Бахшҳо

Дар талоши ҷони Ҷонибек: Модари танҳо аз ронанда Наврӯзова ҷуброн мехоҳад (АКС)

Элзара Абдураҳмонова, модари танҳо, ки ягона писари 7 солааш 5 моҳ пеш зери чархи мошини Таманно Наврӯзова мондааст, ба додгоҳ алайҳи ронанда шикоят бурдааст.

Абдураҳмонова мегӯяд, хонаро фурӯхта, тамоми дороияшро сарфи табобати писараш кардааст. Ӯ ба додгоҳи шаҳри Хуҷанд муроҷиат карда, хостааст аз Таманно Наврӯзова, ҳамшираи шафқати таваллудхонаи ноҳияи Мастчоҳ 114 ҳазор ҷуброни зарари модию маънавӣ рӯёнда шавад. Ӯ мегӯяд, фоҷеа бо писарчаи 7 солааш моҳи майи соли равон рух дода буд ва то ҳол гунаҳкори ин қазия боре ба аёдати ҷабрдида наомадааст: “Санаи 13-ум майи соли ҷорӣ дар кӯчаи Мачинскии ноҳияи Мастчоҳ ҳангоми аз мактаб ба хона баргаштани фарзандам-Ҷонибек Абдураҳмонов, ронанда Таманно Наврӯзова, сокини 29 солаи шаҳри Хуҷанд, ки дар Мастчоҳ ба ҳайси ҳамшираи шафқат кор мекунад, бо суръати баланд автомашинаи худро ронда, Ҷонибекро зер кардааст. Дар натиҷа Ҷонибек бо осеби мағзи сар, шикасти миён, ҷароҳати вазнини ҳароммағз дар шӯъбаи эҳёгарии беморхонаи ноҳияи Мастчоҳ бистарӣ гардид. Аз ҳама муҳимаш ин аст, ки шушҳои ин тифлак осеби ҷиддӣ бардошта, бо воситаи дастгоҳи махсус то ҳол нафас мекашад. Тӯли 5 моҳе, ки фарзандам бемор буд, ҳатто як маротиба Таманно ба мо ягон кӯмак накарда, ҳатто боре ба дидорбинӣ ҳам наомадааст. Ташхис карданд, ки имкони зер кардани “тормоз” будааст, аммо ронанда беэҳтиётӣ кардааст”.

Абдураҳмонова мегӯяд, барои табобати фарзандаш бо маблағи 117 ҳазор сомонӣ хонаашро, ки дар ноҳияи Мастчоҳ буд, фурӯхтааст: “Баъд фарзандамро ба беморхонаи шаҳри Хуҷанд овардам, чун дар Мастчоҳ беҳбудӣ наёфт”.

Ин модари танҳо мегӯяд, баъди фурӯши хонааш дар ҳавлии беморхона зиндагӣ кардааст ва ахиран, ки ҳаво хунук шуд, ӯро дар яке аз утоқҳои беморхона ҷойи хоб доданд: “Дигар ҷои рафтан надорам. Падару модарам кайҳо аз олам гузаштанд, аз шавҳарам бошад дар сесолагии писарам ҷудо шуда будам”.

Ба гуфтаи модари Ҷонибек, Таманно худро гунаҳкор наҳисобида, то ҳол дар озодӣ мебошад.

Мусоҳиби мо гуфт, суди ноҳияи Мастчоҳ Таманно Наврӯзоваро ба муддати 3 сол озодӣ ва ду сол аз ҳаққи идораи мошин маҳрум кардааст, вале ба далели фарзанди хурдсол доштани маҳкумшуда иҷрои ҳукмро се сол ба таъхир андохтааст: “Таманно худ соҳиби 4 фарзанд буда, Суди ноҳияи Мастчоҳ ба хотири он, ки фарзанди хурдиаш 5 сол дорад, қарор кардааст, то 8 солагии фарзанд Таманно дар озодӣ бимонад.

Дар ҳамин ҳол Баҳринисо Абдураҳмонова, раҳбари ташкилоти ҷамъитяии “Диёр” низ ниёзди шадиди ин модари танҳоро ба кӯмак тасдиқ карда, афзуд, “мо ба Элзара кумаки худро расонидем ва табибон низ кумаки худро ба пуррагӣ расонда истодаанд”.

Мусоҳибони “Озодагон” изҳор доштанд, ки даъвои модари Ҷонибек барои рӯёндани зарари моддӣ ва маънавӣ ба Суди шаҳри Хуҷанд равона шудааст.


Дар талоши ҷони Ҷонибек: Модари танҳо аз ронанда Наврӯзова ҷуброн мехоҳад (АКС)

Дар талоши ҷони Ҷонибек: Модари танҳо аз ронанда Наврӯзова ҷуброн мехоҳад (АКС)

Дар талоши ҷони Ҷонибек: Модари танҳо аз ронанда Наврӯзова ҷуброн мехоҳад (АКС)
Мӯҳр
Шохрух Восихов
Худованд ба ин кудак шифои комилу очил дихад. Вакте ки ин кудакро расмхояшро дидам ва аз таърихаш огах шудам ашк аз чашмонам чори шуд. Ба шахсе ки ин кудакро ба ин холи зор овардааст гуфтаниям: чаро ин кудакро ба ин хол оварда расониди ва хатто боре аз холаш хабар нагирифти ? Вакте ки ягон нохалафи дигаре ба мисли ту кудаки туро ба ин хол меовард ту чи мекарди ? Магар аз Аллох наметарси ? Холо хам дер нашудааст бояд аз ин кудаки бегунах ва модари зораш узр бипурси ва дасти йори ба онхо дароз куни . Ман аз судяву судхои точикистон талаб менамоям ки ба доди ин Модару кудак бирасед ва чинояткорро харчи чазои сангин мукаррар кунед . Бояд ки чинояткорр чуброни моддиву маънавие ки ба ин Модару кудак расонидааст пардохт намояд . Озодагон чоп кун вагарна хафа мешавам


Салом Апачон!Худо Шумора сабр дихад.Ин писартона Худо шифои Комил ва Очиз насиб гардонад.

Ба ин модар сабри чамил хохонам.
Хатто баъзе аз сардухтурон мошини сабукрав надоранд, аммо ин ХАМШИРАИ ШАФКАТ мошини сабукрав дорад. Ягон "тага"-и бокувват дорад чи ? Чун на кумакпули додаасту на ба аёдати ин кудак рафтааст!? Бовари дорад ки хамааш ба нафъи худаш "хал" мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)