Бахшҳо
08 окт 2015 15:19Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Анҷоми сохтмони роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Панҷакент роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакентро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад.

Ба иттилои манбаи “Озодагон” қарор аст, ин сафар 24 октябри соли равон анҷом шавад. Нилуфари Карим, хабарнигори “Озодагон”, ки ахиран аз Панҷакент баргашт, мегӯяд, масири мошингарди Айнӣ-Панҷакент пурра ба итмом расида, ҳоло сохмончиён ба аломатгузории роҳ машғуланд.

Укуматшоҳ Ақсақолов, сардори Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, сохмони роҳи автомобилгарди Айнӣ-Панҷакент ноябри соли 2012 оғоз гардида, моҳи сентябри соли равон ба итмом расид: “Имрӯз, 8 октябр роҳи мазкур аз ҷониби гуруҳи кории Вазорати нақлиёт қабул гардид”.

Ба иттилои ӯ, роҳи мазкур 112,6 километр тӯл дошта, барои сохтмони он 115,3 миллион доллар масраф шудааст, ки 100 миллиони он гранти Бонки Осиёгии Рушд, 14 миллион қарзи Фонди ОПЕК ва 1,3 миллионаш саҳми Ҳукумати Тоҷикистон мебошад: “Машваратчии асосии лоиҳа ширкати “Кокс”-и Олмон ва паймонкораш ширкати “Синдзян Бейсин ЛТД”-и Чин мебошад”.
Мӯҳр
Мистер
Укуматшоҳ Ақсақолов, сардори Раёсати таълим не, балки тахлил ва дурнамои иктисоди мебошад.

роҳсоз
Нилуфар, ҷонам чаро дурӯғ мегӯӣ? Сохтмони роҳ тамом нашудааст ку...

Ин роҳи Айнӣ тамоман бесифат аст.То 3соли оянда боз роҳро тахмир мебояд.

Ризвон
Ба 115 млн. доллар нисфи роххои Точикистонро обод кардан мумкин аст. Дар хаминчр хам фасод дар чом аввал аст. Чанд нафар аз хисоби сохтмони ин рох сохи хонаю мошинхои киматбахо шуданд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)