Бахшҳо
22 сен 2015 09:04Тоҷикистон / Сиёсат

Сафари Э.Раҳмон ба Ҳисор аз ифтитоҳи Кохи фарҳанг шурӯъ гардид

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ноҳияи Ҳисор аз ифтитоҳи Кохи фарҳанг дар маркази ноҳия оғоз шудааст.

Дафтари матбуоти президенти кишвар мегӯяд, “сарвари давлат бо буридани лентаи рамзӣ ба оғози фаъолияти Кохи бошукуҳи фарҳанг асос гузошт”. Ба иттилои манбаъ, Кохи фарҳанг бо 700 ҷойи нишаст бо харҷи қариб 27 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ дар масоҳати 1,3 га аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст: “Корҳои сохтмонӣ дар Кохи фарҳанг, ки аз 3 ошёна иборат мебошад, аз соли 2013 оғоз гардида буд”.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон инчунин Китобхонаи марказии ноҳияро расман мавриди истифода қарор дод: “Сохтмони китобхона моҳи феврали соли 2014-ум бо тарҳ ва усули хоси меъморию шаҳрсозӣ шурӯъ гардида, бо харҷи 6 миллион сомонӣ бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҷамъияти Дорои масъулияташ маҳдуди “Монолит 2011” бунёд гардид”.

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҳисор имрӯз, 22 сентябр шурӯъ шуд ва дафтари матбуоти президент ҳадафи онро “ифтитоҳи як қатор муассисаҳои маорифу, фарҳанг, инчунин шиносоӣ бо вазъи корҳои саҳроӣ, рафти бунёди иншооти ҷашнии 3000-солагии Ҳисор” гуфт.
Мӯҳр
Латифа
Вакте cарвазири Россия ба Душанбе меояд, сарвазири мо уро ба тамомшои пойтахт мебарорад ва бо сохтмонхои бузурги аср шинос мекунад.
-Вот это самий большой Осорхана ва Сентралной Азии, вот это самий болшой Китабхана, а это чайхана, это ошхана ...
Баъди тамошои чандин чунин бинохо Медведов мепурсад:
- А где кархана?

Аз ватан
Зинда боши Чаноби оли хамаи ободии ватан махз бо шарофати Шумо шуда истодааст мо бо Шумоем Лекин боз ношукрхое хастанд ки ин ободию оромиро намехоханд лекин Худованд бо некон аст бадон хеч вакт ба максад намерасанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)