АКС: Мукофотпулии президент ба прапоршик Махатов ва фаъолони амалиёт алайҳи Ҳоҷӣ Ҳалим

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, имрӯз, 23 сентябр бо дастури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони амалиёт алайҳи Ҳоҷӣ Ҳалимро бо унвонҳо нишонҳои сарисинагӣ, маблағ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Раҳимзода аз ҳамкории аҳолӣ ва мақомот дар амалиёт алайҳи Ҳоҷӣ Ҳалим тавсиф карда, таъкид намудааст, ки ин далели наздикии милиса ва мардум мебошад.
Ба иттилои манбаъ Раҳимзода ба наздикону пайвандони кормандоне, ки дар амалиёти махсус бар зидди гурӯҳи Назарзода ҷони худро нисор намуданд, бори дигар изҳори ҳамдардӣ намуда, қайд кард, ки онҳо аз худ шуҷоату далерӣ ва корнамоӣ нишон дода, ҳастии худро барои Ватан бахшиданд: “Дар ҷараёни ҷаласа ба кормандоне, ки дар амалиёти маҳорату малакаи баланди касбӣ нишон доданд, аз номи президент бо маблағҳои пулӣ ва бо фармони вазири корҳои дохилӣ бо нишонҳои сарисинагӣ ва тӯҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ гардиданд”.
Дар ин қатор аз ҷумла прапоршик Фозилҷон Махатов ном бурда мешавад, ки шаби 4 сентябр се тан аз ҳамлаварон ба ШКД-и Ваҳдатро кушта, боқимондаро ба ақибнишинӣ водор кардааст. 

Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |