Бахшҳо
09 окт 2015 16:54Тоҷикистон / Сиёсат

Омӯзиши генералу адмиралҳои Амрико дар Тоҷикистон

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон аз 8 то 12 октябри соли ҷорӣ генералу адмиралҳои амрикоиро дар Душанб мизбонӣ мекунад.

Тибқи иттилои сафорат генералу адмиралҳо-иштирокчиёни давраи омӯзишии “КЭПСТОУН” мебошанд, ки дар доираи таҷрибаомӯзии минтақавии саҳроиашон дар Тоҷикистон қарор доранд.

Манбаъ мегӯяд, ҳангоми сафарашон ба Тоҷикистон ҳарбиёни Амрико бо намояндагони воломақоми Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот хоҳанд кард: “Инчунин баъд аз дидани Гӯшаи амрикоӣ шунавандагони барномаи “КЭПСТОУН” бо ҳамроҳии донишҷӯёни тоҷик дар мизи муддавар зиндагию фарҳанги Амрико ва Тоҷикистонро муҳокима мекунан. Рӯзи душанбе онҳо рӯзи аввали давраи омӯзишии аз ҷониби ИМА барои Гвардияи миллӣ ва ДТММ ташкилшударо мушоҳида мекунанд. Ин омӯзишҳо, ки ба иқтидори мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар тамаркуз шудааст ва аз соли 2006 гузаронда мешаванд, фақат яке аз мисоли барномаҳои зиёди кӯмакрасон дар соҳаи амният, ки Сафорати ИМА солона мегузаронад”.

Сафорат мегӯяд, иштирокчиёни барномаи “КЭПСТОУН” барои беҳтар фаҳмидани таъриху фарҳанги беҳамтои Тоҷикистон дар осорхонаю бозорҳо, боғҳои Душанбе ва қалъаи Ҳисори асри 18 сайру гашт хоҳанд кард.

Барномаи “КЭПСТОУН” барои ҳамаи генералу адмиралҳои навтаъиншуда соли 1982 таъсис ёфта, ҳадафи омӯзиши мазкур баланд бардоштани малакаҳои банақшагирӣ ва ҷалби қувваҳои ИМА дар амалиётҳои муштарак мебошад.
Мӯҳр
Навбат ба Точикистони озод расид . Ягонаи давлата тинчи ороми чакона мехоханд ноором кунанд . ИМА як максад дорад ки хурду калон инро медонан, аввал мегарданду хамаи гирду атрофа азед мекунанд баъд максади ба чанг андохтани мардумро мо хукумат сар мекунанд, илтимос озодагон Чоп кунед то ки дигарон бидонанд чи моро интизор мешавад.

Дилу няташон бад аст, ба кадом шах,ри мусулмоннишине инх,о назар (интересават) кунанд х,атман онч,о хунрези мешавад. Худочон ин Миллатро ва Точикистони азизи моро дар панох,ат нигох, дор.

Хдо ба хайр кна такдири точикистона. Амрико да кчои 1 дирам сарф кна 1000 дирам карда мегира.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)