Даъвати вазири мудофиа барои ҷалби беҳтаринҳо ба артиш
Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон аз тобеинаш хостааст, ҳангоми чорабиниҳои даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, талаботи қонунро қатъиян риоят намоянд.
Ба иттилои масъулини Вазорати мудофиа, оқои Мирзо 22 сентябр дар як ҷамъомад дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа дар робита ба даъвати навбатии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва бо эҳтиёт рухсат намудани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати пешбинишудаи хизматро одо кардаанд, “барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватӣ” дастуру супоришҳои мушаххас додааст.
Манбаъ мегӯяд, Шералӣ Мирзо дар ин мулоқот бо таваҷҷуҳ ба таҳлилу натиҷаҳои даъвати баҳории соли равон ва монеаю мушкилоти ҷойдошта аз фаъолияти баъзе аз мақомоти масъули даъватӣ дар шаҳру ноҳияҳо изҳори нигаронӣ кардааст. Вазири мудофиа аз ҳозирини нишаст барои боз ҳам беҳтар ва сифатан хуб роҳандозӣ намудани чорабиниҳои даъвати ҳарбӣ ва дар сатҳи ҷавобгӯ ба талабот гузаронидани он аз масъулин муносибати ҷиддиро талаб кардааст.
Шералӣ Мирзо теъдоди ҷавонони синнашон ба даъватро нисбат ба талаботи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар хеле зиёд хонда, қайд намудааст, ин имкон медиҳад, аз миёни ҷавонони тамоми табақаҳои аҳолии кишвар беҳтаринҳо ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват гарданд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 14 сентябр дар мавриди даъвати тирамоҳии ҷавонон ва хизмати ҳарбӣ фармон содир намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта шудааст, шаҳрвандони солҳои таваллуди 1988-1997-и кишвар ба хизмати ҳарбӣ даъват гарданд: “Моҳҳои октябр-ноябри соли 2015 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |