Бахшҳо

Кӣ дар ноором сохтани Тоҷикистон манфиатдор аст?

Бархе коршиносон ва намояндаҳои мақомот дар нооромиҳои ахири Тоҷикистон дасти хориҷиро мебинанд. “Озодагон” аз соҳибназарон пурсид: КӢ ДАР НООРОМ СОХТАНИ ТОҶИКИСТОН МАНФИАТДОР АСТ?

Саъдӣ ВОРИСОВ, таҳлилгар

Воқеан яке аз фарзияҳое, ки дар нооромиҳои ахири Тоҷикистон гуфта мешавад, ин “омили хориҷист”. Ба бовари ман таҳаввулоти мавсум ба “Баҳори араб” дар шимоли Африқо ва Ховари Миёна ин воқеиятро рўйи об овард, ки ноамниҳову таҳаввулоти калони низомиву сиёсие, ки дар кишварҳои ҷаҳони севвум ба вуқӯъ меайванданд, ҷузъи бозиҳои бузург ва сиёсатҳои манфиаталаби абарқудратҳо мебошанд. Агар воқеан ҳам исбот шавад, ки номаниҳои ахири кишвари мо аз омили хориҷӣ вобастагӣ дорад, пас дар муқоиса бо таҳаввулоти дигар кишварҳо метавон гуфт, ки ин номаниҳо низ ҷузъи бозиҳои сиёсӣ ва тавсеъаталабии абарқудратҳое ҳаст, ки дар Тоҷикистон нуфуз доранд.

Абдумалик ҚОДИРОВ, коршиноси масоили минтақавӣ

Ман фикр накунам, ки ин ҷо ягон кишвари хориҷӣ даст дошта бошад; охир рафтори генерал Назарзода ба ягон мантиқ рост намеояд. Исён? На! Кӯшиши табаддулоти давлатӣ? На! Пас чӣ буд? Он чӣ имрӯз равшан аст, ин ФИРОР аст. Агар ин ҷо “дасти хориҷӣ” буд, пас он бояд, ҳадди ақал, ягон мақсади ниҳоӣ медошт, ягон нақша медошт. Ман гумон намекунам, ки сохторҳои амниятии мо то он дараҷа беҳунаранд, ки аз тарҳрезӣ шудани чунин як амалиёт бо кӯмаки “дасти беруна” бехабар монанд. Чизе нагӯем, хадамоти амниятии мо хуб кор мекунанд, ба хусус дар самти муайян кардани фаъолияти эмиссарҳои хориҷӣ. Баъдан, “бозингарони” асосии геополитикӣ дар минтақа (Русия, Амрико, Хитой, Эрон) умуман барои тезутунд кардани вазъи дохилии Тоҷикистон ҳавасманд нестанд. Барои Амрико, ки дар ҷанги Афғонистон “руст шуда мондааст”, бениҳоят муҳим аст, ки дар ҳамсоякишварҳои он оромӣ бошад. Хитой умуман “ҷангу ҷанҷолро” дӯст намедорад: он ҳамаи мақсадҳои стратегии худр бо роҳи иқтисодӣ (додани қарзҳои дарозмуддату камфоиз, инвеститсия...) ба даст меорад. Эрон? На, имрӯз Эрон беш аз ҳама мехоҳад, ки дар чашми Ғарб ҳамчун як кишваре намудор бошад, ки аз дастгирии қувваҳои тундгаро ва ифротӣ даст кашидааст. Русия? Албатта, Русия мехоҳад, ки ба сарҳади Тоҷикистон баргардад. Албатта, барои Русия муҳим аст, ки Тоҷикистон ба Авруосиё ворид шавад, вале, фикр накунам, ки Русия ин ҷо даст дошта бошад, чун сатҳи кордонии хадамоти ҷосусии Русия аз он чӣ мо дидем хеле баландтар аст. Пас кӣ? Ҳеч кас. Ҳар чӣ рух дод, кори дасти худи мо буд. Як рӯз не, як рӯз, пардаи асрор аз рӯи ин ҳодиса бардошта мешавад ва мо хоҳем донист, ки ин кори дасти кӣ буд.

Парвиз МУЛЛОҶОНОВ, коршиноси масоили сиёсӣ

Тавре мебинем, дар ташкил кардани чунин нооромиҳо то ҳол ягон далели мушаххасе надорем, ки омили хориҷӣ аст ё дохилӣ, лекин дигар гурӯҳҳо метавонанд дар нооромсозии кишвар манфиат дошта бошанд. Ҳамсоякишварҳо, гурӯҳҳои ифротгаро, аз ҷумла “ДОИШ” аз чунин нооромиҳо метавонанд истифода баранд.

Иззат АМОН, раиси Созмони ҷавонони Тоҷикистон дар Русия

Худи нафароне, ки дар чунин нооромиҳо даст доранд, дасти хорҷиянд. Худи афроде, ки ин мушкил ба фоидаи онҳост, дастони хориҷиянд. Ҳеч тоҷику тоҷикистонӣ хостори марги бародару хоҳараш буда наметавонад.

Сайфулло САФАРОВ, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ

Шояд бархе коршиносон гўянд, лекин ин дафъа ба гардани хориҷиҳо партофтани ягон гуноҳро мо салоҳ намебинем. Бо сабаби он ки гурӯҳе, ки чунин фаъолиятро анҷом дод, пештар тайёрӣ дида буданд. Ва аз рўи ҷамъовардани яроқ ва доштани гурӯҳи худ, ки онҳоро бо маводи ғизоӣ ва пул таъмин мекарданд, пас аз ин ҷо хулоса баровардан мумкин аст, ки ин айби хориҷиҳо нест, балки ҳамин гурӯҳ бо раҳбарии Абдуҳалим Назарзода нақшае доштаанд.

Султони ҲАМАД, коршиноси масоили амниятӣ

Кишвари мо бо сабабҳои мухталиф дар маркази таваҷҷуҳи давлатҳои абарқудрат қарор дорад. Ҳар яке аз ин давлатҳо мехоҳанд, ки дар ин ҷо нуфузи бештар дошта бошанд. Марҳилае фаро расидааст, ки ҳар кадоме аз онҳо орзуманди онаст, ки ҳарчи зудтару ҳарчи бештар мавқеи ҳарифи худро дар ин ҷо тангтар бисозад. Рақобати байни онҳо ба марҳилаи барои кишвари мо хатарнок расида истодааст. Албатта онҳо ҳанӯз ба ҳадде нарасидаанд, ки барои Тоҷикистон байни худ ба даргириҳои бевосита бипардозанд. Вале ба дасти тоҷикистониён кардани ин кор барои онҳо мушкиле надорад. Ҷангро оташ задан кори чандон душворе нест. Мардуми Тоҷикистонро ба ҳам зид мегардонанд ва баъдан ҳар кадом ба ҷонибҳои даргири Тоҷикистон кумакҳои худро ироа мекунанд. Сенарияе, ки мутаассифона, барои мо ҳама шинос аст. Чанде пештар дар сатҳи болотарин сиёсатмадорон эътироф мекардем, ки ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҷанги таҳмилӣ буд ва сиёсатмадорони вақт натавонистанд ва ё нахостанд пеши роҳи онро бигиранд. Агар бо чашми хирад ба атрофи худ назар афканем маълум аст кадом кишвар ва ё кишварҳо аз нооромиҳо дар Тоҷикистон манфиатдор ҳастанд. Имрӯз, хушбахтона, ҳанӯз вақт ҳаст ва мардум ҳам мардуми эҳсосии солҳои навадум нестанд. Сиёсатмадорон ҳам аз ҳамкасбони бетаҷрибаи солҳои навадуми асри гузаштаи худ бояд сабақ гирифта бошанд.

Шокирҷон ҲАКИМОВ, ҳуқуқшинос

Мақомот бояд аниқ бигўяд, ки кадом кишвари мушаххас ё созмони хориҷиро дар назар дорад. Дар акси ҳол бидуни далел ва мушаххас номбар накардани омили хориҷӣ боиси сару садои зиёд гашта, имконият медиҳад, ин изҳороти мақомотро дигарон ба таври худ тафсир бидиҳанд. Сабаби нооромиҳоро дар дохили кишвар бояд ҷуст ва баъд робитаи онро бо омилҳои хориҷӣ таҳлилу таҳқиқ ва муқаррар намуд. Кушиш бояд кард, ки омилҳои сар задани нооромиро пешгирӣ намуд ва на баъди халалдор гардидани зиндагии осоиштаи мардум шарту шароити ба вуҷудойии онро баррасӣ намоянд.
Мӯҳр
Занчони
Бояд пеш аз хама вазоратхои кудратиро хущдор додан даркор ки бештар кор кунанд аз болои ин ташкунандахои вокеахо

ман хамчун як шахрванди одди гуфтаниям ки ин хама бозихои хочахои хоричиай.....онхо кушиш мекунанд ки ин давлати ороми моро ноором созанд,,,,,,чехеле ки ду хайвонро бо худ чанг медозему аз тамошояш лаззат мебарем.....онхо моро чунин истифода намуда истодаанд.....ва ба холи мо хандида истодаанд...ана барои хамин мо бояд аклу заковати худро хушру истифода кунем.......

nabi farhor
Салом.Мо хама медонем,ки ин корро хоричиён ташкил мекунанд Дигар давлатхо намехоханд,ки Точикистон рушд кунад.Онхо чангро бо тиру туп ташкил намекунанд,балки бо хар гуна роххо.Мисли солхои 90-ум ту Кулоби вай Гарми гуфта,якдигарро чанг меандозанд.Ин дафъа бо дигар рох,дафъи дигар бошад,дигар хел.Мо бояд ба хар гуна гапхо гуш надихем.Барои рушди давлатамон сахми худамонро гузорем.Ягон хоричи омада дар ватани мо нихол намесабзонад ё девори хонаи моро сафед кунанд.Барои хамин,мо бисёртар бо ахбори омма,сару кор дошта бошем,мачала,китоб бисёртар мутолиа кунем.Хама вакт аз хукуки худ химоя кунем.

кулябец
Ман ба фикри хамаи ин экспертхо тарафдор ! Чунки МО як давлати кучак ва навтаъсисе хастем дар чахони муосир. Хама давлатхои абаркудрат чунин чойхои сустро мекобанд ва яроку аслихаи худро месанчанд. Бо куштани якдигар МО чи мегирем ва ба кучо мерасем? Албатта норасоии иктисоди ва сиёсиро дар дохили мамалакат бояд хал кард на бо хочагони хоричи. Пойбанди давлати дигаре шудан он истиклолият нест!!
Ва чунин формулае хаст ,, мамлакати бекувват хама вакт кушуни бегонаро мехуронад " !!!

nabi farhor
Ин нооромихои,ки сар мезанад аз дасти худи мост,на хоричиён.Мо заводу фабрика надорем,ки бозори онхоро дар тичорати чахони танг созем.Мо бояд шукронаи тинчию ороми давлатамона кунем.

Оташак
Ин ҷо айб ҳам дар ошу ҳам дар моши худӣ аст. Бегонагон сари ин масъала ягон иртиботе надоранд. Агар онҳо ташкил мекарданд, ин хел ноӯҳдабароёна ташкил намекарданд. Просто ҳами Ҳоҷи Ҳалим аз чизе ё касе гизала шуда худрою мардуми бегуноҳи зиёдеро кушт .Вай агар афсари ҳақиқи мебуд, дар ин ҳолат бояд ба пешонии худ як тир меандохту танҳо худро нобуд мекард ва авлоду асҳобаш, инчунин чандин хонадонро гирифтори ғам намекард. Вай ҳатто чӣ будани шарафи афсарӣ (офитсерский сест" ро намедонист. Зеро зиёӣ набуд...

инчо як номуси миллии тахчоии мардуми шахри Душанбе буд. он тарафаша кас, ки акли солим дошта бошад мефахмад.

навруз
Ягон хоричи нест.Он чи аз мост хама барои мост. Ин хама хушдор барои мост. Сабаби <нахестани>халк серии вай АСТ.хукуматдорон бояд инро нагз фахмида ,хулоса бароранд.агар не одами гурусна ба Шер хучум кардааст.ба чои айбдор кофтан мушкилихои иктисодиро хал кардан лозим.......................

Садқатон шавам, Шумо, коршиносону таҳлилгаронро. Чанде пеш, ҳатто президентҳои давлатҳои ИДМ, бахусус, В.В. Путин низ ошкоро баён дошт, ки дар ноором сохтани вазъи Тоҷикистон хориҷиён даст доранд. Бояд дарк кард, ки чунин сухан аз ҳаво гирифта, гуфта намешавад. Баъдан, чаро Шумо фақат кишварҳоро ба назар мегиред? Хуб медонед, ки таҳти шиори "баҳри рушди демократия" тамоми маблағҳои хориҷӣ тавассути созмонҳои байналмилалӣ ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дода мешаванд ва аз ин нуктаи назар ҳар кору амале, ки ҷиҳати ноором сохтани вазъ сурат мегирад, бо воситаи ҳамин ташкилотҳои байналхалқӣ анҷом меёбад. Прокуратураи генералӣ низ дар изҳороташ ишора кардааст, ки ба Тоҷикистон маблағи калони хориҷӣ ворид шудааст (инро ҳам аз ҳаво намегӯянд-ку?). Пас хориҷиён дар ҳодисаҳои охири Тоҷикистон даст доранд ва ин бебаҳс аст.
Баъдан, бегӯед, ки дар мавриди ҳизбу ҳаракатҳо ва ВАО (сарфи назар аз амалҳои қонуниву ғайриқонуниашон) онҳоро кадом созмонҳои байналмилалӣ ҷонибдориву дастгирӣ мекунанд ва дар пуштибониашон овоз баланд менамоянд? Хулоса: ҲНИТ (М.Кабирӣ) баъди роҳ наёфтан ба парлумон бо пуштибониву дастгирии молии чунин созмонҳо (шояд бо роҳнамоӣ низ бошад) ва бо мақсади бо зӯроварӣ ва фишор, яъне бо неруҳои боқимондаи ҳарбиаш (Ҳоҷӣ Ҳалим) барқарор кардани нуфузи қаблиаш дар назди ҳукумат ба чунин иқдом (нором кардани вазъ) даст зад ва хушбахтона ба шарофати амалиёти босуръати ҳарбии мақомоти ҳифзи тартибот номуваффақ гардид. Агар нақшаи тарҳрезинамудаи ҲНИТ амалӣ мегашт, дар шароити таҳдиди хавф аз сӯи Афғонистон ва ДИИШ Тоҷикистон боз ба гирдоби ҷанг кашида мешуд. Таваҷҷӯҳ намоед, ба суханҳои охир М. Кабирӣ, ки чунин маъно дошт: Оқибати амалҳои антинаҳзатии Ҳукумат ба сулҳу субот ва ваҳдат латма мезанад. Ин таҳдиди рӯирост буд, вале Шумо, коршиносону сиёсатшиносон ба ин дар вақташ аҳамият надодед ва ҳоло низ ба инобат намегиред ва ба мардум ҳақиқати ҳолро бо таҳлили амиқ ва дурбинона намегӯед. Хоҳишмандам, пеш аз мусоҳиба бо журналистон, аввал фурсат хоста, сари масъалаи баррасишаванда фикр намоед, таҳлил кунед, баъдан андешаҳоятонро иброз намоед, ки суханҳои Шумо барои аҳли ҷомеа, ҳатто ҷомеаи ҷаҳонӣ арзиши баланд дорад. Ин танҳо хоҳиш ва дархост аз ҷониби як нафарест, ки нисбат ба сулҳу суботи Тоҷикистон бетараф буда наметавонад.

Беватаг
Ба фикрима дар ин чо ягон хоричи даст надорад ХОЧИ ХАЛИМРО МЕХОСТАНД нест кунанд Хочи Халим ки фахмид Окибат мсили Гафорсидой Зайд ва гайра зиндони ва зери зулм васитам мемонад аз фурсате ки дош То хади тавон истифода кард

Усунбали
ғайритоҷикони мақомот

Аз суханхои Хазрати БЕДИЛ хулоса бароред, эй миллати Ман!
Тавозуъхои душман макри сайёди бувад, БЕДИЛ,
Ки хам- хам рафтани сайёд бахри к,атли мургон аст!
Ёрии башардустона, грантхо бе матлабу бе мак,сад нестанд...Факат дасти худро буса кардану миннати " кач,к......" ро шунидан лозим нест.Вассалом!

далер
ман ба фикри беватан ҳамфикрам ягон хоричи даст надорад

Щокирчон Хакимов Хукущинос бощи хам, бесаводона гап мезани. О чи хел номи давлати хоричиро мегири?? Тибки талаботу нормахои чахони хеч гох номи давлат мущаххас гирифта намещавад. Мумкин нест. Дипломатия!! Танхо тавассути дастгохи давлати ба намояндагии хамон давлат ё сафиращ эътироз, НОТА ва гайрахо пещниход карда мещавад. Ин хам танхо дар сурати дар даст дощтани далелхои катъи!!!

Абдумалик Кодиров сад дар сад дуруст аст! Ман хам хамин фикрро доштам, дар бораи Русияву вокеахои охир доир ба исёни Назарзода

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)