Бахшҳо
10 окт 2015 12:28Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Тоҷикистон лӯлаи газ ба Чинро аз боҷу андоз озод кард

Ҳукумати Тоҷикистон воридоти таҷҳизот барои бунёди қисмати тоҷикистонии лӯлаи гази Туркманистон-Чинро аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон охири сентябри соли равон бо имзои як қарор ба Хадамоти гумрук дастур додааст, ки тамоми расмиёт барои воридоти техникаю таҷҳизотро саривақт анҷом диҳад.

Сохтмони қисмати тоҷикистонии лӯла моҳи сентябри соли гузашта дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои чинияш Си Ҷинпин оғоз шуда буд, ки дарозии он беш аз 400 километрро ташкил дода, дар назар аст, ки то охири соли 2016 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Қаблан Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки татбиқи ин лоиҳа боиси ҷалби беш аз 3 миллиард доллари амрикоӣ сармояи мустақими Чин ба иқтисоди Тоҷикистон мегардад ва садҳо нафар бо ҷои кор таъмин мешаванд.

Идораи қисмати тоҷикистонии лӯлаи гази Туркманистон-Чинро ширкати муштараки “Trans-Tajik Gas Pipeline Company Limited” ба уҳда дорад, ки Шамсиддинзода Саидмуҳаммад ва Бобоев Бахтиёр Сафарович – директорони ҷониби Тоҷикистон дар Шӯрои директорони ширкати мазкур мебошанд. Гул Шералӣ, собиқ вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон дар ин ширкат ба ҳайси мушовир кор мекунад.
Мӯҳр
Хамаро озод аз андоз кунанд ки бучаро Гани мекунад

И чигапай харуз мефахмем хукумат чинро аз андоз озод кард. Корхонахои чини аз андоз озод 15хазор гектар замина ба муддати 40сол ба чинихо дода аз андоз озод кардааст. Инчо магар хитоистон аст? Бахудо падарам як гектар замин дорад аз кумитаи андозу замину намедонам каврубало безорамон кардаанд харруз пулсупори. Аммо чинихо озод касе корнадорад. Магар хамин шароитро ба дехкони точик дихи намешавад? Аз гуломию дарбадари халос шаванд? БаХудо касам барои як гектар замин онкадар пул мекананду саргардонатмекунанд ки заминхам шумат мешаваду дехконихам. Аммо чинихо 15хазор гуктар замини обиро бе андоз истифода бурдаистодаанд. Магар хамин аст ватандустию миллатдусти? Чаро бояд дарватани мо афзалият ба чинихо додашавад? Дехкони точик аз ухдаи тамоми кор мебарояд аммо хукуматдорон дехконои худиро чашми дидан надоранд. Анти точик гуфтан мумкин ин хукумати моро илтимос чопкунед

Ватандуст
точир,
хитойҷони ҷонона ту .... бошиву ма ....!!!

МD
Дустон, кабл аз ин ки ба эхсосот дода шавед, шархи КОМИЛИ матнро бо ДИККАТ ХОНЕД!!! Зеро Точикистон ВОРИДОТИ тачхизоти барои СОХТАНИ ин лулаи газ зарур бударо, аз бочу андоз озод кардааст, яъне "растаможка"-аш бепул аст. Ин икдом барои хеле аз чизхои дигар хам хаст. Масалан дилхох одам агар хохад, ки дар Точикистон корхона бисозад, тачхизотхои ВОРИДОТИИ ин корхона аз бочу андоз озод аст. Ё ин ки тамоми чизхои ВОРИДОТИЕ, ки барои сохтони Рогун аст, аз бочу андоз озод аст ва гайра...

P.S.: Рузноманигор тавре САРЛАВХА ва ё УНВОН мегузорад, ки таваччухи хонандаро ба худ чалб кунад!!!

Ин чо ягон муаммо нест. Хукумати Точикистон аз Чин карздор аст. Аз касе карздори назди вай забонкутохи. Ин конуни хаёт аст. Холи хукумати мо бисёр "кахрамонихо" мекунад...

Kukushka
Agar in khel boshad, hamaro az nalogu andozi izofi baroi voridot ozod kuned. Khitoiro medihed, kazoku eronivu turkhoro charo sabuki namediheton?

Сарфароз
точир,
Бародар аз хукумат малол нашавед, чунки хукумати мо аз хукумати Чин карздор аст ба хамин хотир у мачбур аст, ки чинихоя аз андоз озод кунад, ки онхо хам шояд ягон кисми карзхошона бахшанд.

Чи тавр аз лулае, ки аз Туркманистон ва аз тарики Узбакистону Точикистону Киргизистон ба Чин газ мунтакил мекунад, Точикистон 3 млрд. сармоягузори чалб мекунад? Ки ин матлабро шарх медихад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)