Аврупо: Боздошти ду тоҷик барои роҳбаладии муҳоҷирони ғайриқонунӣ
Мақомоти марзбонии Латвия аз боздошти се роҳбалади муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба ин кишвар хабар додааст, ки ду нафарашон шаҳрванди Тоҷикистон ва сеюмӣ шаҳрванди Русия мебошад.
Тибқи иттилои ин ниҳод роҳбаладон рӯзҳои 20-21 сентябр дар ҳоле боздошт гардидаанд, ки бо 11 муҳоҷири ғайриқонунии ветнамӣ марзи давлатии Латвияро убур кардаанд.
Манбаъ мегӯяд, шаҳрванди Русия, ки талоши фирор кардааст, ба боздоштгоҳи пулис ва шаҳрвандони Тоҷикистону Ветнам ба боздоштгоҳи муваққатии “Даугавпилс”, ки барои хориҷиён пешбинӣ шудааст, интиқол ёфтаанд.
Ниҳоди марзбонии Латвия ба сокинони шаҳри Прейлӣ барои мусоидаташон дар боздошти муҳоҷирони ғайриқонунӣ изҳори миннатдорӣ карда, таъкид намудааст, ки феълан тафтиши ин ҳодиса идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |