Бахшҳо

Бойматов: Мо ҳама дар як киштием

Луқмон БОЙМАТОВ, муаррих

Ҷаридаи зеҳни мо пок аст ва ин моем, ки бо тасмими хеш сафаҳоти онро олуда месозем. Рӯйдодҳои таърих ҳеч замоне интизори аъмоли инсонҳо набуданд, балки ҳамаи рӯйдодҳо натоиҷи аъмоли инсонҳоанд. Таърихи миллати тоҷик китоби заҷр ва роҳи сарнавишташ аз биёбони бадбахтиҳо мегузарад. Ин миллати ситамкаш фаҷоеъи зиёдеро пушти сар карда ва ҳам акнун ҳеч касе наметавонад пешгӯӣ намояд, чи нокомиҳое дар сари роҳи ин қавми ҷабрдидаи таърих қарор дошта бошад?


Бархе файласуфон бар ин ақидаанд, ки имрӯз ҳеч рабте бар кори нодурусти дирӯз ё пушаймонии фардо надорад. Ин дид аз реша хатост. Дуруст бар ойинаи таърих бингаред ва хоҳед дид, ки бо ин ҳама шукуфоии адабиёти хирадгаро, масъулини ҷомеъа дар амал хирадгаро набудаанд. Ин душманон набуданд, ки миллатро ба шикасти таърихӣ рӯ ба рӯ карда бошанд, балки раҳбарони бехираде буданд, ки аз сафои таърих ҷафои саргузашт сохтанд. Ҳақиқат ин аст, ки бо ин ҳама худситоиҳо, дар гузаштаву имрӯз сабаби сар задани фоҷоеъ ва бабахтиҳои миллатро нашнохтаем.

Ба ҳоли он ҳукуматҳо бояд сӯхт, ки наметавонанд дар ҳалли масоили ҷомеъа тасмими дуруст бигиранд. Онон ҳаргиз ба қадри пандҳо ва дастурҳои арзишманди ниёкон намерасанд ва аз роҳи худхоҳӣ ҷомеъаро ба забунӣ мекашонанд. Сад афсӯс, ки зиндаҳо ҳатоҳои хешро беҳ аз дурустиҳои мурдагон медонанд. Кош медонистем, ки манфиатҷӯиҳои боғараз ошуфтагиҳои зиёдеро ба бор хоҳанд овард.

Интишори огоҳиномаи Вазорати адлияи кишвар ва тасмими он дар ҷиҳати қатъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҷомеъаро зиёда нигарон кардааст. Нигоранда узви ҳеч ягон аз аҳзоб нестам ва набудам. Он чӣ ироа мекунам, фақат ба унвони як шаҳванди кишвари азизам аст ва аз он чӣ ки бар сари миллатам мегузарад, бетафовут нестам.

Табиъати ҳукуматҳо ин аст, ки ба хотири пойдории қудрат мехоҳанд аз ҳошияи амният берун наёянд. Қудратмандони таърих саъй бар он доштанд, то тарзи тафаккури ҷомеъаро тағйир бидиҳанд, вале афсӯс, ки ҳеч як аз онон дар ин андеша набудаанд, ки биниши хешро нисбат ба мардум иваз намоянд. Ба ин хотир аст, миёни давлату мардум фосила бештару бештар мешавад. Ҳукумате, ки ниятҳои хайрхоҳонаи мардумро ночиз медонад, ки тӯле намекашад, ки андӯҳу пушаймониро бо баҳои зиёде харидорӣ хоҳад кард.

Муддатҳост, ки коршиносон ва мушовирони дараҷаи аввал барои ҳалли масоили ҷомеъа китобҳои пур аз дастурамалҳо пеши раҳбарон ва масъулини кишвар мегузоранд, вале бо далоили ошкору ниҳон ҳанӯз ки ҳанӯз роҳи ҳалли дуруст пайдо нест. Мушовирони худхоҳу фурсатталаб, чоплусони умури сиёсӣ барои пирӯз ва комёб шудан тавони ҳалли як масъаларо низ надоранд. Барои мисол, кофӣ аст, ишорае бар роҳи ҳалли мушкилоти ҳамватанони муҳоҷир дар Русия дошта бошем! Кадомин масъалаи муҳоҷират ба наҳви шоиста ҳалл шудааст? Магар дар назди масъулин, ғайр аз риши мардон ва сатри занон «мавзӯъи доғе» нест?

Дар ҳақиқат, масъуле, ки тавони интихоби дурустро аз маҷмӯъаи дастурамалҳои мушовирону коршиносонаш надорад ва ё ба наҳве хешро дур аз масоил мегирад, насибаш бурд нест.

Ҳукумат имрӯз мехоҳад фаъолияти ҳизберо қатъ намояд, ки дирӯз ҳарифаш буд. Мамнӯъ фақат як мафҳуми сиёсӣ нест, балки мафҳуми ахлоқиву отифиву дарунӣ низ аст. Қатъи фаъолияти ҲНИТ-ро ҳазорон пайравони ҳизб ба маънии манъи озодиашон талаққӣ хоҳанд кард.
Мушовирони умури сиёсӣ ва иҷтимоъӣ бояд бидонанд, ки натиҷаи судури ҳукми қатъи фаъолияти ҲНИТ оғози вуруди фитнаҳои ҷадид хоҳад шуд. Давлатмадорон бо бастани фаъолиятҳои гурӯҳҳо ва ҳизбҳои мардумӣ саҳнаро барои фаъолиятҳои гурӯҳҳои ифротӣ ва роҳро бар ҷараёни нирӯҳои тахрибгар боз мекунанд. Огоҳ бояд шуд, онҳое, ки бар хилофи иззати халқ мераванд, донаҳои нафратро дар киштзори қалбҳои офаринандагон мекоранд.

Борҳо шудааст, ки ба хотири манфиати кӯчаки хеш, манофеъи бузурги миллатро бар хатар гузоштаем. Кош мефаҳмидем, ки озодие, ки дар ҷомеъа аст, саҳлу осон ба даст наомадааст. Он чӣ ҳам акнун дар паҳнои рӯзгор дорем, натоиҷи обёрии хоку бум аз хуни ҳазорон фарзандони бегуноҳ аст.

Ҳар тасмимотеро, ки дар сиёсат мебинед, дорои бурду бохт аст ва агар ҳамин лаҳза барои мардум аксуламал эҷод накунад, дар оянда асбоби дарди саре мешавад, ки пешгӯиаш ғайри мумкин. Фақат манофеъ вуҷуд дорад, ки наметавонад ояндаро пешбинӣ кунад.

Афсӯс, ки сӯзандагони фазоил зиёду ҷӯяндагони хирад андаканд. Аз он ҷо, ки фаҷоеъ китоби саргузашти миллат аст, сафаҳоти таърихаш низ моломол аз пушаймониҳост. Чи касе аз муаррихин, андозаи пушаймониҳои миллатро баррасӣ кардааст, то битвонад бигӯяд, ки дар анбори хотирааш чи чизҳое ниҳон аз ин бахши таърихаш аст? Аммо бовар бар он дорам, ки анбори афсӯси таърихи миллати мо васеътар аз махзани адабаш аст. Нигоҳе бар авроқи таърихи миллат андозед, ҳукуматҳои вақт ағлаб тасмимотеро мегифтанд, ки боиси пушаймонии наслҳо мешуд… Ҳатто аз таърихи начандон дури хеш дарс наомӯхтаем!

Подошҳо ва афсӯсҳои ояндаро низ касе намедонад. Аммо агар тадобири сиёсат ин аст, тахориби давлат дар камин аст. Бояд дар назар дошта бошем, ки мо ҳама дар як киштием, осеби ворида хоси ниҳоди миллат шомили яке аз гурӯҳҳо наметавонад бошад, балки шиддати гулхане хохад шуд, ки навдаҳои тару хушк ба ҳам месӯзанд. Чи касоне посухгӯи гирифториҳо хоҳанд шуд?

Онҳое, ки дар мароҳили «авҷи хеш» аз манофеъи хеш пайравӣ мекунанд ва онон, ки аз роҳи худбинӣ хираду виҷдонро канор мегузоранд, ғолибан, аз кардаи худ пушаймон мешаванд. Вале нек бояд донист, ки таассуф ҷуброни ҷароим намекунад ва аз қазо ҳам кӯчактарин тағйирот бар амри гузашта ворид намесозад. Афсӯс дардро ҳаргиз аз байн намебарад.

Гурӯҳе аз масъулини давлату ҷомеъа бо иқдомоти хеш ҳам акнун бар ин ақидаанд, ки кори ҳизбҳои мухолифро муҳор хоҳанд кард, вале бехабар из ин ки тасмимоташон кори давлат ва ояндаи ҷомеъаро муҳор кардаанд. Огоҳиномае, ки пиромуни қатъи фаъолияти ҲНИТ эълом шудааст, бар он дорад, ки тасмимҳо ва пешбиниҳои ҳукумат дар корҳои ҳозиру оянда равшану возеҳ нестанд. Ин як иштибоҳи кӯчаки ҳукумат нест, балки фотеҳаи ростини гурӯҳеанд, заволи орзуҳои мардумро ба бор меоварад ва дар кӯтоҳтарин замон нумоди Озодиро аз зеҳни тозаи миилат пок месозад.

Иллати аслии фаҷоеъ миллат на зулми душманонаш, балки ногоҳӣ ва бетафовутии худаш аст. Нек бояд донем, ки агар имрӯз бо як иштибоҳи кӯчак аз комёбии худ шод бошем, фардо бадтарин фаҷоеъро бо надомат пазиро хоҳем шуд. Ҷомеъаро дарде фаро хоҳад гирифт, ки сангинтар аз ҳама ва он таассуф аст.

Набояд фаромӯш кард, ки ҳамаи кирдорҳои неки дирӯз ба мо ба некиҳои имрӯз расонида. Ба ҳамин сабаб корҳое, ки ҳам акнун анҷом медиҳем, бояд сабаби шодмонии мову наслҳои оянда гардад. Бояд иззати мардумро ба ҷо овард.

Биёед, бомаслаҳат бошем. Ба ниятҳо ва ҳарфҳои якдигар гӯш фаро андозем. Мо ҳама шоху барги як дарахтем. Мо ҳама фарзандони як хоку бум ҳастем. Биёед дар афкору андешаамон таъаммули бештаре дошта бошем! Тафаккур бар иштибоҳоти хеш кунем, чун қазоват дар бораи кор ва ислоҳи хатоҳои худ амали ҷавонмардонаест. Беҳтар он бувад, ки ба ҷои он афсӯс хӯрдан, ҷомеъаро аз даргириҳои хонумонсӯз раҳоӣ бахшем!

Бештарин талошро бояд кард, ки то ба пушаймонӣ нарасем!

Бознашр аз ҳафтаномаи “Озодагон”, №35 (391) 16 сентябри 2015
Мӯҳр
кулябец
Лукмон мо хама дар як киштием , аммо шуморо аз кишти берун андохтан даркор !! На барои акидаатон , балки барои бо забони адабии точики нанавиштанатон !
Маколаро ду маротиба мутолиа карда баъзе калимахоро то хол нафахмидам. Ва чумлабандтиатон ба лахчаи эронист. Ба гуфти точикон ,, шаф- шаф накарда шафтолу гуеду монед"!

nabi farhor
Салом.Аз хукумати давлати эхтиромона хохиш менамоем,ки ХНИТ катъ нанамояд,то ин ки дар байни халк нофахмихои зиёд нагардад.Барои мо кадом хизб фаъол аст,на он кадар мухим аст.Мухим,он ки пешрафти давлат,тинчию амони ва осудагиро мехохем.

Ӣуъмин
Дар афкору андешаат ҷонам шерри нар

nabi farhor
Ман хамчун шахрванд сахми худро дар ободонии ватанамон хохем гузошт.Ин коре,анчом ёфта истодааст,дар бораи ришу сатр,ин кори хоричиён аст.Онхо сад дар сад медонанд,ки 90-фисади Точикистон мусалмонанд,мехоханд бо ин рох давлати моро нотинч созанд.Солхои 90-ум бо рохи,ки ту Кулобию вай Гарми гуфта чанг андохтанд.Ин бор хоричиён бо дигар накшахо доранд.Халки точики мо низ босавод хастанд,бовари дорем ба хар гуна гапхо гуш нахоханд дод.Дуо мекунем,ки давлати мо яке аз давлатхои мутаракии чахон хохад гашт.

часур
Бародари азиз бисер тахлили хуб ва ба чо. Бисер афкори хуб. Вокеан тахлили дуруст. На бояд мо аз бародарони худ душман битарошем. Бояд фикри хамаро гуш намуда як чомеаи солим ва пешрафта бисозем.

Ман фикр мекунам, ки ин хама аз байн бурдани хирадмандон аст. Боки худ фикр кунед чи мешавад

Офарин устод. Худованд шуморо дар панохаш нигох дорад!

салим
Ахсан ба муалллиф ки хакикатро баён намуд.дар хакикат он амру корхое ки холо хозир шуда истоааст ин бо дастони худамон вале бо фармони. .... шуда истодааст

BEXTARIN SUXAN , XUDOVAND SAFI CHUNIN SHAXSONRO ZYODA BIGARDONAD , AGAR CHUNIN SHAXSON MUSHOVIR MESHUDAND , OLAM GULISTON MESHUD

ватандуст
Офарин .Ин миллати точбасар бо ин озодандешони хакгуй бояд ифтихор намояд.Офарин устод барои чурататон.

саломихон
мАгар хнит озоди меорад. Сафсата ба ки жаркое. Узви хизб хам набоши ошкоро тахдиду тарафи хизбро гирифтеси инча одамо ба тра галуаннд мухтарам муаллиф

99
Офарин, устод!
Чанд муддат аст, ки маводеро дар расонаҳо пайдо намекардам, ки каме ҳам бошад, хотири касро шод гардонад. Ҳама аз кори масъулин аҳсан мегуфтанд ва лоф мезаданд, ки "оқилона аст". Ғашам меомад, ки то ба кадом сатҳ мардуми мо деградатсия шудааст, ки андешаи озоду дуруст надорад.
Бале, "Мо ҳама шоху барги як дарахтем" ва хеле хуб гуфтед, ки ноогоҳӣ, бетафовутӣ, такрори хатогиҳои бузурги таърихӣ ва ба замми ин нотифоқии мардуми мо, сатҳи пасти фаҳмиши сиёсӣ, ба инобат нагирифтани маслиҳати коршиносон аз тарафи масъулин, кӯтоҳандешӣ, бесалоҳиятии масъулин дар ҳалли аксари масъалаҳо, фарқ карда натавонистани душман аз дӯст ва бисёри дигар норасоиҳо дарди ҷомиъаи мо буду ҳаст.
Оё

Оё он хуне, ки дар ин воқеаи охир рехт, аз ду тараф ҳам, хуни бегона буд? Кӯдакони кӣ ятим монданд? Оҳи модари кӣ ба фалак печид? Падари ки аз ғам бемор шуд? Хоҳару бародари киро ғам асир кард?
Оё инро масъулони мо наметавонистанд пешгирӣ кунанд? Метавонистанд! Вале онҳоро ғурурурашон намемонд, ки солимона фикр кунанд, худбиниашон иҷозат намедод, ки малиҳати мутахассисеро гӯш кунанд.
Садҳо-ҳазорҳо пешниҳоду маслиҳати ҳам коршиносону ҳам олимон ва ҳам мардуми оддӣ пушти по зада шуд. Оқибат чӣ шуд?
Вале ман ин назари худро барои он баён мекунам, ки чунин рафтори масъулон, ояндаи хуб надорад ва онҳо бояд аз аспи ҷаҳл фароянд. Таъқибро аз паси дигарандешон бас кунанд! Мардумро гӯш кунанд! Агар қобили дарки ояндаи дурро надоранд, аз ояндаи наздик андеша кунанд, ки ба сари мардум ва худашон ғам наорад.
Ман аминам ва боварӣ дорам, ки дар ин корҳо дасти "Русияи ба мо дусту шарики страдегӣ" хеле дароз аст.

...Sad dar sad durust ovarded.

Мухаммад
Валлох ки бародари азиз сухани хакро гуфти, кош чунин мешуд.

Манучер
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)