Бахшҳо

Абдуманнон Шералиев: ҲНИТ девори қавие зидди ҷанг буд, аммо...

Дар пасманзари боздошти аъзои фаъоли ҲНИТ ва иттиҳомоти ахире, ки аз ҷониби Прокуратураи генералӣ нисбати ин ҳизб эълон гардид, “Озодагон” ба коршиносон чунин савол дод: МУНОСИБАТИ МАҚОМОТ БО ҲНИТ НАҚЗИ СОЗИШНОМАИ СУЛҲ НЕСТ?


Усмон СОЛЕҲ, сухангӯи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон

Не, нақзи созишномаи сулҳ дида намешавад. Иттиҳомоте, ки ахиран дар робита ба ҲНИТ эълон гардидааст, ин қазияе аст, ки Прокуратураи генералӣ далелҳоро асоснок карда, гап задааст, яъне дар ҳодисаҳои ахири кишвар ҲНИТ даст дорад, бино бар ин, ман фикр мекунам дар муносибати мақомот бо ин ҳизб, ҳеч гуна нақзи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ нест. Созишнома иҷро шуд ва имрӯз тамоми мардум барои ҳимояву таҳкими сулҳу субот талош меварзанд.

Абдулло ДАВЛАТОВ, раиси Иттиҳоди тоҷикони Русия

Комилан нақзи созишномаи сулҳ аст. Бадтар он аст ки ин як тасмими оҷилан гирифташуда нест, балки нақшаи таҳияшуда мебошад. Афсӯс, ки ин тасмим на фақат ба нобудии ҲНИТ ё қисме аз мардуми Тоҷикистон мекашад, балки худи Ватанро ба сӯи варта тела медиҳад. Ҳеч ба ақли солим рост намеояд, ки чаро чунин мекунанд?! Метарсам, ки ҳоло на мардум ва на ҳукумат хавфи дар пешбударо ба пуррагӣ дарк накардаанд. Дигар касе наметавонад гӯяд, ки ин амалҳои душмантарошӣ аз берун таҳия шудаву ба сари мардуми Тоҷикистон таҳмил шудаанд. Ин рафтори ҳамон тасмимгиронест, ки мисли кӯдакон қасдан коре мекунанд.

Ойниҳол БОБОНАЗАРОВА, раиси созмони ҷамъиятии “Перспектива+”

Дар муносибати мақомоти қудратӣ бо ҲНИТ нақзи созишномаи сулҳ дида мешавад. Вақте гап дар бораи сулҳ меравад, бояд ҳатман чизе, ки имзо шуд, нигоҳ дошта мешуд, чун ки сулҳ ҳеч вақт барои як муддат намешавад ва ҳамаи онҳое, ки дар имзои созишномаи сулҳ буданд, ширкат доштанд, нисбаташон эҳтиром гузоштан даркор. Мо медонем, ҳамин нафароне, ки ҳоло дар маҳбасанд, инҳо низ дар ҳамон гуруҳҳое буданд, ки сулҳ карда шуд.

Бобоҷон ҚАЮМОВ, коршинос

Агар ба ин қазия мунсифона назар кунем, мебинем, ки на танҳо ин боздоштҳо, балки муносибати ҳукумат бо ҲНИТ дар чанд соли охир нақзи созишномаи сулҳ будааст. Аз ҷумла далели ошкори ин гуфта вуҷуди худи протоколи 32-20 мебошад, ки тамоми бандҳои он алайҳи фаъолияти ҲНИТ равона шуда буд. Сипас дар солҳои ахир латту кӯби муовини раиси ҲНИТ ва сардабири нашрияи “Наҷот” низ далели дигари нақз кардани созишномаи сулҳ аз як тараф аст. Ин муносибат то он ҷо пеш рафт, ки мақомот ҳатто таҳаммули "сиёсати сабр”-и ҲНИТ -ро ҳам надоштанд. Онҳо фишору таҳдидро то он ҳад пеш бурданд, ки дафтарҳои ҳизбро дар минтақаҳо бастанд. Ба раиси ҲНИТ бо тухму помидор ҳамла намуданд. Аъзои ҲНИТ -ро маҷбур карданд, ки аз ҳизб хориҷ шаванд. Аммо ҲНИТ дар баробари ҳамаи инҳо сабр кард. Зеро медонист, ки рақибон мехоҳанд наҳзатро водор кунанд, ки даст ба амали хушунатомез бизанад. Аммо тамоми ин амалҳо натиҷа надод. Бинобар ин дар як иқдоми тарҳрезишуда масъулони ҲНИТ-ро боздошт намуданд ва онҳоро ҳамдасти собиқ муовини вазири дифоъ унвон карданд. Дар ҳоле, ки тамоми мардуми кишвар ва ҳатто коршиносони байналмилалӣ низ медонанд, ки наҳзат ба фикри амали хушунатомез набуд ва нест. Ҳоло ҳукумат мехоҳад бо ин баҳонаҳои сохта ҲНИТ-ро ҳизби террористӣ намоиш диҳад.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ, раиси Ҳизби сотсиалистӣ

Ман ҳеч гуна нақзи созишномаи сулҳро намебинам ва дар тӯли 24 соле, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон истиқлолият ва сулҳу ваҳдатеро, ки ба даст овардааст, ҳоло барои нигоҳ доштани он талош меварзанд. Амалҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон на боиси дастгирӣ, балки боиси маҳкум кардан аст. Хусусан баъди амалҳои генерал Назарзода, ман ҳамчун раиси Ҳизби сотсиалистӣ ҳаминро гуфтаниям, ки ҲНИТ ба мо дигар лозим нест.

Абдуманнон ШЕРАЛИЕВ, таҳлилгар

Созишномаи сулҳ аллакай нақз шудааст. Чизе дигар аз он созишнома боқӣ намондааст. Ин ки дар Тоҷикистон алъон ҷанг нест, ба ин маънӣ нест, ки сулҳ ҳаст. Албатта дигар ҷанги шаҳрвандие, ки ду даҳсола қабл ҷараён дошт, такрор нахоҳад шуд, аммо ин сулҳ ҳам, ки алъон танҳо шабаҳаш боқӣ мондааст, дигар сулҳ нест. Ҳукумат даъво дорад, ки ҲНИТ мехост ҷанги навро оғоз кунад. Аммо ҲНИТ на мехост ва на метавонист ҷанг кунад. ҲНИТ танҳо девори қавие зидди ҷанг буд, ки ҳукумат бо дасти худаш рахнаҳое дар ин девор эҷод кард.

Мирғиёс АҲРОРОВ, ҳуқуқшинос

Имрӯз пеш аз ҳама мо бояд муқаррароти созишномаи сулҳро риоя намоем ва он созмону давлатҳое, ки кафили сулҳи точикон буданд, бояд бетарафӣ зоҳир накарда, сари ин масъла ҷиддӣ назорат баранд, зеро ҳамаи мо тоҷикону тоҷикистониён аз ҷангу ошубҳо безорем. Бояд ваҳдати миллиро дуруст шиносему ба қадраш расида, Ватанро обод намоем. Бояд ҳизбҳои сиёсӣ бемамониат аз рӯи оинномаашон амал намоянд ва саҳнаи сиёсатро на фақат барои як ҳизби ҳоким, балки барои ҳама якхел муҳайё намоем. Ман шахсан аъзои ягон ҳизбе набудаму нестам ва ҳамчун ҳуқуқшинос метавонам гӯям, ки ин кашмакашиҳои беасос оқибати хуб надоранд.
Мӯҳр
ХНИТ мо бо шумоем. Дифо мекунием. Кули мардуми Уро-Теппа. Мо рози намешем, ки Хнит аз байн равад.

мирилес
Миргиес сад фоиз аъзои хнити чи дуруг мегуй?? Бобочон хам нахзатии курти куртай, озодагон коршинос навистааш???))))))

Шарифи Фатхуддин
Мурочиат ба Абдулло Давлатов:Шумо ба чои дар ин кор сар халондан ба мухочирони ш.Санкт Петербург кумак кунед..Мухочирони бечора вакте ки дар фурудгохи ин шахр фуруд меоянд хамаи онхоро ба монанди "рамаи гусфандон"дар якхучра чамь намуда аз онхо мачбуран ба маблги 1200рубли меситонанд ва ба ивази ин пул ба онхо сугутаи(строховка) 3-моха медиханд ки берун аз фурудгох 500р меистад гуё ин мачбурист.Шахсони сугуртанавис хама точиконанд аммо худро тавре вонамуд месозанд ки гуиё точик нестанд ва шахсоне ки мухочиронро мачбуран сарзанишкунон чам месозанд кормандони"ФМС" мебошанд,вакте ки мо як гурух чавонони пешвозгир бо онхо бахс кардем ки ин мачбури нест онхо бамо гуфтандки "-ба хар як корманди мо(ФМС)4000рубли медиханд мо ба онхо кумак мекунем!шумо ба точикони худатон мурочиат кунед!Шумо чаноби А.Давлатов пеши ана ин корро гиред мухочирони бечораро худди точикон горат мекунанд шумо инро намебинед ё ин бизнеси худди шумост.Мухочир дар фурудгох фаромадаву холо дар чайб маблаге надорад!Сухани шумо ба ФМС намегузарад аммо наход ки ба горатгарони точик нагузарад!Барои чи Киргизу казоку узбек омада озод мегузаранду точик не!!!!!озодагон илтимос чоп кунед

хусрав
90 дар сади мардуми мо мусалмонанд ва ҳамаи ин медонанд ки ҳукумат бар зиди ислом ва ҳизби исломи фишорҳо ва туҳматҳо карда истодааст. ва ин мардуми мусалмонро ин ҳизбаи Наҳзат буд ки ором мекарду ба сабр мехонд то аз роҳи қонуни мушкилотро ҳал кунад ва дар кишвар ҷанг нашавад мисли дигар кишварҳо. аммо афсус ки ин Ҳукумат ин Ҳизбро баст оқибати бад дар интизораш.

nabi farhor
Хама медонанд,ки коркунони ХНИТ мачбуран дастгир кардаянд.Агар онхо ягон накша медоштанд,хамаашон фирор мегарданд.Чаро то имруз пеши рохи М.Кабири гирифта нашуд,ё Гинерал Назарзода Халим.Дуо мекунем,давлати мо тинчу осуда бимонад.

Саша
Не, нақзи созишномаи сулҳ дида намешавад....

ДОНИШЧУ
КАСЕ КИ ТАРАФДОРИ ХНИТ АСТ У БА КУЛЛИ МАНКУРТ АСТ ВА АКЛУ ИДРОКИ ИНСОНИ НАДОРАД.ХНИТ РОБОТИ ОДАМСУРАТЕСТ КИ ПУЛТАШ ДАР ДАСТИ ХОЧАГОНИ ХОРИЧИАШОН АСТ.

Донишчу! Безор кардед бо хамун гапои "хочагони хоричи"-атон! Ки хастанд онхо? Гуед мо хам донем он хочахо ки бошанд? Хамат як гапа ёфтед "хочагони хоричи" далел надоред барои гапотон ба хамин бахона худатона оправдат мекунед!

Озодагон шарм дорен, Миргиёс Аҳроров ин ҳамон муллои ҷодугари Уротеппагист, ки якчанд сол беш бо ҷурми дастбазӯрӣ ба духтарони ноболиғ ҳабс шуда , ва то ҳатто дар вохӯри бо намояндагони мақомоти қудрати ҷаноби Раҳмон номи ӯро гирифта буд.

Ин чи хел созишномаи сулх будааст, ки пас аз имзояш хамаи намояндагони мухолифин дар хар кучо ва бо хар бахона баъзеашон нобуд ва баъзеашон ба зиндон кашидаю, кисме дар хорич дар гуреза. Абдуло Нури ва Мухамадшариф Химатзода захр дода кушта шуданд. Ин хама сохтакорихо сари бисёр равшанфикрронро хурд. Ин сул набуду ва нест. Чанги солхои 92 давом дорад факат бо тарзи дигар. Окибати ин сохтакорихо боз чанг аст, ки ин дафъа милатро ба нести мебарад. Худо ин милати бечораи мусибатзадаро дар панохаш нигох дорад.

исмоил
Ба Шарифи фатхиддин.
Химояти хукуки мухочирон пеш аз хама кори макомоти расмист. Агар он кадар ноогох боши, пас бидон, ки дар Русия ин корро бояд Сафорати ЧТ, консулгарихо ва намояндагихои Вазорати шугли ахоли ва мухочират анчом диханд, на Абдулло Давлатов ё шахси дигар. Хукумати мо ба чуз лаганбардориву чоплуси назди макомтоти расмии Русия аз дасташон кори дигаре барнамояд. Хамасола даххо санадхо дар мавриди хифзи мухочирони кории точик дар Русия ба имзо мерасад, аммо натичаашон сифр. Узбаку киргиз на санад ба имзо мерасонанд, на чоплуси мекунанд, вале мухочиронашон бехтарин шароитхоро дар Русия дар ихтиёр доранд.

Худи шумо хочахои хоричи доред. ЧИН ва ИСРОИЛ

ХУКУМАТИ ЧТ БО ИН ТУХМАТХОВУ ФИШОРХО БА САРИ МУСАЛМОНХОИ ТОЧИК ВА ХНИТ, БАР ДУШМАНОНИ БЕРУНА ЯК ФУРСАТИ ТИЛОЙРО ФАРОХАМ МЕКУНАД КИ ОКИБАТИ ХУБЕ БАРОИ СУЛХУ СУБОТИ КИШВАРАМОН ХАТАРИ КАЛОН ДОРАД.

ЧАНОБИ ОЛИ ИН МУШОВИРОНУ ТАХЛИЛГАРОНЕ КИ БА ШУМО ЧУНИН МАШВАРАТХО ВА НАКШАХОРО ПЕШНИХОД МЕКУНАНД ИЛТИМОС ЧИДИТАР САНЧИДА БАРОЕДУ ПАС БА АМАЛИ КАРДАНИ НАКШАХОИ КАШИДААШОН ИЧОЗАТ ДИХЕД.. ТО КИ СУЛХРО АЗ ДАСТ НАДИХЕМ..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)