Бахшҳо

Тақдими хонаҳо ба оилаи кушташудаҳо дар амалиёт алайҳи Ҳоҷӣ Ҳалим

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба хонаводаи бархе аз низомиёни кушташуда дар амалиёт алайҳи гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим, имрӯз, 25 сентябр дар шаҳри Душанбе хонаҳои истиқоматӣ тақдим кардааст.

Тавре манобеи “Озодагон” иттилоъ доданд, аз ҷумла оилаи Рустам Амакиев, фармондеҳи кушташудаи гуруҳи “Алфа”-и Кумитаи амнияти миллӣ дар маркази шаҳри Душанбе, наздикии бозори "Шоҳмансур" як манзили се ҳуҷрагӣ ва пули нақд дар ҳаҷми 7 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Дар баробари ин хонаводаи бархе аз низомиёни дигаре, ки дар амалиёт алайҳи гуруҳи Абдуҳалим Назарзода кушта шудаанд, соҳиби хона шудаанд: “Дар маҷмуъ оилаҳои ҳамаи 14 корманди кушташудаи мақомот кӯмаки моддӣ ва ордену мукофотҳо гирифтаанд”.

Тибқи иттилои расмӣ бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон фармондеҳи кушташудаи гуруҳи “Алфа”-и Кумитаи амнияти миллӣ пас аз марг бо рутбаи “генерал-майор” ва ордени Спитамен дараҷаи 1 сазовор дониста шуд. Инчунин бо ордени Спитамен дараҷаи аввал Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилӣ ва Мансурҷон Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллӣ қадрдонӣ карда шудаанд.

Манбаъ мегӯяд, дар маҷмуъ раисиҷумҳури Тоҷикистон беш аз 120 нафарро “барои хизмати содиқона ва саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷасорату фидокорӣ ҳангоми мубориза бо ҷинояткорӣ ва нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ" бо мукофотҳо қадрдонӣ намуд.

Эмомалӣ Раҳмон 8 сокини дараи Ромитро низ барои мусоидат дар маҳви гуруҳи Абдуҳалим Назарзода бо мукофоти давлатӣ қадрдонӣ кардааст. Мукофот ба 8 сокини Ромит дар ҳолест, ки ба иттилои Вазорати умури дохилӣ дар рафти амалиёт бо мусоидати аҳолӣ 28 узви гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим боздошт гардиданд.
Мӯҳр
шахрванд
Офаринат бод акаи Абдурахмон ,бехтарин фарзанди ин миллату вата хасти!!худо рахмату магфирататон кунад Рустамчон Амакиев!!

Офаринат бод акаи Абдурахмон ,бехтарин фарзанди ин миллату вата хасти!!худо рахмату магфирататон кунад Рустамчон Амакиев!!

Молу мулки Назарзода ба оилаҳои далерони ҳалокшуда тақсим карда шавад, хоҳиш мекунем.

Ориеӣ,
Ҳааа, акнун сари мақсад омадем. "Амалиёти зиддитеррористӣ" ҳам барои ҳамин буд, дия, укоҷон. Молу мулки бойҳоро гирифта, ба камбағалон дода шавад. Ура, полетарҳои тамоми дунё як шавед!

Абдуллоh
Рохзанони асри 21... молу мулки Назарзодаро 90 фисадашро худашон мегиранд ва 10 фисадашро ба зердастонашон таксим мекунанд ана ,,кахрамони,,....

акмал
Бояд советники президент ба чавоб гари кашида шавад

Абдуллоh,
Озодагон! Шумо ватанфурушед е душмани халк? Чаро чунин шарххои бемаьниро нашр мекунед? Хозир ягон гапи хуб барои диловарони Ватан. Миллат ва кормандони милитсия нависанд чоп намекунед. Вале суханони кадом як хоини миллатро дархол нашр мекунед. Хайфи одамгари шавед. Носипосхо садкаи хами тинчию амони шавед. Муред Шумо! Ман аз Шумо нафрат дорам!! То кай тарафи чунин разилонро мегиред.... Е Шумо хам яке аз онхоед?

Сафар
Талаб мекунем, ки молу мулки тамоми авлоди хочи Халим мусодира ва аз чумхури берун карда шаванд. Мо бо авлодони чунин хоинон дар як чумхури зиста наметавонем!!!

Мохру
Ба Молу мулки Хочи Халим чи кор дори Ба Сафар гуфтаниям Молу мулкаш ба худаш насиб накард ба шумо насиб мекунад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)