Бахшҳо

Иззат Амон: Барои дастгир намудани “наҳангҳо”-и бузург имкон ва хоҳиши сиёсӣ лозим аст

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо пахши як гузориш дар бораи фасодкориҳои масъулини давлат, таъкид кард, ин зуҳурот боиси ноумедӣ ва коҳиши боварии ҷомеа ба мақомот мешавад. Дар ин робита “Озодагон” аз коршиносон пурсид: ПАС АЗ ИН БА “ШАСТ”-И ОҶОНСӢ “НАҲАНГҲО” НИЗ МЕАФТАНД ВА Ё БА БОЗДОШТИ "МОҲИЧАҲО” ИКТИФО МЕКУНАД?


Абдуманнон ШЕРАЛИЕВ, коршинос

На, бовар надорам. Системаи ҳукумат дар Тоҷикистон ба навъе шакл гирифтааст, ки ин кор ғайриимкон аст. Аслан барои он ки шикор шикор бошад, лозим аст шикорчӣ ва шикоршаванда аз ҷинси дигар бошанд. Ҳамон “моҳичаҳо”- и боздоштшуда ҳам чанде пас “наҳанг”-и бузургтар шуда, аз куҷои дигаре сар мезананд. Даҳ сол аст, ки ҳар вақте “наҳангчае” боздошт шуд, сару садоҳо баланд мешаванд, ки мана, сар шуд. На, сар нашудааст ва намешавад.

Алим ШЕРЗАМОНОВ, раиси бахши Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар Бадахшон

Ба боварии комил метавон гуфт, ки дар кишваре, ки дар он мақомоти судии мустақил, васоити ахбори оммаи муассир ва ҷомеаи шаҳрвандии фаъол вуҷуд надошта бошад ва ё дар сатҳи паст қарор дошта бошанд, ягон ниҳоде бо ин падида, агар хоҳад ҳам муборизаи пурсамареро бурда наметавонад. Таҷрибаи таърих нишон медиҳад, ки дар давлатҳое ҳукуматҳояш аз тамоми воситаҳои қонунӣ на он қадар истифода мекунанд, то давраи ҳокимияташонро тамдид кунанд, дар чунин сурат зуҳури ин се чизе, ки дар боло гуфтем, ғайриимкон хоҳад буд. Дар чунин давлатҳо гоҳу ногоҳ фошкуниҳои пурсарусадои коррупсиониро шоҳид хоњем шуд, ки он ҳам аз як тараф барои воҳимаандозӣ дар миёни зердастон ва оромсозии ҷомеа аз тарафи дигар сурат мегираду халос.

Иззат АМОН, раиси Созмони ҷавонони Тоҷикистон дар Русия

Гумон накунам Оҷонсӣ имкони боздошти “ наҳангҳо”- и бузургро дошта бошад. Зеро барои дастгир намудани “наҳангҳо”- и бузург имкон ва хоҳиши сиёсӣ лозим аст, ки чунин иродаро дар кишвар касе надорад.

Ойниҳол БОБОНАЗАРОВА, ҳуқуқшинос

Боварӣ надорам. Танҳо шиорпартоӣ аст. Бубинед, Қиргизистон кариб ҳар моҳ мансабдорони баландпояро ба маҳбас мекашанд. Дирӯз дар бораи парвандаи ҷиноии вазири дифои Кирғизистон хабар доданд. Инро мегӯянд мубориза зидди фасод.

Талабшоҳ САЛОМ, рӯзноманигор

Таҷрибаи зиндагӣ нишон дода, ки "наҳанг"-ҳо ҳамеша "тӯр" ё "шаст"-ро баркандаанд. Дар чунин ҳол, онҳое "қурбон"-и "шикорчиён" хоҳанд шуд, ки дар "баҳр"-и ришва "шиноварӣ"-ро хуб наомӯхтаанд ё "заврақи шикаста" доранд, вагарна ҳамарӯза шоҳиди боздошти "наҳанг"-ҳое хоҳем буд, ки бурзургтар аз "Наҳанг"-и ҷумҳурӣ"-и тасвиркардаи Бахтиёр Муртазоев дар даҳсолаи ахири қарни гузашта мебошанд. Бар мабнои он иттилооте, ки дар ростои фаъолияти Оҷонсии зидди фасоди кишвар пахш мешаванд, метавон хулоса баровард, ки "дастовардҳо"-и ин ниҳод ҳама бар асоси "шикоят"-ҳо будаанд, на дар асоси омӯзишу таҳқиқ. Агар оҷонсӣ бидуни он ки касе ба ин ниҳод шикоят бубарад, ба таҳқиқу таҳлил даромад ва амлоки мансабдорон пардозад, албатта, сатҳи ришвахорӣ поин меравад, вале мутассифона, чунин нест, зеро ба бовари масъулин, он ҳама хонаҳои боҳашамату мошинҳои гаронбаҳоро ба кормандони мақомоти болоӣ хешовандону фарзандон, падару модаронашон "туҳфа" кардаанд.

Баҳодури ШАМСУЛЛО, муҳоҷри меҳнатӣ

Мо баъзан вақт мехонем дар сайтҳои интернетӣ, ки мақомот фалон раиси ҷамоатро барои заминфурушӣ боздошт кардааст, лекин ягон бор ростӣ надидаем, ки ягон раиси ноҳияро барои даст доштан дар корҳои коррупсионӣ дастгир карда бошанд. Мумкин дастгир карда бошанд, лекин то имрӯза ростӣ нашунидаем. Агар хоҳанд албатта ҳар нафареро, ки ҷиняот мекунад хоҳ мансабдори калон аст, хоҳ ягон корманди қаторӣ дастгираш мекунанд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)