Бахшҳо
19 окт 2015 10:55Тоҷикистон / Сиёсат

Муроҷиати дубораи волидони Бузургмеҳр ба Эмомалӣ Раҳмон

Волидони Бузургмеҳр Ёров, вакили боздоштшудаи тоҷик аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар хоҳиш кардаанд, барои барқарор шудани адолат ба қазияи писарашон дахолат намояд.

Равшани Ёрмуҳаммад ва Ҳуринисо Исҳоқова, падар ва модари Бузургмеҳр Ёров дар номае унвонии раисиҷумҳур хостори расидагӣ ба қазияи боздошт ва ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи фарзандашон шудаанд. Ин номаи дуюми падари Бузургмеҳр ба Эмомалӣ Раҳмон аст. Дар гузашта ӯ аз президент хоҳиш карда буд, кофтукоби бӯстонсарояш аз сӯи кормандони пулисро баррасӣ намояд. Он вақт оқои Ёрмуҳаммад навишта буд, дуюми октябр 7 корманди Вазорати корҳои дохилӣ ба бӯстонсарояш омадаву бидуни пешниҳоди ҳуҷҷати лозим онро кофтукоб ва “паспорти техникӣ”-ро бо худ бурдаанд. Ӯ ба бустонсарояш бе иҷозати мақомоти болоӣ даромада ва ҳуҷҷати онро бо худ бурдани кормандони ВКД-ро ҳуқуқвайронкунӣ ва ба худаш таҳқир шумурда буд.

Дар номаи такрории худ, падари Бузургмеҳр навишта, “ман Равшани Ёрмуҳаммад ба Шумо, ҳамчун кафили ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар Тоҷикистон як ҳафта пештар бо ариза муроҷиат намуда будам. Ба умеди он ки Шумо хизматҳои маро дар назди Тоҷикистон ба назар мегиред ва дар қазияи писарамон Бузургмеҳр дахолат мекунед, то ин ки адолат дар ин кор барқарор шавад. Вале то ин ҳол ягон мактуб, занги телефонӣ ё ин ки ягон амал аз тарафи Шумо барои ҷавоб додан ба аризаи ман ба унвонии мо наомадааст. Аз ин рӯ ман маҷбур шудам, ки барои ба Шумо як бори дигар расонидани ҳақиқати кор муроҷиат намоям”.

Дар нома таъкид шудааст, ки Бузургмеҳр аз рӯйи қонун амал карда, чун адвокат одамонро ҳимоя кардааст, на ҳизбро: “Конститутсияи Тоҷикистон ба ҳар як шаҳрванд ҳуқуқи ҳимояи судӣ ва гирифтани адвокатро додааст. Писари мо, ҳамчун адвокат, ҳамин нуктаи қонунро ба назар гирифта ба ҳимояи аъзоёни Ҳизби наҳзати ислом шурӯъ кард. Ӯ шахсони мушшахасро ҳимоя мекард, на ин ки ҳизбро. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ чунин равиш рафта истодааст, ки агар адвокат “терорристро” ҳимоя кунад, пас ӯ худ “террорист” аст. Пас чи тавр бояд дуздон ва одамкушон, қаллобон ва таҷовузкоронро ҳимоят бояд кард? Ин равия тамоман нодуруст ва ғайриқонунӣ мебошад”.

Ба иддаои волидони адвокати боздоштшуда, дар ВАО як раванди беобрӯ кардани писарашон идома дорад: “Дар тамоми воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ мунтазам сиёсати паст кардани обурӯи корӣ ва шахсияти писарамон Бузургмеҳр рафта истодааст. Магар ин қонунӣ аст. Ҳоло ҳукми суд ба қувваи қонунӣ баромадагӣ нест, ки писарамонро ҷинояткор эътироф карда бошанд. Вале дар телевизион ва радио ҳар рӯз дар бораи ин сухан меравад, ки гӯё писари мо қаллоб будаасту даъват ба аҳоли карда истодаанд, ки мардум нисбати ӯ аризаҳои даъвогӣ нависанд. Эҳтимолияти бегуноҳи куҷо шуд? Ё ин ки ин эҳтимолият дар мисоли парвандаи Бузургмеҳр кор намекунад? Савол ба миён меояд, чаро? Барои чӣ Прокуратура ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ин ҳолатҳоро дида ягон вокуниш нишон намедиҳанд?”

Дар нома суол гузошта шудааст, ки агар Бузургмеҳр қаллоб буд, пас чаро тафтишот имкони барқарор кардани зарари расонидашуда ба ҷабрдидагонро намедиҳад?: “Барои чӣ бе ягон асоси қонуни ва иҷозати судӣ омада, хонаҳои моро аз назар гузаронида ҳуҷҷатҳои онро гирифта, гӯё ба ташхис мебаранд. Ҳол он, ки ин манзилҳоро мо солҳои дароз пеш аз ба фаъолияти адвокати шуруъ кардани Бузургмеҳр харидорӣ карда будем. Ва онҳо моликияти мо мебошанд. Барои чӣ ба мо имконияти он дода намешавад, ки мо ин манзилҳоро агар зарур бошад фурӯшему “зарар”-и расонидаро ба “ҷабрдидагон” талофӣ намоем? Хулосааш аниқ аст барои он, ки ба мо имконияти барқарор кардани “зарар” дода нашавад. Ва он гоҳ, ҳангоми барқарор накардани “зарар” ба тафтишот имконияти “қонунии” ҷазо додани писарамон дар намуди маҳрум кардан аз озодӣ дода шавад. Ва ҳамин тариқ даҳони Бузургмеҳр, ки ҳамеша ҳақиқатро мегуфт ва ба муқобили ноадолатии судӣ ва ҷамъиятӣ баромад мекард, пӯшида шавад”.

Равшани Ёрмуҳаммад ва Ҳуринисо Исҳоқова дар поёни номаи худ ба раисиҷумҳури кишвар навиштаанд: “Дили мо волидайни Бузургмеҳр Ёров ба ин ноадолатӣ тоқат накарда, як маротибаи дигар ба Шумо муроҷиат мекунем, ки ба ин қазия дахолат кунед, таъсири худро расонед, то ин ки адолати судӣ, агар он дар Тоҷикистон бошад, барқарор шавад”.

29 сентябр Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ифтитоҳи парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи Бузургмеҳр Ёров хабар дод. Ин ниҳод Ёровро дар қаллобӣ ва истифодаи талони тақаллубии муоинаи техникӣ муттаҳам мекунад. Боздошти Бузургмеҳр Ёров дар пайи таъсиси Кумитаи ҳимоят аз аъзои боздоштшудаи ҲНИТ сурат гирифт. Ба дунбол Додгоҳи олӣ фаъолияти ҲНИТ-ро дар қаламрави кишвар мамнуъ эълон кард.
Мӯҳр
аз Азал гуфтаанд, ки: "Бози накун бо арбоб, ки мезаната ба хар боб"

Насими
Мухтарам Ёров шумо сокин бошед Чаноби Оли одами одиланд бубинед баъди чанд рузе кормандон бе гунох будани писари шуморо исбот карда уро озод мекунанд.....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)