Бахшҳо
23 сен 2015 12:22Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Таъхири бозбинии парвандаи журналист-Гулмуродзода дар додгоҳи Душанбе

Додгоҳи шаҳри Душанбе бозбинии ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки журналист Аминҷон Гулмуродзодаро ба ду соли зиндон маҳкум карда буд, ба рӯзи 30-юми сентябр гузоштааст.

Баррасии шикояти кассатсионии Гулмуродзода имрӯз, 23 сентябр дар назар буд, аммо додгоҳ онро то соати 10:00-и 30 сентябр ба таъхир гузоштааст.

Қаблан Хуршеди Атовулло, раҳбари Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, ки Гулмуродзода корманди он буд, ба “Озодагон” гуфт, дар арзизаи шикоятӣ таъкид шудааст, парванда ғайримунсифона ва ғайриобъективона баҳо дода шудааст ва Додгоҳи шаҳри Душанбе ба ин масъала расидагӣ кунад.

Номбурда иброз дошт, бо пешниҳоди арзизаи кассатсионӣ ба Додгоҳи шаҳри Душанбе гуфтаанд, далелҳои пешниҳоднамудаи вакили мудофеи Аминҷон Гулмурозода дар мурофиаҳои додгоҳии Суди Исмоили Сомонӣ, ки бегуноҳии ӯро исбот мекард, ба инобат гирифта нашудаанд.

Аз ин пеш ҳамсари Гулмуродзода дар номае унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хостори расидагӣ ба қазияи шавҳараш шуда буд.

Рӯзи 18 август Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Аминҷон Гулмуродзода, журналисти тоҷик ва сармуҳаррири сайти русии www.faraj.com.tj-ро ду сол аз озодӣ маҳрум кард. Исозода Хуршед Искандар, додраси мурофиа Гулмуродзодаро дар асоси модаи 340, қисми 2 банди "а"-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - тақаллуби ҳуҷҷат муҷрим шинохта, ӯро барои ду сол равонаи зиндони низомаш умумӣ кард. Гулмуродзода баъд аз эълони ҳукм дар толори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд.

Қаблан Абдумумин Каримзода, намояндаи прокуратураи шаҳри Душанбе аз додрас хоста буд, Аминҷон Гулмуродзодаро чор сол аз озодӣ маҳрум созад.

Аминҷон Гулмуродзода дар он муттаҳам мешавад, ки гӯё соли 1989, вақте ҳанӯз ба балоғат нарасида буд, бо кумаки падараш, собиқ декани факултаи журналистикаи ДМТ, марҳум -- Гулмуродзода Пайванди Гулмурод аз бахши САҲШ-и ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ)-и ҶСС Тоҷикистон шаҳодатномаи таваллуд дастрас кардааст, ки ба гуфтаи мақомоти тафтишот қалбакӣ мебошад. Ба иддаои мақомоти тафтишотӣ Аминҷон бо истифода аз ин шаҳодатнома аз мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ соли 1998 соҳиби шиноснома шуда, онро дар чанд ҳолат ҳангоми ба кор қабул шудан истифода намудааст.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон мегӯяд, парвандаи ҷиноятӣ нисбати Гулмуродзода моҳи апрели соли равон аз сӯи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оғоз гардида, моҳи июл, баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ, ба Прокуратураи шаҳри Душанбе фиристодааст: “Прокуратураи пойтахт баъди баррасӣ парвандаи ҷиноятиро ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе пешниҳод намуд”.

Хуршеди Атовулло, раҳбари МТЖ мегӯяд, “ҳарчанд мақомоти тафтишоти пешакӣ даъво пеш овардааст, ки шаҳодатномаи таваллуди Гулмуродзода Аминҷон таҳти №208 дар бахши САҲШ-и ноҳияи Рӯдакӣ мавҷуд несту ин рақами қайд ба шаҳрванд И.З. тааллуқ дорад, аммо ҳангоми тадқиқоти журналистӣ исбот шуд, ки қайди акт дар бораи таваллуд таҳти №208 дар асоси маълумотномаи қалбакӣ гирифта шудааст. Зеро дар қайди мазкур гуфта шудааст, ки асос барои он маълумотномаи таваллуд аз Таваллудхонаи №3-и шаҳри Душанбе аз 5 апрели соли 1982 мебошад, аммо роҳбарияти таваллудхонаи мазкур ба дархости Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон чунин ҷавоб дод, ки “Таваллудхонаи №3-и шаҳри Душанбе бо қарори Кумитаи иҷрояи вакилони халқи шаҳри Душанбе таҳти №240 аз 24 июли соли 1985 таъсис ёфтааст”.

Ҷаноби Атовулло меафзояд, "муфаттишон ба суоли асосӣ посух наёфтаанд, ки оё Гулмуродзода Пайванд Гулмурод аз гирифтани шаҳодатномаи қалбакӣ фарзандашро огоҳ кардааст ё не? Чунки шаҳодатномаро аслан дар кӯдакӣ волидон барои фарзанд мегиранд ва кӯдак наметавонад аз он ки ба ӯ дар тифлӣ ба чӣ ному насаб шаҳодатнома гирифтаанд, кай ва чӣ хел гирифтаанд, чӣ ном гузоштаанд, табиист, ки огоҳ буда наметавонад ва ҳам собиқ декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шодравон Гулмуродзода Пайванд Гулмурод - падари Аминҷон чанд сол аст, ки дар қайди ҳаёт нест ва наметавонад ин талаби муфаттишонро қонеъ кунад".
Мӯҳр
Бародархо бахс нкнен. Инчо Аминчон аз руи моддаи "Такозои замон" суд шудаги аст ва хамагуна бахс фоида намекна.
Бачаи чаккон будаааст, ки то шашсолаги худаш 2 шаходатномаи таваллудша гирифтааст. мо дар 18-солаги наметонем, ки якто гирем.
Ин бача ба фикрам пишаки касера сахт пишт гуфтай, вагарна ба моддаи "такозои замон" намеафтид.

Толиб
Бародарон, Собир рост мегуяд! Инчо айби Аминчон не хамон Хуршед Атовулло будагист. Харчанд маводхои таърифи давлату танкиди нахзатро чоп мекунад, аммо бисёр вакт хар як пулдору мансабдору наркобаронро мешаппад ки окибаташ бахайр шавад. Ин кассоси кадом мафиоз аз Хуршед мебошад

Агар барои сухани ҳақ ва танқид ҳар як журналистро ба зиндон равона кунанд, пас вой ба ҳоли он матбуоте, ки бо журналистони тарсу ва беирода мемонанд.
Дар ин қазия ҳатман чи матлаби махфӣ низ ҳаст, вагарна чаро Амният думболи Аминҷон шудааст? Аз куҷо фаҳмиданд, ки шаҳодатномаи таваллуд тақаллубӣ аст? Зеро пас аз оне, ки шиноснома мегирӣ, дигар касе шаҳодатнома намепурсад. Он ҳуҷҷат як умр дар сандуқи хона мехобад. Агар волидон он ҳуҷҷатро гирифтаанд, чаро бояд бо гузашти замони тудонӣ фарзанд бояд муҷозот шавад? Аз ин тӯҳмат "харро ханда мегирад, бузро атса".

Лаҳзаҳои гуворо
Воқеан ин судяи гӯё кӯдаки ноболиғро барои тақаллуби шаҳодатнома ба зиндон фиристодааст. Ана сенсатсияву мана сенсатсия.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)