Майдонӣ: Ба интиқоли об аз Тоҷикистон ба Эрон хушбин нестам
Раҳим Майдонӣ, муовини вазири нерӯ дар умури оби Эрон гуфтааст, ба интиқоли об аз Тоҷикистон ба кишвараш хушбин нест.
Ӯ дар суҳбат бо хабаргузории “ИСНО” гуфта, “ин мавзӯъ дар ҳоли мутолеа ва баррасӣ аст ва то замоне, ки мутолеот ба поён нарасад, наметавон изҳори назари қотеъ дар ин замина дошт”.
Ин мақоми эронӣ таъкид кардааст, ки ин мутолеот ҳадди аққал ду сол тӯл мекашад. “Ман нисбат ба иҷро шудани ин тарҳ хушбин нестам, аммо бояд мутолеот то интиҳо пеш биравад”,-таъкид намудааст Раҳим Майдонӣ.
Ин дар ҳолест, ки Муҳаммадризо Муҳсинии Сонӣ, раиси маҷмаи намояндагони Хуросони Разавии Эрон соли сипаришуда гуфта буд, тарҳеро дар мавриди интиқоли об аз Тоҷикистон ба ин минтақаи кишвараш баррасӣ доранд. Дар суҳбат бо хабаргузории “Форс” изҳор дошта, “хушксолиҳои ахир дар минтақаи Хуросон сабаби ба шиддат аз байн рафтани манобеи обӣ шуда, ҳоло барои таъмини сокинон бо об тарҳе ироа шудааст, ки бар асоси он метавонем, аз манобеи бойи обии Тоҷикистон баҳра барем”.
Ба гуфтаи оқои Сонӣ, ҳоло баррасии лоиҳаи интиқоли оби Тоҷикистон то ба Эрон анҷом шуда ва пудратчиёни моҳир низ ҷалб шудаанд: "Дар ҳоли ҳозир дар марҳалаи танзими қарордод бо пудратчиён ҳастем, то онҳо бар асоси мутолеоти анҷомшуда битавонанд аз ҳар роҳе, ки камхарҷ ҳаст, ин лоиҳаро иҷро кунанд ва обро аз Тоҷикистон ба минтақаи Хуросони Разавӣ ва шарқи кишвар расонанд".
Соли 2012 як намояндаи Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон низ хостори ҳар чи зудтар амалӣ шудани тарҳи интиқоли об аз Тоҷикистон ба Эрон шуда буд. Ҷаноби Камолиён, намояндаи Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон бо ишора ба ҳимояти давлат ва маҷлиси Эрон аз тарҳи интиқоли об аз Тоҷикистон ва содироти нафт ва гази Эрон ба ин кишвар, ин иқдомро қадами муҳиме дар тавсеаи муносиботи ин ду кишвари дӯст ва ҳамзабону ҳамфарҳанг унвон карда, мувофиқати маҷлисҳо ва давлатҳои Тоҷикистон ва Эрон барои сохти ҳарчи зудтари хатҳои интиқоли обу энержӣ ва роҳи оҳани миёни ин ду кишвар аз тариқи қаламрави шимолии Афғонистонро иқдоми бисёр муҳим дар роҳи барқарории субот ва амният дар Афғонистон арзёбӣ карда буд. Аз нигоҳи Камолиён захираҳои саршори нафту газ дар Эрон ва манобеи фаровони об дар Тоҷикистон дар сурати сохти таъсисоти зербиноӣ ва мубодилаи обу энержӣ миёни ин ду кишвар метавонад сабаби ҳамгароии бештари минтақаӣ гардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |