Тавсифи Обама аз донишомӯзи 14-солаи мусалмон, ки барои соати худсохт боздошт шуд
Барак Обама, раиси ҷумҳури ИМА рӯзи чаҳоршанбе дар Кохи сафед мактаббачаи 14-солаи мусалмон -- Аҳмад Муҳаммадро пазируфт.
Ин мактаббача барои ба мактаб овардани соати худсохт, ки онро муаллимон дастгоҳи тарканда гумон кардаанд, боздошт шуда буд. Обама ихтирои ҷавонро “зӯр” донист ва зикр кард, ки бачагонеро, ки машғули илманд, бояд руҳбаланд кард. Ба гуфтаи вай, маҳз ҳамин амр Амрикоро бузург мекунад.
Рӯзи душанбе муаллимони мактабе дар шаҳри Ирвинги иёлоти Техас баъд аз он ки Аҳмад ба онҳо соати худсохти худро нишон дод, пулисро даъват карданд. Маъмурони пулис ба дасти ин наврас дастбанд зада, барои бозпурсӣ бурданд. Пулис иддаъо дошт, ки соати худсохт шабеҳи бомба буд. Рӯзи дигар Аҳмад Муҳаммад барои се рӯз аз ҳаққи омадан ба мактаб маҳрум гардид.
Шӯрои равобити амрикоиву исломии ИМА аз вуқӯи чунин ҳодиса изҳори нигаронӣ карда, изҳор дошт, ки чунин бархӯрди мактаб ва пулис ба ихтироъи наврас ба он марбут буд, ки ин ҷавон аз оилаи мусулмон аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |