Бахшҳо

Бордюжа: Ҳамлаҳои мусаллаҳона дар Тоҷикистон сабаби бесуботӣ нашуд

Ҳамлаҳои мусаллаҳона, ки ҷонибдорони генерал-майор Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофиа созмон доданд, талоши табадулоти давлатӣ набуда, сабаби бесуботӣ ҳам нашуд. Ин нуктаро Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) иброз доштааст.

Ӯ дар як мусоҳиба бо шабакаи телевизионии “Россия 24” гуфтааст, “фикр намекунам, ки мо метавонем ин амалҳоро ҳамчун талоши табадулоти давлатӣ ё бесуботии вазъ дар Тоҷикистон арзёбӣ намоем... Фикр намекунем, ин як зуҳуроти хеле ҷиддӣ бошад, ки ҳаводиси манфиро дар пай дошта бошад. Онҷо вазъ ба ҳадди зарурӣ муътадил аст”.

4 сентябр ба Шӯъбаи умури дохилӣ дар Ваҳдат ва Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа дар Душанбе ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт. Мақомот онро кори дасти Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба "Ҳоҷӣ Ҳалим", муовини вазири мудофиа хонданд. Амалиёти зидди гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим", ки ба гуфтаи мақомот ба дараи Ромит фирор карданд, 12 рӯз идома кард. 17 сентябр Додситонии кулли Тоҷикистон дар як изҳороти расмӣ гуфт, дар ҷараёни "амалиёти зиддитеррористӣ зиёда аз 600 адад силоҳи оташфишони гуногунтамға ва 11357 дона тирҳои гуногун ёфта, мусодира шуда, зимни муқовимати мусаллаҳона 25 нафар террорист нобуд карда шуда, 125 нафар узви гурӯҳи террористӣ ва ҳаммаслакони онҳо, аз ҷумла 28 нафар бо ҳамкории фаъолонаи аҳолии маҳаллӣ муайян ва дастгир карда шуданд. Мутаассифона, дар ин амалиёт 14 нафар хизматчиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷони худро аз даст доданд”.
Мӯҳр
27 нафар террорист нобуд карда шуд, на 25 нафар!!!

бародари азиз инхо хаёл карданд ки давлат сохиб надорад, нееее!!!

бародари азиз инхо хаёл карданд ки давлати мо сохиб надорад,,, нееее!!!!!хатои вазнин кардед,,,,,ба ин фикрхои хом шумо вазъи имруаи моро ноором карда наметавонед.......мардуми мо аллакай аз чунин имтихонхо гузаштаанд,,ва ин хатои худро дигар такрор намекунанд иншоолох,,,,КУР ЯКБОР АСОША ГУМ МЕКНА......дуюмбор ки гум кард у дигар кур нест......

кулябец
Тамоми табадуллотхои давлати хох манфи ё мусбат ба терроризм дахле надоранд ! Соли 1991 ПУТЧЬ - и Россия аз тарафи Янаев ба терроризм нисбат дода нашудааст . Дар амали террористи террорист дар байни халк даромада халкро хамчун сипар гаравгон мегирад. Мисоли мактаби Беслан, театри Москва . Ман умуман харакати табаддулотии Назарзодаро дасгири намекунам. Чунки окибати ошуби Махмуд ва Гаффор Мирзоев , Лангариевхо сабак барои дигарон буд. Хукумати имрузаро тамоми давлатхо дасгири мекунанд ва хамчун конуни мешиносанд.
Чунки чунин генералхо ва шахсони намоён барои миллати мо лозиманд хох оппозиция бошад ё хукумати. Аз хаёт рафтани генерал Назарзода, полковник Амакиев ва дигарон ин дигар давлатхои ба мо хусумат доштаро хурсанд мекунад. Точикро мукобили худаш гумрох карда шурондан аз азал омадааст. Мо бояд парешон нашавем ва бо рохи гуфту шунид хама корро хал кунем.

Яқинан Бордюжа афсус хӯрда истодааст, ки дар ҶТ бесуботӣ нашуд.

Поянда бод Точикистони азиз! Ин хел генералхоро нобуд кардан лозим! Нони давлатро мехуранду андеша намекунанд ин хама боигари аз кучо .. Албатта аз ватан халк! Бояд дар атрофи Чаноби Оли Э. Рахмон чамъ шавему ватанамонро обод кунем! Ягон хоричи барои ватану халки мо манфиат намеорад! Ба чуз худамон!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)