Варзишгарони ҷавони зери сини 16 дар шаҳри Душанбе ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ доданд. Бино ба қавли манбаъ, рӯзҳои 30 ва 31 майи соли равон бахшида ба хотираи варзишгари тоҷик Иброҳим Ҳасанов мусобиқаи кушоди ҷумҳриявӣ дар риштаи қайиқронӣ баргузор мешавад. Дар сабқати мазкур, ки дар «Кӯли ҷавонон»-и пойтахт доир мегардад, ширкати дастаҳои вилоёти Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, давлати исломии Эрон ва ҷумҳурии Қирғизистон дар назар аст.
Мӯҳр