Бахшҳо

Президент ба ширкати тобеи Зуҳуров 3 сол муҳлат дод

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон муҳлати пардохти қарзҳои “Тоҷиктелеком”-ро дар назди буҷа барои се сол тамдид кардааст. "Тоҷиктелеком" ширкати тобеи Хадамоти алоқа мебошад, ки роҳбарии онро Бег Зуҳуров ба уҳда дорад.

Тибқи иттилои манобеи “Озодагон” ҳаҷми қарзи “Тоҷиктелеком” аз андоз то 1 январи соли равон 12 миллиону 123 ҳазору 504 сомониро ташкил додааст: “Аммо бо қарори президент муҳлати пардохти ин қарз то 3 сол тамдид карда шуд”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Кумитаи андоз дастур додааст, ки андозҳои ҷориро аз “Тоҷиктелеком” тибқи муқаррароти муайянкардаи Кодекси андоз ситонда ба буҷаи давлат ворид кунад.

Қарздории “Тоҷиктелеком” дар ҳолест, ки ин ширкат хизматрасонӣ ба аксари идораҳои давлатии Тоҷикистонро дар ихтиёри худ қарор додааст.
Мӯҳр
Кормандони баруманди Озодагон!

Аввал ташаккур барои инъикоси чунин як масъалаи муҳим. Сипас, шумо, ки коршиносони варзидаи соҳаи ВАО ҳастеду борҳо "қудрати қалам"-ро дар амал санҷидаед, шубҳае нест, ки хоҳиши зеринамро мефаҳмеду то қадри имкон ба инобат мегиред. Хоҳиш ҳамин аст, ки мулоҳиза кунед ба манфиати кист чунин сарлавҳаи коррупсионӣ. Ширкати "Тоҷиктелеком" зертобеи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ аст, на зертобеи раиси ин Хадамот.

Ташаккур!

Гость
Ана гул боги ба бог!

Бег Зухуров ба чои стадионсози, ки ба фаъолияти корхонааш умуман дахл надорад, андозашро биспорад.

Mumin
Ин ширкат дигар нуфузе надорад. сифати хидматрасониаш ба мардум хеле паст аст. тамоми симхо инфраструктурааш нав хам бошад фарсуда шудааст. кормандонашро зора мекуни ки корашонро ба чо оранд. хамаашон меноланд ки маошашонро бег напардохта барои сохтмонхо сарф намудаасту худашонро аз кори асосашон бекор карда дар сохтмонхову тозакорихо сафарбар. бехтар нест ки акаи бег ин корро партофта ба бизнес гузарад? бигузор раиси хирфаи сари кор ояд аз чавонхо аз онхое ки ба Точикистон дилашон месузад на аз ягон рустое е дехае ки чахонбини надошта бошад. Масалан ман агар бошам бовар кунед агар маро монанд точиктелекомро зинда гардонда бехтаринаш менамоям.

Кормандони баруманди Озодагон!

Аз Шумо хохиш дорем, ки масъалаи пардохти маоши кормадони "Точиктелеком" ва корхонахои зертобеи Хадамоти алокаро расонаи кунед. Чунки муддати 3 мох мешавад маоши мо пардохт карда ашудааст.

Беном
Мухтарам Бег Зухуров 80 дирами аз хар як симкарта ситонида мегиред хар мох мархамат андози давлатро супоред.

Огои Асомиддин фаркаш чи будааст. Хадамот ё рохбари хадамот ? Мантик нест дар пешниходатон.

Asomiddin Atoev
аклак,
Оқои Ақлак. Дар сарлавҳа калимаи "роҳбари Хадамот" нест ку. Ҳама ба мисли шумо намедонанд, ки роҳбари он кист.

Asomiddin Atoev,
)) Асомиддин, худат фахмиди ки чи гуфти? )) Ё як патхалимаж буд аз тарафат,чи? ))) мантикро мехонди мумкин мефахмиди ки гап сари чист !

Asomiddin Atoev,
Кунад хамчинс бо хамчинс парвоз..Кабутар бо кабутар гоз бо гоз.... )) Хай як "хизмат" карди да Асомиддин

Койидаи бози чунин будааст. Ширкатхои дигар андозхои сарбори месупоранду боз чарима хам мешаванд. Бег Зухуров хатто андози асосиро намесупорад, аммо хеч чиз намешавад.
Худованд алокаро аз "тири дайдуи шикорчи" панох кунаду Буг Зухур андозхоро супорад.

Dushanbe
ика сахтш нагирен месупора андоза бачаи хубай

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)