони ВАТН посдорони сулху субот ва амнияти Чумхурии Точикистон.......
рухи афсарону курбониёни бегунохи ин ватн шод боду манзили охиратшон обод......
бадхохи касон ба газаби Аллох хам дар ин дунё ва хам дар охират гирифторанд.

Офарин бачахои ВКД ва КДАМ. Ватан ин кахрамонихои шуморо фаромуш намекунад. Хас каму чахон пок.

Салим
ОФАРИН ОФАРИН ОФАРИН!!! БА МАКОМОТИ КУДРАТИ ИН НАТИЧАИ КОРИ ШУМО БОЯД АЗ ТАРАФИ ДАВЛАТУ ХУКУМАТ ВА АХЛИ ЧОМЕА КАДРДОНИ ГАШТА БА ОН ШАХСОНЕ КИ ДАР ИН АМАЛЁТ ИШТИРОК ДОШТАНДУ БАРОИ ПОЙДОРИИ СУЛХУ ОРОМИ КИШВАР ВА ХАЛКИ ТОЧИКИСТОН ЧОНАШОНРО АЗ ДАСТ ДОДАН ХАМДАРДИ МЕКУНАМ ВА ОНХО КАХРАМОНХОИ ТОЧИКИСТОНИЁН ХАСТАНД. ХЕЧГОХ ВА ХЕЧ ВАКТ АЗ ЁДИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТИ ТОЧИК ФАРОМУШ НАХОХАД ШУД. САД ОФАРИН.

Сухроб
Офарин ба кормандони макомотхои хифзи хукук ки барои оромии ватан ва бехатарии шахрвандон чони худро дарег надошта мардонавор мубориза бурданд.

Рахима
Хуб кардан нестан кардан Генерали хоини миллатро авлоди ин палидро аз решаш несткардан даркор.

Саида
Одамоне ки,ба умеди хамин генерал будан ба максадшон нарасидан зеро ки одами бад ба максадаш намерасад...

akbar
Inno lillohi va inno ilahi rojiun

Чоят чанат бошад Рустам Амакиев кахрамони миллат.

Ввс
Чаро хамин амалиёт пеш аз истиклолият ва СПАД саршуд
Чаро фармондехо кушта шуд
Чаро пас аз СПАД тамомшудан амалиёт ба итмом расид ва хочи Халим хам кушта шуд
Магар ин чанги хакики буд ё як бозии сиёсати

diplomat
командири аьфа танхо беярок хост барои переговор уро номардона куштанд

Инна лиллоҳи ва инна илайҳи роҷиунХудованд Кариму Раҳмон ҷоятро ҷаннат гардонад!

Чамшед8808
Акаи Рустам гурат пурнур чоят бихишти човидон бод. Шери нар переговор бе силох рафтай номардо куштануш. Ту кахрамони миллати точики ва мо хеч гох туро аз йод намебарорем.

худованд рахмату магфираташон кунад шермардони ватанро

худованд рахмату магфираткунад ва осудагони ахли чанат бошанд ШЕРМАРДОНИ ВАТАН

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)