“Фишор”-и мақомоту саркашии Ёров: Аз ҳимояи аъзои ҲНИТ даст намекашам

Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, баъди азмаш барои дифоъ аз ҳуқуқҳои масъулини боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мавриди фишор қарор гирифтааст.
Оқои Ёров имрӯз, 28 сентябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, намояндагони мақомот аз ӯ хостаанд, аз ҳимояи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ даст бикашад. Ӯ афзуд, бархилофи қонунгузорӣ дар мавриди сирри адвокатӣ намояндагони мақомот шартномаҳои солҳои 2014-2015-и ӯро нусхабардорӣ карда, бо худ бурдаанд. Ӯ ин иқдомро як навъ фишор арзёбӣ карда, гуфт: “Айни ҳол маро ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил даъват кардаанд. Ман рафта мефаҳмонам, ки аз ниятам барои ҳимояи масъулини ҲНИТ намегардам, зеро маро давлат хӯрондаю пӯшондааст, то аз ҳуқуқи шаҳрвандонамон ҳимоя кунем. Мефаҳмонам, ки дар доираи сиёсати давлат барои ислоҳот дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, ки президент ҳам борҳо ба ин нукта таъкид кардааст, фаъолият хоҳем кард”.
Бузургмеҳр Ёров дар пайи боздошти 13 масъули ҲНИТ бо иттиҳоми узвият дар гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим, дар суҳбат бо “Озодагон” аз таъсиси Кумитаи ҷамъиятии дифоъ аз ҳуқуқи боздоштшудагон хабар дода буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |