Бахшҳо
28 сен 2015 11:20Тоҷикистон / Сиёсат

Пурсиш: Эҳтиёткортар шудани расонаҳои мустақилро дар рӯзҳои ахир мушоҳида кардед?

Бархе соҳибназарон бар инанд, ҳаводиси ахир сабаби эҳтиёткортар шудани расонаҳои мустақил ва бештар шудани худсенсорӣ дар фаъолияти онҳо шудааст. Суоли “Озодагон” ҳам ҳамин буд: ЭҲТИЁТКОРТАР ШУДАНИ РАСОНАҲОИ МУСТАҚИЛРО ДАР РӮЗҲОИ АХИР МУШОҲИДА КАРДЕД?[/size]


Нуриддин ҚАРШИБОЕВ, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон

Бале. Ин омилҳои зиёд дорад. Масалан, таъқиботи судӣ ва эътимод надоштан ба адолати судӣ, авзои сиёсии ҷомеа ва адами риояи хуқуқ ба кор ва кафолати иҷтимоӣ, набудани сиёсати идорӣ дар расонаҳо ва ғайра метавонад боиси эҳтиёткорӣ ва худсенсорӣ миёни ҷомеаи рӯзноманигорӣ гардад.

Абдумалик ҚОДИРОВ, коршинос

Чанд муддат аст, он чи дар расонаҳои интернетӣ ва иҷтимоӣ нашр мешавад, хеле ва хеле эҳтиёткоронаанд. Инро фаҳмидан ҳам мумкин, чун имрӯз на танҳо расонаҳо, балки коршиносон ҳам дар баҳогузорӣ душворӣ мекашанд, зеро хеле чизҳое ҳаст, ки ноаён аст. Табиист, расонаҳои мустақил нисбати маълумоте, ки мақомоти давлатӣ мегӯянд низ хело эҳтиёткорона муносибат мекунанд. Зеро дар чунин як лаҳзаи ҳассос хеле имкони зиёд ҳаст, ки бо пахши як хабаре, ки тасдиқ нашудааст ё намешавад, расонаҳо метавонанд гирифтори мушкилот шаванд.

Айём НАБИЕВ, хонанда

Эҳтиёткор шудани расонаҳо на инки дар рӯзҳои ахир, балки дар як ду соли ахир ба чашм мерасад. Онҳо шояд бо сабаби дар майдони журналистика монданашон ин корро мекунанд. Зеро дар шароити кунунӣ ҳар факту далели носанҷида метавонад боиси баста шудани расона гардад ва аз ҳамин хотир журналистон низ кушиш мекунанд, ба худсенсорӣ гузаранд. Фикр мекунам, фаъолияти расонаҳо дар ҳоли ҳозир муътадил аст.



Мӯҳр
Бале, бисёр хуб мушоҳида мешавад. Ноширон метарсанд, ки ба тӯҳмате гирифтор нашаванд. Дар ТҶ тӯҳмат муд шудааст. Ҳар кас ҳар лаҳза метавонад дар тӯҳмат монад, осонак, мисли инки як нола ошро фуру мебрӣ. Ва бадбахтӣ дар онки,гирифтори тӯҳмат шудӣ, дигар аз он халосӣ нест. Рост ба зиндон меравӣ.

Саркор
Эхтиёткор не хиёнаткор,яъне харфи дуруг гуфтан ,хакикатро пушонидан чуз хиёнат ба ватану миллат чизи дигаре нест.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)