Бахшҳо

Абдулқодирзода: Аз тарс 80% мошинҳои гаронбаҳояшонро пинҳон карданд

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон имрӯз, 2 октябр дар намози Ҷумъа дар пасманзари зикри “хиёнаткорӣ”-ҳои Ҳоҷӣ Ҳалим, Муҳиддин Кабирӣ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз аҳамияти сулҳу оромӣ суҳбат намуд.

Абдулқодирзода дар хутбаи намози ҷумъа дар Масҷиди марказӣ изҳор дошт, ки агар сулҳу оромӣ набошад, мардум наметавонанд осуда гаштугузор кунанд ва то ҳатто дар масоҷид намоз гузоранд. Ӯ аз ҷумла нооромиҳои аввали моҳи сентябрро дар Тоҷикистон мисол оварда, афзуд, ки тибқи ташхисҳо дар он рӯзҳо аз тарси нооромӣ 80 дарсади мошинҳои гаронбаҳоро пинҳон карданд ва танҳо 20 фоиз бо мошинҳояшон сайругашт доштанд.

Абдулқодирзода дар идома суҳбатҳои қаблияшро дар мавриди ҲНИТ, Ҳоҷӣ Ҳалим ва Муҳиддин Кабирӣ баён дошта, дар зимн аз намозгузороне интиқод намуд, ки саргарми суҳбатҳои худ буданд. Ӯ дар хитоб ба намозгузорон, ки бархеяшон ба суҳбатҳои худ машғул буданд, изҳор дошт, вақте вориди масҷид шудан бояд дар ёди Худою Расул шаванд ва аз суҳбатҳои дунёӣ, аз ҷумла ғайбату туҳмат канорагирӣ кунанд.
Мӯҳр
Чупон
Ба чаноби Абдулкодирзода тавсия медихам, ки мошинхои гаронбахои худашро хам ба номхои дигарон гузаронад, ки фардо навбати худи у зам меоасад барои мусодираи молаш

озод
.Тавбафармоен чаро худ тавба камтар мекунанд.
.

Хаха бисёр хандаовар. Мардумро насихат мекунадки дар масчид суханхои дунёи назананд ва тухмат накунанд. Дархолеки худаш хамин корро мекунад. Магар хочихалиму хизбу кабирию нахзатихо гапхои дуняви нестанд? Ва муфти дар хаки нахзату кабирию дигарон тухмат накардаистодааст? Танхо хандаи одам меояду халос . Муфти дигар гапнадори? Гайри нахзату хочи халим ё инхо амри маъруфу сухани Худоанд?

магар барои Саидмукарама мумкин аст дар бори дунё сухбат кунад???

О худаш аз авал то ба охир аз Дунё суҳбат мекунад ку?!!!

ҷовид
Аз у бечоратар ҳаргиз надидам ман
Зинда бош эй ватан Тоҷикистони озоди ман!

Боб кардед-ку домуллоя, ачаб кардед

БЕНОМ
О И АМАКИМ ТО ДИНАРА МЕГУФТ СИОСАТ АЙ ДИН ЧИДОАЙ КУ...

Эй. Муфти шумо Вахте дохили масчид медароед. Бояд Дарк кунед,ки
Мардум нисбати шумо чигуна эхтиром мекунанд

Ман фикр мекунам мардум аз суханои шумо дилгир шудаанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)