Бахшҳо

Раёсати театр: Мазҳака бо “Мулло Муҳиддин” ва “Эшони Нурӣ” сиёсӣ нест

Раёсати Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мегӯяд, намоишномаи нави ин муассиса, ки дар қатори қаҳрамонҳояш “Мулло Муҳиддин” ва “Эшони Нурӣ” низ ном бурда мешаванд, ҳеч ангезаи сиёсӣ надорад.

Як масъули театри ба номи Лоҳутӣ имрӯз, 23 сентябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, намоишномаи мазкур, “Чодари найранг” ном дошта, намоиши он шоми 22 сентябр оғоз шудааст: “Ин намоишнома ҳеч ангезаи сиёсӣ надорад ва ба “Соли Оила” бахшида шудааст, ки имсол аз ҷониби раисиҷумҳури Тоҷикистон эълон шудааст. Намоиш баъди зуҳри имрӯз ва рӯзҳои баъди Иди Қурбон низ идома хоҳад дошт”.

Намоишномаи “Чодари найранг” дар оғози 86-умин мавсими театрӣ дар Театри драмавӣ-академии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ аз ҷониби Тӯрахон Аҳмадхонов ба саҳна гузошта шудааст. Масъулини театр мегӯянд, ин намоишнома аз дурӯягию фиребкории як нафар ба ном “мулло” баҳс мекунад ва паёми асосияш нигоҳдории арзишҳои оилавӣ мебошад. Дар намоишнома номҳои “Мулло Муҳиддин” ва “Эшони Нурӣ” зикр мешаванд, ки ба гуфтаи бархе аз тамошобинон ҷузъе аз сиёсат алайҳи ҲНИТ буда, ҳадафи аслӣ Муҳиддин Кабирию Саид Абдуллои Нурӣ, роҳбари феълӣ ва собиқи ҲНИТ мебошанд.
Мӯҳр
Э неки аз тахи дил хандидам!!! Кандатона занед кормандони театр! Офарин!!!

Хатлони
Е шумо точикед е не о миллати точик мард буд бо душманонаш мардонабор ракобатмекард аммо ман хайронам ки як кисми масъулини мо намедонам насли мугул е ягон насли дигар бошанд ки дар мукобили ин хизб чунин бархурд мекунанд ин заъфи хукумат дар мукобили ХНИТ аст

Иброхим
Муаллиф, коргардон, актёрон- Хама сарзобони идеологи Фронти халкианд идомдихандаи аънахои Сангак, Сафарали, Файзали. Бе нафрат ба дину диндорон зиста наметавонанд....

Хукрони факат Худо
ХУДО ин душманони исломро кур кун то дига хакикатро дида натонанд Ээээ бехабарон ХНИТ барои мардуми точик сулх овар пулу мансаб пеши чашматонро грифтааст адолат ХНИТ ро намебинед ХНИТ дур андеш аст КАБИРИ БОСАВОД НУРИ КАХРАМОНИ МИЛЛАТ ВА ШАХИД ин мансабу точу тахт абади нест шумарам якруз гариб хохед шуд МО БО ХНИТ ХАСТЕМ БА ТО ВАКТЕ ЧОНДОРЕМ АЗ ХНИТ ДИФО ХОХЕМ КАРД

Аз Мугулистон
Ба Хатлонй.

Мугулхоро ин кадар паст назанед. Мо то ин хад номард нестем. Мегуянд, ки миллатхо бад нестанд, балки инсонхои бад дар хар миллат хастанд.

Ин пасттарин хадди номардй дар хакки ракаб аст, ки дар хайётам якум бор дидам.

Ворухи
"Бовар кардам, ки сиёси нест" ин хукумат хайронаш чи кор кунад то ки ХНИТ-ро гунахкор кунад, шарм гуфтани чиз нест.

лола
Хатлонӣ, мардуми тоҷик мард буд дар ҳақиқат, вале ту ба кадом Тоҷик муроҷиат дорӣ? Дар сари мансаб тоҷики мард ҳаст?

Ачабо ин раёсати театр то кай мехохад миллатро фиреб дихаду худнамои кунад.о чихел ангезаи сиёси надорад номи барномаатонро чодари найранг гузоштед ин як далели тахктри исломгарохо мебошад дуюм инки номи кахрамонони бозиро чехрахои сиёсии мухолифи хукуматро мондед ва асли мавзуъ бошад дуруяги аст ин хама баёнгари онаст ки ин барнома тахкир ба исломгарохо ва ангезаи сиёси дорад.хуб агар ангезаи сиёси надорад пас чаро номи кахрамононро сангаку файзали ва ....намондед?

чаман
МАРДИ НАБУВАД ФИТОДАРО ПОЙ ЗАДАН!
МО ШУМОРО ДУОГУЕМ ХНИТ!!!!

точикистони нав.
Аз точик буданам шарм медорам наход шахси мархумро масхара кунед? Аз худо тарсед!

Акун чи хел мо театр равем? Тамошои таҳқири Ислому муқаддасоти Худованд? Таҳқири инсоне, ки бо каломи Худо оламро тарк кард? Театре, ки замоне Эдипу Ҳамлет дошт, ҳоло таҳқиркунандаи ислому дин аст? Вой бар ин театр, вой бар ин ҳунармандонаш!!!! БОЙКОТ!!!!

беном
Шарм доред наход инсонигари хам надошта бошед як руз шумо хам мемиред пас дар кабр чи чавоб медихед

Шарм доред наход инсонигари хам надошта бошед як руз шумо хам мемиред пас дар кабр чи чавоб медихед

Ин театрхо хам ба сиёсати АНТИ-НАХЗАТ гузаштандку! Ин найрангбозию масхарабози окибати хуб надорад, хусусан барои муаллифи сенария ва актёрхо

Исломиддин
пдумаеш мухудину нурира масхара кадаст. О бинед Шарли Эбдо Мухаммада (с) чи хел масхара мена...

салом алейкум рости намехостам вориди баҳс шавам бигзор ватанамон ободу тинҷ бошад лекин афсус мехурам ватаномонро худи кормандони театру ҳукумат ба нотинҷ шуданаш пойдевори ҷудоиро гузошта истодааст о аз пушти мурда гап задан кори хуб нест охир марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ як дасти дигари сулҳку наход ҷаҳлу хусумат чашми ақли шумоёнро кӯр карда бошад то ин дараҷаям одам паст намешудагис сухан бисёр дорам аммо ҳаминро мегӯям ҳамаро бо як чашм бинед ватан моли тамрми тоҷикон аст худро хоҷаю дигаронро ғулом набинед.... умр андак аст барои ҳамин бояд онро ба роҳи дуруст сарф кард боқи Аллоҳ ҳамаи моро аз фиребу найрангҳо нигоҳ дораду гуфти Чаноби Олӣ зиракиву ҳушёриро аз даст надиҳем.Озодагон хоҳиш мекунам матлаби мороҳам чоп кун.Худо нигаҳбонатон бошад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)