Бахшҳо

Такрори фоҷиа: Боз модар бо се тифлаш худро ба дарё андохт

Саломат Пирова, як модари ҷавон аз ҷамоати Кирови ноҳияи Вахш бо се тифлаш худро ба дарё андохтааст, ки дар натиҷа худи ӯ наҷот ёфта, фарзандонаш ба ҳалокат расидаанд.

Дар ин бора ба “Озодагон” аз ҳукумати ноҳияи Вахш иттилоъ дода, афзуданд, ки қазия 21 сентябр рух додааст. Ёрмаҳмад Асоев, масъули ҳукумати ноҳияи Вахш изҳор дошт, ки модари ҷавон феълан дар беморхонаи касалиҳои руҳии вилояти Хатлон қарор дорад: “Гуфта мешавад, ки ин ҷавонзан қаблан низ мушкили равонӣ доштааст”.

Асоев тасдиқ кард, ки се тифли ин зан- ду духтар-яке шашмоҳа ва дигаре 2 сола ҳамроҳ бо писари 4 солааш дар дарё ғарқ шудаанд.

Ин дуюмин ҳодиса тайи се моҳи охир аст, ки модар бо се тифлаш худро ба дарё андохта, боиси марги тифлонаш мешавад. 8 июли соли равон Парвина Абдуллоева, сокини ноҳияи Ёвон барои қасос аз шавҳар бо се кӯдакаш худро дар шаҳри Душанбе ба канали “Ҳисор” партофта буд, ки дар натиҷа худаш ҷон ба саломат бурд, вале фарзандонаш ҳалок гардиданд.


Тафсилоти бештар дар ин сафҳа нашр мешавад
Мӯҳр
Труба
Лаънати Худо туро бод! Хайфи номи модар шави!

Вайс
дахшат!!! вахшоният аз ин зиёд намешавад... хайвон нисбати фарзандонаш чунин амал намекунад. мурдан хохи худатро куш, ба кудакон чи кор дори????

Касали рухиро бе назорат гузоштан мумкин набуд. Бояд дар беморхона мехобониданжд. Вай гунох надорад одамони сихат гунахгоранд.

Кадом шахсе касди худкуши кунад ин хукумат хамин як гапро ёфтаги "касали рухи доштаст", инхел росташа намегуяд ки 60-70% мардум дар азоби зиндаги, аз бонкхо карздор шуда рохаша гум кардаги. Чаро пеш вактхо худкуши кам буд, хозир зиёд? Ин саволро як бор ба худатон дихед, то дар инчо лаънату дашном додана.

Ношукр
Сабаби ин ходисаро дарсиёсати мувафаки Приздент бояд чустучу кард.Сабаби равони (девона)шудан дар чист бояд чустучу кард маъмулан саьаби ба касалихои рухи дучоршудани мардум фикр кардан аст яне фикри зиндаги саодат мандона аст Шавхар Руссия меравард пул нест фикри пули мактаб пули обе ки бояд дар точикистон бепул бошад хавои хунуки зимистон бедуни барк бемористонхои пулакии духтурони кам савод Бо ие хама мушкили ки точикистон дорад Худоро шукр ки 8 милон точик девона нашудааст Аз тарафдорони сиёсати мувафак хохиш мекунам ки лагандхоро дорзамин гузоранду хокхои дасташонро таканд аз паси халли мушкили мардум шаванд озодого ин харфои ки ман задам далел дорад шуморам харуз аз мушкилихо заьар доред барои хамин озодьошу чоп кун Як чахон ташакур

Озод
Сабабхои ходисаро дар фарханги мардум бояд чуст. Фарханге ки занро мутеъи мард месозад вале рухи инсонии озодахохи зан мубориза мебарад. Бо хар рохи макбулу гайри макбул.

Худо рахмат кунад фарзандони бегунохро. Ин хама мушкилотхои давлат аст. Занхои бечора дигар тахаммул карда наметавонанд. Шумо хомуш истед то хама дар кишти гарк шавад. Хар касе сухани рост мегуяд у терорист аст. Эй мардум кучо аст эхсоси инсонияти шумо?

www
коре, ки мо кардем дар соли оила хамин аст. худкушии модар бо фарзандонаш. ягон шоир ва нависандае хаст то дарди ин модар ва кудакхои маъсумро руи калам дихад. мебахшед ба ном шоир ва нависандахо шумо танхо ва танхо ба лагандбардори ва таърифу тасниф машгул хастед. соли оила, соли об ва гайраю ва хоказо. чи натича ва чи бехбуди, кадом халлли мушкили чомеа. то ба кай.............

замира
Салох
хами ношукри барои чияй? ма дар хами иди крбон хар як хона мерафтм крбони доштан бойёшон гов кштан одамои одиш гуспанд халол шон шава неки мо дар соли 1991 92 чава орд кадем хурдем очамон мора дар дарё напартофт и ай ношукри бисор мешава

умия
Мегуянд, зан дар зиндаги 3 бор мемирад:вакти дарди кудак,лахзае, ки хабари зангирии шавхарро мешунавад ва марги илохи.Шояд дар ин гуфтахо асроре бошад, вале набояд барои мард фарзандони кучаку бегунохро курбон кард.

Ин вокеахои 3 мохи охир аз дур ва бехабар мондани модарони точики мо аз ислом аст мо то рафт ба кафо меравем авалин чохилии мо точико аз дур мондани ислом ва 2 бесаводиамон хаст мо мардуме хастем ки бе аз 2000 сол тахрих дорем ва пешвохой машхур дар дунё дорем ва мардуми бисёр бо ъилму маърифат ва бо номусу бо фархангу диндоре будем, ба мо чи расидааст ки имруз бо ин пастию хору залили расидем

Им руз яке аз хама кашок тарин ва кафо монда тарин давлат дар дунё зикр мешавем ва аз хма мазлумтарини дунё хастем мусалмону диндор хастем вале наметавонем дар дини ислом истикомат кунем чавонои бориш ки суннати паёмбари акрам (с) аст шиканча мешаванд занхо ва хохархои босатри мо тахкиру маскара мешаванд ва сатрхой онхо аз сари онхо гирифта мешавад масчидой моро махкаму кандаю вайронмекунан пешвоёну олимону воъизой холису боъилхой моро манъу несту нобуд доран

Хамаи ин туфону об хезию вокеахои зарар овар басари милати точики кашоки мо аз хами касофатию чохилию чанг еълон кардан бар зиди аллох аст занхой мо бо фарзандонашон худро гак мекунанд чавоной мо худро меовезан ва ба одам кушию горатгарию вахши гарии дас мезанан хамаи ин аз касофатии худи мо точикон аст

Мардуми боимону худотарс нагузоред, ки хонаводаатон азият кашад.
Агар мусалмонед, хадиси Расули Худо (с) дар гушатон бошад " мусалмони хакики касест, нагузорад хаккашро дигарон сохиб шаванд.
Барои ба даст овардани хаккатон аз рохи адолат талош кунед. Худованд бароятон аклу фаросат дод, аз он истифода баред!" Точикистони азиз ватани ачдодии мо аст ва он ватани хар яки мо мо хама ба ин неъматхо хак дорем. Факат нагузоред, ки касе шуморо фиреб дихад.

Ба наздики 8-млион одама дар Точикистон девона мебароранд, чунки холати сахти зиндаги мардума ба хар рох мебарад. Дар хакикат вакти охир вазъияти молии мардум мушкил шудааст. Зулму беадолати болои мардум нихоят зиёд шудааст. Холо мавсими меваю сабзавот аст, дар зимистон чи хол мешавад маълум аст. Пас хукуматро мебояд аз мактабсозию хонахои баландошиёна ба сохтумони девонахонахо харчи зудтар амр дихад вагарна ин кадар девонахоро ягон дарё намебарад.

сабабхо бисер хастанд. Бехурматии шавхархо, зани дигар гирифтан, бекории мардхо ва инчунин бесавод будани худи зан. Зан бояд бамаълумот бошад. чунки тарбият кунандаи зан ва дарстаёркунии фарзанд ба души модар хаст.

Мавзуна
дуркашӣ аз дин чӣ дахл дорад?
Баръакс, давраи советӣ ин қадар масчиду ин қадар озодиҳо барои диндорон набуду. чунин ҳодисаҳо низ набуданд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)