Бахшҳо

ВИДЕО: Вазорат омӯзгори "муштзан"-ро меҷӯяд...

Вазорати маорифи Тоҷикистон ба сохторҳои тобеаш дастур додааст, шахсияти омӯзгореро, ки шогирдашро латту кӯб кардааст, муайян намоянд. Эҳсони Хушбахт, сухангӯи Вазорат имрӯз, 12 октябр дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, дастури вазорат ба тамоми сохторҳои ин ниҳод равона шуда, таҳқиқи қазия идома дорад.

Дастури вазорат дар ҳолест, ки навори 15 сониягии латту кӯби талабаи синфҳои болоии яке аз мактабҳои Тоҷикистон аз ҷониби омӯзгор охири ҳафтаи гузашта дар шабакаи интернет баҳси шадид барангехт. Дар навор, ки зоҳиран пинҳонӣ аз ҷониби яке аз шогирдҳо дар телефони мобилӣ сабт шудааст, устод бо изҳори нороҳатӣ аз дермонии талаба бо тамоми қувва ба рӯи шогирд шаппотӣ мезанад. Сипас аз гӯшаш дошта, “падарлаънат ту ку аз отаат метарсӣ” гӯён зарбаи дигар аз пушти сари шогирд мезанад.

“Малим назанед, туалет рафтем, нарем маллим?”-мегӯяд шогирд, ки боз як зарбаи дигар мехӯрад. “Накун сарам дард мекунад”-идома дод шогирд, аммо устод боз ӯро гӯшмол карда, як зарбаи дигар мезанад.

Аксарияти корбарони интернет ин амали омӯзгорро маҳкум карда, таъкид намуданд, ки гарчанде ҷабри устод аз меҳри падар беҳ аст, ҳадду меъёр дар муносибат бо шогирд бояд нигоҳ дошта шавад. Ин навор рӯзи 9 октябр ба интернет роҳ ёфт ва феълан дақиқ нест, ки он дар кадоме аз макотиби Тоҷикистон сабт шудааст.


Мӯҳр
Мусофир
Ин холат дар тамоми сохахои ин давлати ба ном демократи мавчуд хаст.агар робари корхона боши ва ё раиси ягон нохия ба кавли худашон,худашон шоханду таъбашон вазир кайфу сафо карда мардумро мучозот карда мераванд аз мансаб то мансаби дигар

Абдуллох
Ин муалим худ бетарбия буда аст! Магар хаминхел онхо таьлим медиханд? Таълими задану дашном додан? Шармандагии

Mavzyna
Blin shto za ychitel. .nado je ..tvar kakoyta

Талабахоро зани сони дарсро гуш мекунанд.агар не баракс ба холи Муаллим механдат. Ба Муаллимон рахмат гуед,ки бо чунин мохона ночиз каме бошад хам сабак меомузонад. Ба задан хеч чиз намешавад. Дар урфият мегуянд бачаю сангча ! Дар хамин замон талабахо бенихоят бетартибанд.

АССАЛАМУ АЛЕЙКУМ ВА РАХМАТУЛЛОХИ ВА БАРАКАТУХУ !БИСЁР ИН ЧИЗИ АЛАМ ОВАР АСТ АСЛАН ИН МУАЛЛИМ ХУДАШ БЕ ТАРБИЯ ХАСТ ХОЗИР АГАР ЯК БОР КОВЕМ БАРОЕМ ХАМИН ПИСАРИ ЗАДАГИ БЕЧОРАЙ МУМКИН ХАМУ МУАЛЛИМ БАЧАХОИ БОЙХОРА ЭХТИРОМ МЕКУНАД ВА НАМЕЗАНАД ЧИБА БАРОИ КИ АЗ ВАЁ ФОЙДА ХАСТ АЗ КАМБАҒАЛ ФОЙДА НЕСТ ХАЙ ХАМАШ ДАР НАЗДИ АЛЛОХ ЧАВОБ МЕГУЯНД ДАР РУЗИ ҚИЁМАТ ЯЪНЕ ЧИ ХЕЛ КИ АЛЛОХ ДАР ҚУРОН МЕГУЯД КИ(ОНХОРО МАНЪ КУНЕД ВАЁ МАСУЛ ХАСТАНД)

Лаънати худо бар чунин омузгорони бефархвнгу беадаб
Бубинем макомот чазои сазовор медиханд е мегуянд инам аз хизби нахзати ислом будааст?

охх ак инхел муаллим дар даврони мактабии мо мешуд ки бо бачахо маслихат карда бад аз дарс бурда нагзакак зиёраташ мекардем,сад хай ки мо бо чунин устодон дарс надоштем...

садам
хеч кас тарафдори задани талаба нест. лекин хамин касоне ки муаллимонро ин чо лаънат мегуянд худо кунад ки акаллан як хафта бо талабагони имруза дарс гуянд. ба фикрам дигар пои муаллимро хоханд бусид. инхо худашон шояд як бор хам рузномаи фарзандонашонро дидаги нестанд ё мактаби онхоро хатто намедонанд ки дар кучо хаст. акаллан дар назди бинохои худ дидаанд ки кудакони имруза чи гуна гапу гузор мекунанд. факат муаллим айбдор дар ин чамъият.

Мехрубон
Рафикон, пеш аз он ки ба суйи муаллим санги маломат партоб кунем, як сония фикр кунем, ки чи чизе ва чи рафторе аз ин донишомуз, муаллимро то ин хад асаби кардааст. Мо факат 15 сонияи ин ходисаро дидем, хабар надорем, ки пештар чи шудааст. Ин мард хам магзи хар нахурдааст, ки бо як бор дер омадан ё андак рафтори ночои донишомуз то ин хад аксуламал нишон дихад. Аз оханги чавобхое, ки ин талаба медихад то хадде шояд шавад муайян карда, ки у хам МУСИЧАИ УВОЛАК нест... Бо ин гуфтахоям, рафтори муаллимро тамчид кардани нестам, шояд рохи бехтаре ва нармтаре барои "мулоим" кардани ИН ТАЛАБА вучуд дошт, аммо...


Мухочир
Мухочир,
хамин ту баринхо мактаби кухнаро танкид карда мегуфтед ки бо химча мезананд ... О хутон гузарондед ку ... дар сари бача ки задед майнаш бечо шавад вай подабони бобот мешавад? Муаллим ки маошаш кам бошад Россия равад .... Хукумати ,,гамхор,, бо Россия шартнома дорад саффи мухочирон зиёд мешавад...

точир
э сад фойз айби талабаяи. и талабахой хозира бачой дарс телфонбози мекн да дарс.

Шогирд
Мусофир,
Хама муаллимро сарзаниш карданд. Ман тарафи муаллим. Ин бечора муаллим ночор монадаст. Рохи дигар наефтаст, чаро ки Рохи дигар надорад Ин устод. Пас за ин навор гуе чашми хама мардум кур шуд ва намебинанд ин чаевонхои бетарбияро дар куча. Хар касе даъво дорад як бор акваланг як соат дар любой Мактаби шахр бравада рафтори ин бетарбия талабахоро бинад, хазор бор офарини муаллим мегуед баъд....

Ном.
охи меген рахмат гуен,ки ба маоши ночиз кор мекнан.маошат камай махкул нест кор накн. ягон фарзанд ягон инсон бесохиб нест.барои як шапалок сад шапалок чавоб метм ба хамихел омузгоре,бо фарзанди ман чунин холат кунад.....

С одной стороны этот средневековый метод не характерен 21 веке, но с другой стороны. мы привыкли таким образом вести педагогическую деятельность, у нас уважают силу, в школьные времена мы больше уважали тех учителей которые были суровыми, непослушались мягких учителей. Так что, это не новое !

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)