Бахшҳо
28 сен 2015 08:34Тоҷикистон / Сиёсат

Дидору гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон ва Пан Ги Мун дар Ню-Йорк

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Пан Ги Мун, дабири кулли Созмони миллали муттаҳид мулоқот кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти президенти кишвар, ин мулоқот шоми рӯзи 27 сентябр дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар ҳошияи Саммити ҷашнии 70-солагии СММ сурат пазируфта, дар он масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шудааст. Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, “мо ба рушди ҳамкориҳо бо Созмони Милал манфиатдорем ва хоҳони онем, ки ҳамкориҳоямон дар бахшҳои стратегӣ хислати мушаххас касб намоянд”.

Дафтари матбуоти президент меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон ба Пан Ги Мун ва тамоми муассисаҳои СММ барои дастгирии ҳамешагӣ ва ҳамаҷонибаи ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба масоили об, пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об, ки дар қарорҳои марбутаи Маҷмаи Умумӣ инъикос ёфтаанд ва кумаку дастгириашон дар бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиии Тоҷикистон изҳори ташаккур намуда, изҳор дошт, "ҳамкорӣ ва фаъолияти муштараки Ҳукумати Тоҷикистон ва агентиҳои Созмони Милал натиҷаҳои хуб дода, дар даҳсолаи охир ба коҳиши мунтазами сатҳи камбизоатӣ, ки ҳадафи рақами 1 аз Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола аст, сабаб шудааст. Инчунин Тоҷикистон ба таъмини пурраи таълими ҳамагонаи ибтидоӣ ноил гашта, дар кишвар марги модар ду баробар коҳиш ёфтааст ва бемории вараҷа (малярия) комилан аз байн бурда шудааст”.

Ҷонибҳо доир ба аҳамияти рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақа, пеш аз ҳама Афғонистон, татбиқи лоиҳаҳои минтақавии стратегӣ дар бахшҳои коммуникатсия ва энергетика, аз ҷумла сохтмони роҳҳои нави оҳану мошингард ва хатҳои интиқоли нерӯи барқ табодули назар намуданд: “Мусоҳибон ҳамчунин доир ба тағйирёбии иқлим, зиёд шудани офатҳои табиӣ, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, озуқаворӣ ва энергетикӣ, бемориҳои сирояткунанда, зуҳуроти терроризм ва экстремизм, амният ва ҳифзи суботи минтақавӣ, низоъҳои ҳарбӣ дар як силсила кишварҳо ва минтақаҳои олам, ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои муосир мубодилаи афкор намуданд”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)