Бахшҳо

ВИДЕО: Додситонӣ дар бораи гуруҳи 300 нафарии Ҳоҷӣ Ҳалим ва зикри Кабирӣ

Додситонии кулли Тоҷикистон шоми 25 сентябр бо пахши як гузориш тариқи шабакаи аввали телевизиони давлатӣ изҳор дошт, ки Абдуҳалим Назарзода, аз соли 2010 то моҳи августи 2015 бо дастури Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуруҳи ҷиноӣ ташкил карда, мунтазам ба онҳо аз 400 то 600 сомонӣ маблағ пардохт мекардааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон шумораи умумии гуруҳи Назарзода, маъруф бо Ҳоҷӣ Ҳалимро 300 нафар арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки "аз соати расо 20 то 4-у 40 дақиқаи шаби 3-юм ба 4-уми сентябри соли 2015 Назарзода бо сардори Раёсати инспексияи ҳарбии Вазорати мудофиа, полковник Умаров Ҷунайдулло Сатторович, муовини фармондеҳи қушунҳои хушкигарди қувваҳои мусаллаҳ, полковник Сафаров Назармаҳмад Муродович, сардори шуъбаи разведкаи ҳарбии қушунҳои хушкигард, полковник Юнусов Умар Кенҷаевич ва дигар шариконаш, аз ҳисоби собиқ хизматчиёни ҳарбии баталони 25-и қисми ҳарбии 31001, аз ҷумла Муродов Сарабек Баротович, Абдуллоев Зиёриддин Қодирович ва дигар нафарони айни ҳол шахсияташон барои тафтишот номаълум, ки ҳар яке аз онҳо гурӯҳи муайянеро сардорӣ мекарданд, нақшаи ҳамлаи мусаллаҳонаро зидди намояндагони сохторҳои қудратӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ваҳдат ва Рӯдакиро тарҳрезӣ карданд. Ба ин мақсад, Назарзода Абдуҳалим Мирзо бо сӯиистифода аз ваколатҳои хизматӣ ва истифодаи нақлиёти хизматии сохторҳои Вазорати мудофиа, якҷоя бо ҳаммаслаконаш ба бинои маъмурии Дастгоҳи марказӣ ва ба қисмҳои ҳарбии 08050 ва 17651-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон озодона даромада, аз он ҷо 645 мил силоҳи оташфишони гуногунтамға ва 64 ҳазору 445 дона тирҳои қутрашон ҳархеларо тасарруф намуда, ба ҳудуди корхонаи хусусии нонпазии худ, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Аҳмади Дониш-55 интиқол додаст”.

Мақомот таъкид мекунанд, ки бо супориши Назарзода Абдуҳалим зиёда аз 100 нафар дар саҳни ҳавлии корхонаи мазкур ҷамъ омада, бо либоси ҳарбӣ ва силоҳ таъмин шуданд.

Дар идома аз ҳамлаи ин гуруҳ ба ШКД-и Ваҳдат ва ба кормандони “ОМОН” дар гардиши фурудгоҳи Душанбе зикр шуда, таъкид гардидааст, ки дар натиҷаи амалиёт 125 шарики Ҳоҷӣ Ҳалим боздошт ва 25 нафар кушта шудаанд. Манбаъ мегӯяд, тафтиши қазия идома дорад.

Ин гузориш дар ҳолест, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, на худаш ва на аъзои боздоштшудаи ҳизбаш ба ҳаводиси ахири марбут ба гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим рабте надоранд.

Кабирӣ дар суҳбати катбӣ бо “Озодагон” гуфт, иддаои Додситони кулли Тоҷикистон алайҳи худи ӯ ва аъзои ҳизбаш поя надоранд. Ба гуфтаи раиси ҲНИТ, "ҳадаф аз сохтакории мақомоти тоҷик ва рабт додани аъзои ҲНИТ ба ошӯби Назарзода" дар пайгарди байналмилалӣ қарор додани ӯ мебошад.

Раиси ҲНИТ ҳаводиси ахирро фурсати муносиб барои пиёдасозии ҳадафи ҳукумат нисбати ҲНИТ хонда, афзуд, "омилҳои ин амали Назарзодаро бояд дар сиёсати нодурусти ҳукумат ҷӯст".


Мӯҳр
Сарбоз
Хамаи инхо ба фикрам собик размандагони инот хастанд ки хукумат касди соли 92 ва душманиашро холо мегирад. Тамоми ин бечорахо ба кору зиндагии худ машгул буданд. . Фикр мекунад ки хаминхо душмани уянд ин аблахи аст чавнмардони точикро хамаашро нобуд карда истодапд бо фанду фиреб пага як хамсоя хамлс кунад ки пеши рохашро мегирад. Бо 4 сарбоз дар як руз хамаатонро говкуш мекунанд

Субҳонака ҳозо буҳтону азим

Саидчон аз Ёкутистон
Оё аз мардум шарм намедоранд ва аз Худо наметарсида бошанд бо ин кадар дуруги сохта? Хамаи инро медонистаед пас чаро пешгири накардед??? Ман аъзои хеч хизбе нестам,дуруг хам хаду канор доштагист...

Рост мегуям огои Кабири. Чаро хукумат аз аввал сари рохи онхоро рнагирифт мумкин 150 нафари мондагиш боз ягон рузи дигар бароянд. Чи тавре мегуянд гурги дайду дар кафас бисер намеистад.

Иброхим
Барои он ки мансаби нахустини кишвар авлоди шавад сухли бо азобхои зиёде ба даст омадаро зери пой карданд. Кушта шудани 350 хазор одам ба мансабдорону мансабпарастон дарс нашуд...

Дуруст кайд када баромад огои Кабири инро бояд хукумат аз аввал медонист. Хочи Халим аз соли 97 дар вазорати мудофиа корро шуруь кардааст. Агар онхо 300 нафар бошанд 150 тои дигарашон кучо шуда бошад. Чи тавре мегуянд гурги дашти дар кафас бисер намеистад. Рузе мешавад боз онхо мебароянд, хозир сари вакт аст онхоро ефта несут нобуд сохтан даркор.

ФИРУЗ
ВАТАН АСЛО ХИЁНАТРО НАМЕБАХШАД, РАЗОЛАТРО НАМЕБАХШАД.ХИЁНАТ БАХРИ ИН МОДАР ХИЁНАТ БАХРИ ИН КИШВАР, ГУНОХ АСТУ СИТАМГОРИСТ, ХАР ОН КИ РАФТ БО ИН РОХ НАСИБАШ ХОРИЮ ЗОРИСТ.

кулли мардум безор шудаанд аз ин тухмату бухтонхои сохташуда...

Илтимос дар инҷо оятҳои Қуръониро нанависед, дигар инки бародар субҳонака ҳозо буҳтону азим не ,,Субҳанака ҳаза бутанун азим, , дигар инки бародар ин амалҳое, ки ҳоҷи ҳалим кард ба паст будани ӯ ва аз дин дур будани ӯ далолат мекунад, бародари азиз ту ҳақиқати Исломро таълим бигир Ислом аз шигиву терормсти безор аст, намедонам озодагон чоп мекунанд ё не???

салмон
пас натича ро боз хам мо хукуматдорон гирифтанамон даркор чунки мешудааст бо 400-600 сомони хелехоро харид! пас ба фикри баланд бардоштани сатхи зиндагии мардум андеша карданамон даркор! сенарияи эрон бояд амали мешуд вале икболи баланди мардуми точик ин имкон ро муяссарашон нагардонид! инхо бояд аэропорт ро барои ним соат мегирифтанд ва бархе нерухои хоричи ворид мешуданд ва Кабири хам мисли хумайни ки солхои давраи шохашон аз франс омада буд мекарданд вале корашону сенарияи хоричихояшон бар бод рафт! як фалсафаи дигараш инки бархе рохбарон акнун бояд камтар пеши нафсашона гиранд! ин хуш дори худованд буд ба фикрам! Каме ноадолатона хурдани хакки мардум паемадхои нохуб хам дорад! барои гурухе аз ачнабипарастон хам гуфтаниам ки хиенат ба Ватан одамро дарбадару гарибу нотавону бечора мекунад! тем более агар хоча гон хам куфру хам гуе сохибони дин бошаду барои мардум ва Ватан модарам он бегона!!!!!

Омузгор
Дар Точикистон бе таго сохиби мансаб намегарди, Тогои Хочи Халим ки буд, ки уро дастгири кард ва вазифааш доданд. Бигзор у низ чавоб гуяд

дуругхам хадду канор доштагист. ба Худо агар 20 ё 30 гурухи мусаллах медошт ва максадаш табаддулот мебуд ин корро карда метавонист. вакте 30 гурухи мусаллах дошт зиёда аз 300 нафар дошт чаро гурехта кух баромад?магар дар тори кух табаддулот карда мешавад? накшаи хукумат буд ки бояд хочихалим дастгир мешуд ва ба табаддулот муттахамаш мекарданду шарики нахзат эълонаш мекарданд аммо хоч инро фахмиа фирор кардааст. магар генералеки касди табаддулот дорад ва 300 нафари мусаллах дорад 4 амонсро кушта фирор мекунад? дархолеки хонаи приздент дар таги фукашон буд ва чандин иншооти давлатихам. аммо бо ягончо хамла накарданд чун касди табаддулот надоштанд чонашонро гирифтаву гурехтаанд. суол ба макомот ин аст ки пас чаро ба хечкучо хамла накарданд? чаро кушиши табаддулот карданро накарданд? магар 5сол накша кашиданду 300 нафари ботачриба хамаги 9 милисаро куштанду фирор карднд? хамин аст накшаи табаддулоташон?ростигап и другтон нашид ягон дуруги созтар бофен. мантики бошад. озодагон бетагир чопкун

Точик
Дуруг дуруг дуруг як дуруги замини гуед ки камтар ба рост монанд бошад 5 сол пеш ки накша кашида буд Кабири ё хукуматдорон?

Ватандуст
ин харомхурхо харом мурдаанд. Ин рохбарони ИНОТ ва аъзоёни ХНИТ мехоханд Точикистонро ноором карда, Точикистонро ба монанди Афгонистон исломи карда, майдони чанг ва курсихоро сохиб шаванд.

хукумат намехост будаашро аз даст бидихад ва шартхои мушовирони сахюнисти дунёпарастро кабул кард ва зидди исломгархо чанги нохакро рох андохт. Аммо дар хар як кор хикмати Аллох (чч) аст, миллат дигар ба вовчику юрчик таксим намешавад. Ин коре, ки хукумат кард вокеан боиси ташакули мо хамчун як миллати вохид шуд . акнун таксимот дигар аст СИСТЕМА ва МИЛЛАТ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)