Бахшҳо
28 сен 2015 10:58Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Э.Раҳмон дар бораи фоидаи обанборҳо, стратегияи нав ва ҳодисаҳои ғайриоддӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҳамоиш зери унвони "Ба хотири ҳифзи сайёраи мо ва дар ҷодаи мубориза бо тағйирёбии иқлим" дар шаҳри Ню-Йорк аз фоидаи обанборҳо, гармшавии ҳаво, тақсими нобаробари об суҳбат карда, хостори таҳияи стратегияи нав алайҳи тағйири иқлим дар Осиёи Марказӣ шудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ин ҳамоиш изҳор доштааст, ки тайи 60 соли охир ба ҳисоби миёна ҳарорати солонаи ҳаво дар Тоҷикистон ба андозаи 1 дараҷа аз рӯи Селсия баланд шудааст: “Теъдоди рӯзҳои сербориш зиёд гардидааст ва ҳодисаҳои ғайриодии гидрометеорологӣ бештару шадидтар рух медиҳанд. Фақат ба иллати офатҳои табиии имсола ба иқтисоди кишвари мо ба андозаи садҳо миллион доллари амрикоӣ ҳисороти моддӣ расид. Мутаассифона, онҳо ба талафоти ҷонӣ низ боис шуданд”.

Эмомалӣ Раҳмон илова кардааст, ки аз рӯи маълумоти мавҷуда, ба иллати тағйироти иқлим дар ҳудуди кишвари мо то як ҳазор пирях нобуд шудааст: “Кишварҳои минтақа захираҳои обро чун унсури асосии рушди устувор эътироф намуда, тағйири даври гидрологиро бо эҳсоси нигаронӣ арзёбӣ менамоянд, зеро он ба амнияти обӣ, энергетикӣ ва озуқаворӣ таъсири манфӣ расонида, эҳтимоли обхезиҳо ва хушксолиҳои шадидро афзун мегардонад”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин таъкид намудааст, ки ба кишвари мо ҳамагӣ се дарсади партовҳои минтақа рост меоянд: “Тоҷикистон аз рӯи партовҳои қиёсии гази карбонат ҷои 135-умро ишғол менамояд. Партовҳои газ дар Тоҷикистон дар як сол андаке бештар аз як тоннаро ба сари одам ташкил дода, ҳиссаи партовҳои дахлдори кишвар дар миқёси минтақа ҳамагӣ тақрибан ба 3 фоиз баробар аст”.

Эмомалӣ Раҳмон яке аз роҳҳои ҳалли ҷилавгирӣ аз тағйирёбии иқлимро истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи нерӯ, асосан гидроэнергетика, арзёбӣ карда, иттилоъ додааст, ки нерӯгоҳҳои барқи обӣ тақрибан 98 фоизи нерӯи барқи Тоҷикистонро тавлид мекунанд.

Раисиҷумҳур инчунин таъкид намудааст, ки ббанборҳои нерӯгоҳҳо дар навбати худ, дар баробари таъмини танзими боэътимоди бисёрсола ва мавсимии ҷараёни об, ба пешгирии обхезиҳо ва сабуксозии оқибатҳои хушксолӣ мусоидат мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон кардааст, ки дар Осиёи Марказӣ, ки захираҳои об дар ҳудуди ду кишвар ташаккул меёбанду қисми зиёди истеъмолу истифодаи об ба кишварҳои боқимондаи дигар рост меояд, зарурати таҳияву татбиқи стратегияи минтақавии маҷмӯӣ оид ба мутобиқсозӣ ба тағйири иқлим кайҳо ба миён омадааст: “Стратегияи зикршуда бояд тадбирҳои мутобиқсозиеро фаро гирад, ки дар дурнамои миёна ва дарозмуҳлат ба таъмини амнияти минтақа дар арсаи об мусоидат намоянд”.

Раисиҷумҳур инчунин дар умури мубориза алайҳи тағйирёбии иқлим умед ба кӯмаки молии ҷомеаи ҷаҳонӣ кардааст: “Бо таваҷҷуҳ ба ин ҳолатҳо, изҳори умед мекунем, ки василаҳои нави молиявӣ – Хазинаи иқлимии сармоягузорӣ ва Хазинаи сабзи иқлимӣ – дар ҷодаи амалӣ сохтани чораҳои нақшавӣ ба мо кумаки саривақтию зарурӣ хоҳанд расонид”.

Ин изҳороти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҳолеянд, ки Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷии Узбакистон 25 сентябр зимни суханронияш аз минбари Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк алайҳи бунёди нерӯгоҳҳои бузург дар ҳавзаи дарёҳои Аму ва Сир баромад кардааст.

Расонаҳои Узбакистон дар пайи нашри ин хабар зикр мекунанд, ки Тошканд алайҳи бунёди нерӯгоҳи “Роғун” дар Тоҷикистон ва Қамбарота дар Қирғизистон баромад мекунад.
Мӯҳр
Tojik
Бовари дорем, ки пешвои точикони сайёра муваффак хоханд гашт.

КУЛОБ
РАХМАТ БА ПАДАРУ МОДАРАТ ДАР НАЗАРМ АЙ ХАМА МАРДИ ХАМГОРУ БОВАФО БАРОИ МО ШУМОЕН ЭМОМАЛИ РАХМОНОВ МАЙЛАШ КАСИ ЧИЗЕ БУГА НАГА ЛЕКИН ХАЛК МЕДОНА КИ КАСЕ БАР ЗИДИ ШУМО ГАП МЕЗАНА ДАР БАРАКАТИ ДАВЛАТДОРИИ ШУМО ОСУДА НАМЕМОНА ШУКРОНА КУНЕН ИМРУЗ ХУДОВАНД ДАР БАРАКАТИ ДАВЛАТДОРИИ ХАМИ МАРДАК МОРА ФАЙЗУ БАРАКАТ ДОДАЙ БОЗ АЙ КУЧО МЕДОНЕН КИ ИХЕЛ ШОХ БА МО ХУДОВАНД МЕТИЯ Ё НЕ МО БО АХЛУ ОИЛА ЭМОМАЛИ РАХМОНА ХУРМАТУ ЭХТИРОМ МЕКУНЕМ ДУСТ МЕДОРЕМ ХИС МЕКУНУМ КИ БАРОИ ХАМИН ХУДОВАНД БА МО ФАЙЗУ БАРАКАТ ДОДАЙ БАРОИ ОН КИ АЙ ДИЛИ ХАР БАНДА ХУДОВАНД ХУДАШ БОХАБАРАЙ ХУДОИ МЕХРУБОНИ МАН НИГАХБОНАТ БОША ЭМОМАЛИЧОН

Чалолиддин
Рахмат ба Шумо Чаноби Оли, Рогунро бо тамоми восита бояд сохт. Изхороти вазири узбак набояд моро рухафтода намояд.

Мулки ту кунун дар камари куху Бихишт аст,
Ончо ки макони дили озода сиришт аст.
Ту зиндаву поянда бимон, то ки замон аст,
Номи Ту ба таърих Худованд навиштаст.

Имруз бувад чойи ту дар дидаву дилхо,
Дар синаи мойи, Ту – оби сафойи.
Ту сулху вафойи,
Ту нури, ки андар барии Хуршеди самойи.

Ту Рахкушойи, Ту Рахнамойи!...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)